YouVersion Logo
Search Icon

1 Юҳанно 2

2
1-2 Эй фарзандони азизам, ин суханонро ман барои он ба шумо менависам, то ки гуноҳ накунед. Вале вақте касе гуноҳ кунад, мо Исои Масеҳи беайбро дорем, ки ҳоло дар пеши Падари Осмонӣ моро тарафдорӣ мекунад. Ӯ барои ором кардани ғазаби Худо ва бахшида шудани гуноҳҳои мо ва на фақат барои гуноҳҳои мо, балки барои гуноҳҳои тамоми ҷаҳон ҷони Худро фидо кардааст.
3Агар мо ба фармонҳои Худо итоат кунем, он гоҳ мефаҳмем, ки Ӯро ба ростӣ шинохтаем. 4Ҳар касе, ки «ман Худоро шинохтаам» мегӯяду фармонҳои Ӯро иҷро намекунад, дурӯғгӯй аст ва ростӣ дар вуҷудаш нест. 5Мо фақат ҳамон вақт Худоро ҳақиқатан дӯст медорем, ки фармонҳояшро иҷро кунем. Он гоҳ медонем, ки аз они Худо ҳастем. 6Вақте касе мегӯяд, ки ӯ бо Худо аст, бояд ҳамон тавре амал кунад, ки Исо амал мекард.
7Азизонам, ман ба шумо фармони нав наменависам, балки фармони қадимаеро менависам, ки шумо аз аввал доштед. Фармони қадима ҳамон пайғомест, ки шумо шунидаед. 8Ба ҳар ҳол, ман ба шумо фармони навро менависам, ки ҳақиқат будани он дар Масеҳ ва шумо намоён шудааст, чунки торикӣ аз байн рафта истодааст ва равшании аслӣ аллакай медурахшад. 9Ҳар касе, ки «ман дар равшанӣ ҳастам» мегӯяду бародар ё хоҳареро бад мебинад, ҳанӯз дар торикӣ мебошад. 10Лекин ҳар касе, ки бародару хоҳарро дӯст медорад, дар равшанӣ зиндагӣ мекунад ва дар вай чизе нест, ки сабаби пешпо хӯрданаш шавад. 11Аммо касе, ки ба як бародар ё хоҳаре нафрат дорад, дар торикист. Вай бо роҳи торикӣ равона асту роҳи мерафтаашро намедонад, чунки торикӣ чашмонашро кӯр сохтааст.
12Эй фарзандон, ман ба шумо менависам, чунки гуноҳҳои шумо аз барои Масеҳ бахшида шудаанд.
13Эй падарон, ман ба шумо менависам, чунки шумо Ҳамонеро, ки аз ибтидост, мешиносед.
Эй ҷавонон, ман ба шумо менависам, чунки шумо шайтонро мағлуб кардаед.
Эй фарзандон, ман ба шумо менависам, чунки шумо Падарро мешиносед.
14Эй падарон, ман ба шумо менависам, чунки шумо Ҳамонеро, ки аз ибтидо вуҷуд дорад, мешиносед.
Эй ҷавонон, ман ба шумо менависам, чунки шумо боқувват ҳастед ва каломи Худо дар шумо ҳамеша натиҷабахш аст, инчунин шумо бар шайтон ғолиб баромадаед.
Ба дунё дил набастан
15Ба ин дунё ва ба ҳар он чи, ки дар он аст, дил набандед. Касе, ки ба ин дунё дил мебандад, муҳаббати Худо дар вай нест. 16Чунки ҳар чизе, ки дар ин дунё ҳаст, яъне ҳавасҳои нафсонӣ, чашмгуруснагӣ ва бо молу мулк калонгирӣ кардан, ҳамаи ин на аз ҷониби Падари Осмонӣ, балки аз ин дунё мебошад. 17Ин дунё бо ҳавасҳояш гузарон аст, аммо онҳое, ки хости Худоро иҷро мекунанд, то абад зинда мемонанд.
Огоҳӣ аз душмани Масеҳ
18Эй фарзандон, ин замони охир аст ва чӣ тавре ки шумо дар бораи омадани душмани Масеҳ шунида будед, ҳоло чунин душманон зиёд баромадаанд. Аз ҳамин ҳам мефаҳмем, ки ин замони охир аст. 19Гарчанде ки ин шахсон аз байни мо баромада бошанд ҳам, онҳо аъзои мо набуданд, чунки агар аъзои мо мебуданд, ҳамроҳи мо мемонданд. Вале вақте аз мо ҷудо шуданд, маълум карданд, ки ҳеҷ якеашон аъзои мо набуданд. 20Бар шумо бошад, Масеҳ Рӯҳи Худоро рехтааст, бинобар ин ҳамаи шумо чӣ будани ростиро медонед. 21Инак, ман ба шумо на барои он менависам, ки шумо ростиро намедонед, балки барои он менависам, ки шумо ростиро медонед ва ҳамчунон огоҳ ҳастед, ки аз ростӣ ҳеҷ дурӯғ барнамеояд. 22Дурӯғгӯй кист? Магар он касе нест, ки Таъйиншудаи Худо будани Исоро инкор мекунад? Ин дурӯғгӯй ҳамон душмани Масеҳ аст, ки ҳам Падар ва ҳам Писарро рад мекунад. 23Ҳар кӣ Писарро рад кунад, бо Падар буда наметавонад ва ҳар кӣ Писарро қабул кунад, Падарро ҳам қабул мекунад. 24Бигзор пайғоми аз аввал шунидаатон дар шумо бимонад. Зеро агар пайғоми аз аввал шунидаатон дар дилҳои шумо монад, он гоҳ шумо дар муносибати Падару Писар мемонед. 25Ана ваъдаи Масеҳ низ, ки ба мо додааст, ҳаёти абадӣ аст. 26Ҳамаи ин суханонро ман оид ба касоне навиштаам, ки шуморо аз роҳ заданӣ ҳастанд. 27Шумо бошед, Рӯҳеро доред, ки Ӯ ба шумо додааст ва ин Рӯҳ дар шумо сокин мебошад, бинобар ин эҳтиёҷ надоред, ки каси дигар шуморо ёд диҳад. Худи ҳамин Рӯҳ дар бораи ҳама чиз ёд медиҳад ва таълимоти Ӯ дурӯғ нест, балки рост аст. Пас ҳамон тавре ки Ӯ шуморо таълим додааст, бо Масеҳ монед.
Фарзандони Худо
28Ҳоло бошад, фарзандони азизам, бо Масеҳ муносибати худро давом диҳед, то ки дар вақти баргаштан ва зоҳир шуданаш дар пеши Ӯ сари худро хамшуда ҳис накунем, балки боҷуръат бошем. 29Мо медонем, ки Масеҳ дурусткор аст. Бино бар ин, медонем, ки ҳар кӣ корҳои дуруст мекунад, таваллуди нав аз Худо гирифтааст.

Currently Selected:

1 Юҳанно 2: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in