YouVersion Logo
Search Icon

1 Юҳанно 1

1
Шаҳодат дар бораи Каломи ҳаёт
1Мо ба шумо дар бораи Каломи ҳаёт эълон мекунем, ки Ӯ аз ибтидо буд. Мо Ӯро шунидему бо чашмони худ дидем, инчунин ба Ӯ нигоҳ кардему ба Ӯ даст расондем. 2Ин ҳаёт намоён шуд. Мо Ӯро дидем ва ба шумо дар борааш шаҳодат медиҳем. Мо дар бораи ин ҳаёти абадӣ хабар медиҳем, ки Ӯ бо Падари Осмонӣ буд ва ба мо намоён шуд. 3Мо ба шумо дидаву шунидаамонро эълон мекунем, то шумо низ шарики муносибатҳои мо шавед, ки ин муносибат аслан бо Падари Осмонӣ ва Писари Ӯ, Исои Масеҳ аст. 4Ин суханонро барои он менависем, ки шодии мо пурра гардад.
Бо роҳи равшанӣ рафтан
5Ана ин пайғом, ки мо аз Масеҳ шунидем ва ба шумо эълон мекунем: «Худо нур аст ва дар Ӯ ҳеҷ торикие вуҷуд надорад». 6Пас агар гӯем, ки бо Худо муносибат дорем, аммо бо роҳи торикӣ равем, он гоҳ мо дурӯғгӯй ҳастем ва дар ростӣ зиндагӣ намекунем. 7Аммо агар мо дар равшанӣ роҳ равем, ҳамон тавре ки Худо дар равшанӣ аст, пас бо якдигар муносибат дорем ва он гоҳ хуни Писари Ӯ, Исо моро аз ҳар гуноҳ пок мекунад. 8Лекин агар гӯем, ки мо гуноҳкор нестем, худро фиреб медиҳем ва нишон медиҳем, ки дар вуҷудамон ростӣ нест. 9Вале агар ба гуноҳҳои худ иқрор шавем, он гоҳ Худо, ки бовафо ва одил аст, гуноҳҳои моро мебахшад ва аз ҳар нодурустӣ моро пок месозад. 10Агар гӯем, ки ҳеҷ гуноҳ накардаем, Худоро дурӯғгӯй мекунем ва нишон медиҳем, ки каломи Ӯ дар мо нест.

Currently Selected:

1 Юҳанно 1: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in