YouVersion Logo
Search Icon

1 Қӯринтиён* 9

9
Павлус ҳаққи худро талаб намекунад
1Шумо медонед, ки ман ҳамчун марди озод ҳаққу ҳуқуқ дораму фиристодаи Исои Масеҳ таъйин шудаам. Ман Худованд Исоро бо чашмони худ дидаам. Натиҷаи меҳнати ман буд, ки шумо ба Худованд имон овардед. 2Шояд дигарон маро фиристодаи Масеҳ ҳисоб накунанд, лекин ман барои шумо фиристода ҳастам! Имон оварданатон аниқ нишон медиҳад, ки ман фиристода ҳастам.
3Ин аст ҷавоби ман ба онҳое, ки маро танқид мекунанд. 4Мо ҳамчун фиристодагони Масеҳ ҳақ дорем, ки аз ҳисоби ҷамоати имондорон зиндагӣ кунем. 5Мо низ ба монанди Петрус ва дигар фиристодагону бародарони Худованд ҳақ дорем, ки зани имондор гирифта, ҳамроҳамон ба сафар барем. 6Ё фақат ману Барнаббо бояд барои нони хӯрданӣ кор кунем?
7Кадом сарбоз аз ҳисоби худаш хизмат мекунад? Кадом деҳқон ток шинонда, ангурашро намехӯрад? Ё кадом подабонро дидед, ки аз шири рамааш намехӯрда бошад?! 8Ин суханон на фақат аз нуқтаи назари одамист, балки шариат низ онро тасдиқ мекунад, 9зеро дар шариати Мусо чунин навишта шудааст: «Вақте ки барзагов хирманро мекӯбад, даҳонашро набанд».#9:9 Такрори Шариат 25:4 Магар Худо танҳо дар бораи барзагов ғамхорӣ мекунад? 10Албатта не, Ӯ дар бораи мо гап мезанад. Ин суханон дар навиштаҷот барои он омадааст, ки ҳам касе, ки шудгор мекунаду ҳам касе, ки хирман мекӯбад, барои гирифтани ҳиссаи худ аз ҳосил умед доранд.
11Мо ба шумо хушхабарро расонда, дар байнатон тухми рӯҳонӣ коштем. Оё ҳақ надорем, ки аз шумо ҳосил, яъне кӯмаки модӣ гирем? 12Агар дигарон ба ёрии шумо ҳақ дошта бошанд, пас мо нисбат ба онҳо бисёртар ҳақ дорем! Лекин мо ин ҳаққамонро истифода набурдаем. Баръакс, ба ҳама чиз тоқат мекунем, то ки ба паҳн шудани хушхабари Масеҳ халал нарасонем.
13Магар намедонед, онҳое, ки дар маъбади Худо хизмат мекунанд, аз он ҷо хӯрок мехӯранд ва онҳое ки дар назди қурбонгоҳ хизмат мекунанд, ҳаққи худро аз қурбониҳо мегиранд? 14Инчунин Худованд фармудааст, онҳое, ки хушхабарро эълон мекунанд, бо ҳамин роҳ зиндагиашонро таъмин мекунанд. 15Вале ман ягон бор аз ин ҳаққи худ истифода набурдаам ва ин мактубро ҳам на барои он менависам, ки аз шумо ягон кӯмаки модӣ гирам. Мурдан беҳтар аст аз он, ки касе маро аз фахрам маҳрум созад. Фахри ман ин аст, ки хушхабарро ба шумо бепул эълон кардам. 16Лекин ба ҳар ҳол, ман аз паҳн кардани хушхабар фахр намекунам, зеро бояд онро паҳн кунам. Вой бар ҳоли ман, агар хушхабарро эълон накунам! 17Агар ин корро ба ихтиёри худам мекардам, шояд музд мегирифтам. Аммо ин корам ғайриихтиёрӣ аст, зеро ман танҳо вазифаеро иҷро мекунам, ки Худо онро ба ман фармудааст. 18Ин тавр ки бошад, музди ман аз чӣ иборат аст? Музди ман аз он иборат аст, ки хушхабарро бемузд эълон кунам ва аз ҳаққе, ки дорам, истифода набарам.
19Ман озод ҳастаму хӯҷаин надорам, лекин худамро ғуломи ҳама кардам, то ки бисёртар одамонро ба назди Масеҳ орам. 20Бо яҳудиён мисли яҳудӣ зиндагӣ кардам, то ки онҳоро ба назди Масеҳ орам. Яъне бо иҷрокунандагони шариат, ҳарчанд дар зери ҳукми шариат набошам ҳам, чун иҷрокунандаи шариат рафтор кардам, то ки онҳоро ба назди Масеҳ орам. 21Бо одамоне, ки шариати Мусоро надоранд, ба мисли одами бешариат рафтор кардам, то ки онҳоро ба назди Масеҳ орам. Вале бо вуҷуди ин шариати Худоро рад накардаам, балки ба шариати Масеҳ итоат кардам. 22Ман барои онҳое, ки сустимонанд, худро сустимон гирифтам, то ки онҳоро ба назди Исои Масеҳ орам. Хулоса, ман бо ҳар роҳ кӯшиш кардам, ки ба мисли яке аз онҳо шавам, то ки баъзеҳоро ба назди Исои Масеҳ орам. 23Ҳамаи инро ман ба хотири хушхабар иҷро мекунам, то ки дар қатори дигарон баракати хушхабарро ба даст оварам.
24Магар шумо намедонед, ки дар варзишгоҳ тамоми иштирокчиёни мусобиқа медаванд, вале фақат як нафар мукофот мегирад. Шумо ҳам давед, то ки мукофотро ба даст оред. 25Ҳамаи варзишгарон барои гирифтани тоҷе, ки зуд пажмурда мешавад, бо тамоми ҳастияшон машқ мекунанд. Мо бошем, барои аз Худованд гирифтани тоҷе, ки пажмурда намешавад, машқ мекунем. 26Аз ин сабаб ман бемақсад намедавам ва беҳуда мушт ба ҳаво намезанам. 27Ман чун варзишгар идора кардани баданро сахт машқ карда, онро ғуломи худ мегардонам, то ки хушхабарро ба дигарон эълон карда, худам бе мукофот намонам.

Currently Selected:

1 Қӯринтиён* 9: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in