1
1 Қӯринтиён* 9:25-26
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Ҳамаи варзишгарон барои гирифтани тоҷе, ки зуд пажмурда мешавад, бо тамоми ҳастияшон машқ мекунанд. Мо бошем, барои аз Худованд гирифтани тоҷе, ки пажмурда намешавад, машқ мекунем. Аз ин сабаб ман бемақсад намедавам ва беҳуда мушт ба ҳаво намезанам.
Compare
Explore 1 Қӯринтиён* 9:25-26
2
1 Қӯринтиён* 9:27
Ман чун варзишгар идора кардани баданро сахт машқ карда, онро ғуломи худ мегардонам, то ки хушхабарро ба дигарон эълон карда, худам бе мукофот намонам.
Explore 1 Қӯринтиён* 9:27
3
1 Қӯринтиён* 9:24
Магар шумо намедонед, ки дар варзишгоҳ тамоми иштирокчиёни мусобиқа медаванд, вале фақат як нафар мукофот мегирад. Шумо ҳам давед, то ки мукофотро ба даст оред.
Explore 1 Қӯринтиён* 9:24
4
1 Қӯринтиён* 9:22
Ман барои онҳое, ки сустимонанд, худро сустимон гирифтам, то ки онҳоро ба назди Исои Масеҳ орам. Хулоса, ман бо ҳар роҳ кӯшиш кардам, ки ба мисли яке аз онҳо шавам, то ки баъзеҳоро ба назди Исои Масеҳ орам.
Explore 1 Қӯринтиён* 9:22
Home
Bible
Plans
Videos