YouVersion Logo
Search Icon

1 Қӯринтиён* 8

8
Қурбонӣ ба бутҳо
1Акнун дар бораи гӯшти ҳайвоне, ки ба бутҳо қурбонӣ карда мешавад, гап мезанем. Ҳамаи мо дар ин бора чизе медонем. Лекин агар танҳо дониш дошта бошем, ҳавобаланд мешавем. Агар аз рӯйи муҳаббат ин донишро ба дигарон фаҳмонем, ҳама обод мешаванд. 2Агар касе фикр кунад, ки ҳама чизро медонад, дар асл ӯ ҳанӯз ба дараҷаи кофӣ ҳама чизро намедонад. 3Аммо касе ки Худоро дӯст медорад, Худо вайро аз они Худ донистааст.
4Акнун дар бораи гӯште гап мезанем, ки ба бутҳо қурбонӣ карда мешавад. Мо ҳама медонем, ки бут худо нест ва ба ғайр аз Худои ягона худои дигаре вуҷуд надорад. 5Ҳам дар замин ва ҳам дар осмон бисёр чизҳое ҳастанд, ки одамон онҳоро «худоён» ва «худовандон» ҳисоб мекунанд. Чунин «худоён»-у «худовандон» бисёр бошанд ҳам, 6барои мо як Худо ҳаст, ки Ӯ Падар мебошад. Ӯ ҳама чизро офаридааст ва мо барои Ӯ зиндагӣ мекунем. Ҳамчунин як Худованд дорем, ки Ӯ Исои Масеҳ аст. Ҳама чиз ба воситаи Ӯ офарида шудааст ва мо ба воситаи Ӯ зиндагӣ мекунем.
7Лекин на ҳама имондорон медонанд, ки бутҳо чизи беҷон ҳастанд. Баъзеашон то ҳол фикр мекунанд, ки бутҳо зинда ҳастанд. Барои ҳамин вақте онҳо гӯшти қурбониро харида мехӯранд, фикр мекунанд, ки он дар ҳақиқат ба бутҳо бахшида шудааст ва ин виҷдони сусташонро азоб дода, нопок мегардонад. 8Лекин хӯрок моро ба Худо наздиктар намекунад. Мо аз хӯрок нахӯрдан бадтар намешавем ва аз хӯрок хӯрдан беҳтар намешавем.
9Аммо эҳтиёткор бошед! Нагузоред, ки чизи мехӯрдаатон имондори дигарро, ки имонаш сусттар аст, ба васваса барад. 10Азбаски медонед, ки бутҳо ҳеҷ чизанд, шумо бемалол дар сари дастархон дар бутхона шишта метавонед. Лекин каси сустимон, ки фикр мекунад хӯрдани гӯшти ба бутҳо қурбонишуда манъ аст, шуморо бинад, магар рафторатон ӯро ба гуноҳ тела намедиҳад? 11Он гоҳ магар донишмандии шумо ӯро аз роҳ зада, имонашро нобуд намекунад? Эҳтиёт шавед! Охир Масеҳ барои он бародари сустимон ҳам мурдааст. 12Бо ин коратон шумо бар зидди имондорони дигар гуноҳ карда, ба виҷдони сусти онҳо зарар мерасонед ва ҳам бар зидди Масеҳ гуноҳ мекунед. 13Барои ҳамин, агар гӯшти қурбонӣ хӯрданам сабаби гуноҳ кардани бародарам шавад, пас беҳтар аст, ки ман асло гӯшт нахӯрам, то ки ӯро ба гуноҳ набарам.

Currently Selected:

1 Қӯринтиён* 8: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in