YouVersion Logo
Search Icon

1 Қӯринтиён* 4

4
Муносибати Павлус ба қуринтиён
1Моро ҳамчун хизматгорони Масеҳ, ки вазифаи эълон кардани сирҳои Худо ба мо супурда шудааст, ҳисоб кунед. 2Аз мо, хизматгорон, талаб карда мешавад, ки вафодор бошем. 3Ман парво надорам, ки шумо ё одамони дигар маро чӣ гуна баҳо медиҳед. Худи ман ҳам худро баҳо намедиҳам. 4Виҷдонам пок бошад ҳам, ин маънои он надорад, ки Худованд маро бегуноҳ меҳисобад. Чунки ман ба Ӯ бояд ҷавоб диҳам.
5Аз ин рӯ то вақти муайяншуда, яъне то бозгашти Худованд Исо касеро ҳукм накунед. Ӯ чизҳоеро, ки дар торикӣ пинҳон шудаанд, аён мекунад ва нияти дилҳоро ошкор месозад. Он гоҳ ҳар шахс аз ҷониби Худо сазовори таъриф мешавад.
6Ин гапҳоро ман дар бораи худаму Апуллус барои фоидаи шумо бародарону хоҳарон, мегӯям, то аз мо ёд гиред, ки «Аз он чи навишта шудааст, набояд берун баромад». Он гоҳ якеро аз дигаре болотар намегузоред. 7Дар ҳақиқат, кӣ шуморо аз дигарон боло гузоштааст? Шумо чӣ доред, ки онро аз Худо нагирифтаед? Агар аз Худо гирифта бошед, барои чӣ фахр мекунед, ки гӯё нагирифта бошед?!
8Шумо аллакай сер шудаед, сарватманд шудаед, бе мо ҳукмронӣ мекунед. О кошки шумо дар ҳақиқат подшоҳӣ мекардеду мо ҳам ҳамроҳатон ҳукмронӣ мекардем. 9Фикр мекунам, ки Худо мо фиристодагонро мисли шахсони ба марг ҳукмшуда дар қатори охир ҷой кардааст. Мо барои тамоми ҷаҳон, ба одамону фариштаҳо саҳнаи тамошо шудаем.
10Мо дар назари шумо ба хотири Масеҳ беақл, вале шумо ҳамчун пайравони Масеҳ оқил ҳастед. Мо нотавон, аммо шумо тавоно ҳастед, шумо обрӯманд, вале мо беобрӯ ҳастем. 11Мо то ҳол гушнаву ташна ва ҷандапӯш мегардем. Моро лату кӯб мекунанд, хонаву дар надорем. 12Арақи ҷабин рехта бо дастони худ нони хӯрданӣ меёбем. Моро дашном медиҳанд, вале мо онҳоро дуои нек медиҳем. Моро азоб медиҳанд, вале мо тоқат мекунем. 13Моро туҳмат мекунанд, вале мо бо некӣ ҷавоб медиҳем. Ба мо то имрӯз ба мисли партови ҷаҳон, яъне партови одамон муносибат мекунанд.
Насиҳати падарона
14Ман на барои шарм дорондани шумо, балки барои ислоҳ кардани шумо – фарзандони азизам менависам. 15Дар Масеҳ ҳазорҳо роҳнамо шуморо таълим диҳанд ҳам, танҳо як падар доред. Аз он ки ман ба шумо хушхабарро овардам, ман бароятон дар Исои Масеҳ падар шудам. 16Илтимос мекунам, аз ман ибрат гиред! 17Аз он ки ман дар шаҳри шумо нестам, ман писархонди дӯстдоштаам Тимотиюсро ба наздатон фиристодам. Ӯ ба Худованд вафодор асту ба шумо хотиррасон мекунад, ки ман мувофиқи таълимоте, ки дар ҳар ҷамоати имондорон медиҳам, чӣ гуна Масеҳро пайравӣ мекунам.
18Баъзеҳо бо гумони он ки ман ба наздатон намеоям, ҳавобаланд шудаанд. 19Лекин агар Худованд хоҳад, ба наздикӣ ба пешатон омада мебинам, ки оё одамони ҳавобаланд дар ҳақиқат қуввати Худоро доранд ё фахри онҳо танҳо дар гап аст. 20Зеро Подшоҳии Худо на дар сухан, балки дар қувват аст. 21Кадомаш ба шумо маъқул аст? Оё мехоҳед, ки ба наздатон омада, шуморо барои тағйир надодани рафторатон бо химча ҷазо диҳам? Ё ба шумо барои иҷро кардани гуфтаҳоям ба шумо муҳаббату нармдилӣ нишон диҳам?

Currently Selected:

1 Қӯринтиён* 4: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in