YouVersion Logo
Search Icon

1 Қӯринтиён* 5

5
Гуноҳи ҷинсӣ дар ҷамоати имондорон
1Овозае ба гӯшам расид, ки аз байни шумо як шахс бо зани падараш хуфтухоб мекардааст. Ҳатто онҳое ки Худоро тамоман намешиносанд, чунин гуноҳ намекунанд! 2Шумо гуноҳи ӯро медонед, вале манманӣ мекунед. Беҳтар нест, ки ба ҷойи ин андӯҳгин шуда, ҳамон одамро аз ҷамоататон пеш кунед?!
3Ман аз шумо ҷисман дур бошам ҳам, рӯҳан ҳамроҳатон ҳастам. Ман гӯё бо шумо ҳузур дошта бошам, аллакай ин шахсро ҳукм намудам. 4Вақте ки ба номи Худовандамон Исо ҷамъ мешавед ва ман рӯҳан бо қудрати Худованди мо Исо бо шумо мебошам, 5он шахсро аз ҳимояи ҷамоат маҳрум намуда, ба ихтиёри шайтон супоред. Аз азобе, ки ӯ дар дасти шайтон мебинад, ӯ гуноҳҳои ҷисмашро тарк карда, дар рӯзи бозгашти Худованд наҷот меёбад.
6Дар ин маврид манманӣ карданатон хуб нест! Наход надонед, ки ин гуноҳ ба монанди хамиртуруши каме аст, ки тамоми хамирро турш мекунад?! 7Пас ин хамиртурушро аз миёни худ берун кунед, то ки хамири нав бошед. Шумо дар асл ҳамон нони бехамиртуруш ҳастед! Зеро барраи иди Наҷот, яъне Масеҳ аллакай ба қурбонӣ оварда шудааст. 8Биёед иди Наҷотро на бо хамиртуруши куҳнаи кина ва бадӣ, балки бо фатири самимияту ростӣ пешвоз мегирем.
9Ман дар мактубам навишта будам, ки бо гунаҳкорони ҷинсӣ муносибат накунед, лекин шумо онро нодуруст фаҳмидед. 10Шумо фикр кардед, ки ман тамоми гунаҳкорони ҷинсиро дар назар доштам. Лекин ман беимонони ин ҷаҳонро, ки гунаҳкори ҷинсию чашмгурусна ва ғоратгару бутпараст ҳастанд, дар назар надоштам. Вагарна бояд ин ҷаҳонро тарк мекардед. 11Ман гуфтанӣ будам, ки бо касе ки худро имондор мегираду лекин дар асл ё гунаҳкори ҷинсӣ ё чашмгурусна ё бутпараст аст ё туҳматчӣ ва ё майпараст ё ғоратгар аст, муносибат накунед. Бо чунин шахс ҳатто ҳамтабақ нашавед.
12Беимононро ҳукм кардан вазифаи ман нест! Лекин имондорони ҷамоатро, ки гуноҳ мекунанд, ҳукм кардан вазифаи шумост. 13Худо дар навиштаҷот мегӯяд: «Бадкорро аз байнатон ронед!»#5:13 Такрори Шариат 13:5; 17:7; 19:19; 22:24; 24:7 Ба одамони аз ҷамоат берун бошад, Худо ҳукм мекунад.

Currently Selected:

1 Қӯринтиён* 5: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in