Ҳастӣ 5
5
БОБИ ПАНҶУМ
Насабномаи Одам ва насли Шет.
1Ин аст китоби насаби Одам: дар рӯзе ки Худо одамро офарид, ба шабоҳати Худо ӯро сохт;
2Нару мода онҳоро офарид, ва онҳоро баракат дод, ва онҳоро, дар рӯзи офариниши онҳо, одам ном ниҳод.
3Ва Одам саду сӣ сол бизист, ва писаре ба шабоҳати худ, ба сурати худ ба дуньё овард, ва ӯро Шет номид.
4Ва айёми Одам, баъд аз таваллуди Шет, ҳаштсад сол буд, ва ӯ писарону духтарон ба дуньё овард.
5Пас тамоми айёми умри Одам нӯҳсаду сӣ сол буд; ва ӯ мурд.
6Ва Шет саду панҷ сол бизист, ва Анӯшро ба дуньё овард.
7Ва Шет, баъд аз таваллуди Анӯш, ҳаштсаду ҳафт сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
8Пас тамоми айёми Шет нӯҳсаду дувоздаҳ сол буд; ва ӯ мурд.
9Ва Анӯш навад сол бизист, ва Қенонро ба дуньё овард.
10Ва Анӯш, баъд аз таваллуди Қенон, ҳаштсаду понздаҳ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
11Пас тамоми айёми Анӯш нӯҳсаду панҷ сол буд; ва ӯ мурд.
12Ва Қенон ҳафтод сол бизист, ва Маҳалалъилро ба дуньё овард.
13Ва Қенон, баъд аз таваллуди Маҳалалъил, ҳаштсаду чил сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
14Пас тамоми айёми Қенон нӯҳсаду даҳ сол буд; ва ӯ мурд.
15Ва Маҳалалъил шасту панҷ сол бизист, ва Ёрадро ба дуньё овард.
16Ва Маҳалалъил баъд аз таваллуди Ёрад, ҳаштсаду сӣ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
17Пас тамоми айёми Маҳалалъил ҳаштсаду наваду панҷ сол буд; ва ӯ мурд.
18Ва Ёрад саду шасту ду сол бизист, ва Ҳанӯхро ба дуньё овард.
19Ва Ёрад, баъд аз таваллуди Ҳанӯх, ҳаштсад сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
20Пас тамоми айёми Ёрад нӯҳсаду шасту ду сол буд; ва ӯ мурд.
21Ва Ҳанӯх шасту панҷ сол бизист, ва Матушолаҳро ба дуньё овард.
22Ва Ҳанӯх, баъд аз таваллуди Матушолаҳ, сесад сол пеши Худо роҳ рафт, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
23Пас тамоми айёми Ҳанӯх сесаду шасту панҷ сол буд.
24Ва Ҳанӯх пеши Худо роҳ рафт, ва нопайдо шуд, зеро ки Худо ӯро гирифт.
25Ва Матушолаҳ саду ҳаштоду ҳафт сол бизист, ва Ломакро ба дуньё овард.
26Ва Матушолаҳ, баъд аз таваллуди Ломак, ҳафтсаду ҳаштоду ду сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
27Пас тамоми айёми Матушолаҳ нӯҳсаду шасту нӯҳ сол буд; ва ӯ мурд.
28Ва Ломак саду ҳаштоду ду сол бизист, ва писаре ба дуньё овард.
29Ва ӯро Нӯҳ ном ниҳода, гуфт: «Ин моро тасаллӣ хоҳад дод аз аъмоли мо ва аз заҳмати дастҳои мо аз замине ки Худованд ба он лаънат хонд».
30Ва Ломак, баъд аз таваллуди Нӯҳ, панҷсаду наваду панҷ сол бизист, ва писарону духтарон ба дуньё овард.
31Пас тамоми айёми Ломак ҳафтсаду ҳафтоду ҳафт сол буд; ва ӯ мурд.
32Ва Нӯҳ панҷсадсола буд, ва Нӯҳ Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.
Tans Gekies:
Ҳастӣ 5: KM92
Kleurmerk
Deel
Kopieer
Wil jy jou kleurmerke oor al jou toestelle gestoor hê? Teken in of teken aan