Ҳастӣ 3

3
БОБИ СЕЮМ
Озмуда шудани Хавво; ба вуҷуд омадани шакку шубҳа.
1Ва мор аз ҳамаи ҳайвонҳои саҳро, ки Худованд Худо ба вуҷуд оварда буд, айёртар буд. Ва ба зан гуфт: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?»
2Зан ба мор гуфт: «Аз меваи дарахтони боғ хӯрда метавонем,
3Лекин аз меваи дарахте ки дар васати боғ аст, Худо гуфт, ки нахӯред ва онро ламс накунед, мабодо бимиред».
4Мор ба зан гуфт: «Не, нахоҳед мурд;
5Балки Худо медонад, ки дар рӯзе ки аз он бихӯред, чашмони шумо воз хоҳад шуд, ва шумо, монанди Худо, орифи неку бад хоҳед шуд».
Маъсият.
6Ва зан дид, ки он дарахт барои хӯрок хуб аст, ва назаррабост, ва дарахти дилпазири донишафзост; ва аз меваи он гирифта, хӯрд; ва ба шавҳари худ низ дод, ва ӯ хӯрд.
7Ва чашмони ҳар дуи онҳо воз шуд, ва донистанд, ки бараҳнаанд, ва баргҳои анҷирро ба ҳам дӯхта, лӯнгиҳо барои худ сохтанд.
Оромии рӯзи шанбе халалдор шуд; ибтидои офариниши нав.
8Ва овози Худованд Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ мегашт; ва Одам ва занаш аз пеши назари Худованд Худо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд.
9Ва Худованд Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «Куҷоӣ ту?»
10Гуфт: «Чун овозатро дар боғ шунидам, ҳаросон шудам, зеро ки ман бараҳнаам, ва пинҳон шудам».
11Ва гуфт: «Кӣ ба ту гуфт, ки ту бараҳнаӣ? Оё аз он дарахте ки хӯрданашро ба ту манъ кардам, хӯрдаӣ?»
12Одам гуфт: «Ин зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам».
13Ва Худованд Худо ба зан гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки кардӣ?» Зан гуфт: «Мор маро фирефта кард, ва ман хӯрдам».
Аҳди дуюми Худо бо одам:
Наҷотдиҳанда ваъда карда шуд.
14Ва Худованд Худо ба мор гуфт:
«Азбаски ин корро кардӣ,
аз ҳамаи чорпоён ва аз ҳамаи ҳайвонҳои
саҳро ту малъун бошӣ;
ту бар шикамат роҳ хоҳӣ рафт,
ва тамоми айёми умрат хок хоҳӣ хӯрд.
15Ва дар миёни ту ва зан,
ва дар миёни насли ту
ва насли вай адоват меандозам:
вай сари туро хоҳад кӯфт,
ва ту пошнаи варо хоҳӣ кӯфт».
16Ба зан гуфт:
«Ранҷи туро дар ҳомиладории ту бисьёр афзун мегардонам;
бо дард фарзандон хоҳӣ зоид;
ва иштиёқи ту ба шавҳарат хоҳад буд,
ва ӯ бар ту ҳукмронӣ хоҳад кард».
17Ва ба Одам гуфт: «Азбаски ба овози занат гӯш додӣ ва аз он дарахт хӯрдӣ, ки амр фармуда, гуфтам:
„Аз он нахӯрӣ“,
замин аз боиси ту малъун шуд;
тамоми айёми умрат аз он бо ранҷ хоҳӣ хӯрд;
18Хору хас бароят хоҳад рӯёнид;
ва алафи саҳроро хоҳӣ хӯрд.
19Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд,
то даме ки ба хок баргардӣ,
ки аз он гирифта шудаӣ;
зеро ки ту хок ҳастӣ,
ва ба хок хоҳӣ баргашт».
20Ва Одам зани худро Ҳавво#3:20 Зиндагӣ. ном ниҳод, зеро ки вай модари ҳамаи зиндаҳо шуд.
21Ва Худованд Худо барои Одам ва зани ӯ либос аз пӯст сохт ва онҳоро пӯшонид.
22Ва Худованд Худо гуфт: «Инак, Одам мисли яке аз Мо орифи неку бад гардидааст; ва акнун мабодо дасти худро дароз кунад, ва аз дарахти ҳаёт низ гирифта хӯрад, ва то абад зинда монад».
23Ва Худованд Худо ӯро аз боғи Адан берун кард, то ки заминро, ки аз он гирифта шудааст, кор кунад.
24Ва Одамро бадар ронд, ва ба тарафи шарқии боғи Адан каррубиёнро, ва шамшери оташбори чархзанандаро гузошт, то ки роҳи дарахти ҳаётро нигаҳбонӣ кунанд.

Tans Gekies:

Ҳастӣ 3: KM92

Kleurmerk

Deel

Kopieer

None

Wil jy jou kleurmerke oor al jou toestelle gestoor hê? Teken in of teken aan

Video vir Ҳастӣ 3