Матто* 28:12-15
Матто* 28:12-15 KMO
Коҳинони калон барои маслиҳат кардан бо пирони қавм вохӯрданд ва баъд аз маслиҳат ба посбонон пули калон дода гуфтанд: «Рафта ба мардум гӯед, ки шабона шогирдони Исо омада, аз хоб буданатон истифода бурда, ҷасади Ӯро дуздида рафтанд. Агар ин хабар ба гӯши ҳоким расад, мо ба ӯ гапамонро гузаронида, шуморо аз хатар раҳо мекунем». Посбонон пулро гирифта, чунон ки сардорони коҳинон онҳоро ёд доданд, ҳамон тавр карданд. Аз ин рӯ, яҳудиён ин ҳикояро то ба имрӯз ба ёд меоранд.