Матто* 9
9
Шифо ёфтани марди шал
1Исо ба қаиқ савор шуда, аз баҳр гузашт ва ба шаҳри Худ баргашт. 2Ҳамон лаҳза чанд нафар ба наздаш шалеро бо ҷогаҳаш бардошта оварданд. Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Писарам, натарс! Гуноҳҳоят бахшида шуданд».
3Дар айни ҳол якчанд устоди шариат аз дил гузаронданд: «Ин одам суханони куфр мегӯяд». 4Исо фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро дар дили худ фикри бад мекунед? 5Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он ки „бархез ва роҳ гард“? 6Пас Ман ба шумо исбот мекунам, ки Писари Одамизод дар рӯйи замин ҳаққи бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас, ба шал гуфт: «Бархез, ҷогаҳатро бардошта ба хонаат рав!»
7Он мард аз ҷояш хеста ба хонааш равона шуд. 8Мардум аз дидани ин ҳодиса ба тарс афтода, Худоро, ки ба одамон чунин қудрат додааст, ситоиш карданд.
Даъват шудани Матто
9Вақте ки Исо аз он ҷо ба роҳ даромад, Матто ном мардеро дид, ки дар ҷойи ҷамъоварии андоз менишаст. Исо ба вай гуфт: «Аз паси Ман биё». Матто бархесту аз паси Ӯ равона шуд.
10Вақте ки Исо ва шогирдонаш ба сари дастархон нишастанд, бисёр андозгирон ва дигар одамоне, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ ба он хона даромада ба онҳо ҳамроҳ шуданд. 11Баъзе аз фарисиён инро дида, ба шогирдони Исо гуфтанд: «Чаро Устоди шумо бо андозгирону гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?»
12Исо ин суханонро шунида, ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон муҳтоҷанд. 13Рафта фаҳмед, ки ин гуфтаҳо чӣ маъно доранд: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо кунанд“.#9:13 Ҳушаъ 6:6 Хуллас, Ман ҳам барои он омадаам, ки на некукоронро, балки гунаҳкоронро даъват намоям».
Савол дар бораи рӯзадорӣ
14Сипас, баъзе аз шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда ба Исо наздик шуда гуфтанд: «Чаро мо ва фарисиён одатан рӯза медорему шогирдони Ту не?» 15Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дӯстони домод дар тӯйи арӯсӣ, ҳангоме ки домод бо онҳост, ғамгин мешаванд? Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд. 16Охир ҳеҷ кас аз матои нав ба либоси куҳна ямоқ ё поргӣ намекунад, чунки ямоқ ё поргӣ ҷудо шуда медарад ва ҷойи даридаи либос боз ҳам бадтар мешавад. 17Инчунин шароби навтайёршударо ба халтаи чармини куҳна намерезанд, чунки аз туруш шудани шароб халта медарад ва шароб мерезаду халта низ аз кор мебарояд. Баръакс, шароби навтайёршударо ба халтаи нав мерезанд, он гоҳ на шароб барбод мераваду на халта».
Шифо ёфтани зан ва зиндашавии духтар
18Ҳанӯз Исо суханонашро давом медод, ки сардоре омада ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Духтари ман ҳозир вафот кард, аммо агар омада ба вай даст гузорӣ, вай зинда мешавад». 19Исо аз ҷояш хеста, бо шогирдонаш ҳамроҳи ӯ рафт.
20-21 Зане, ки дувоздаҳ сол боз бемории хунравӣ дошт, аз дилаш гузаронда буд, ки ақаллан ба ҷомаи Исо даст расонад, шифо меёбад. Бо ҳамин ният ӯ аз қафо ба Исо наздик шуду ба домани ҷомааш даст расонд. 22Исо ба қафо рӯй гардонда занро дида, гуфт: «Эй духтарам, натарс! Туро имонат шифо дод». Худи ҳамон лаҳза зан шифо ёфт.
23Баъд Исо ба хонаи сардор омада, найнавозон ва мардуми гирёнро дида, 24гуфт: «Ҳамаатон аз ин ҷо равед! Духтар намурдааст, фақат хобидааст». Онҳо бошанд, ба гапи Исо хандиданд. 25Аммо баъд аз он ки мардум берун баромаданд, Исо ба хонае, ки духтарак он ҷо буд, даромада, дасти ӯро гирифт ва духтарак бархест. 26Ин хабар дар тамоми он сарзамин паҳн гашт.
Шифо ёфтани ду марди нобино
27Ҳангоме ки Исо аз он ҷой рафт, ду марди нобино аз дунболи Ӯ равон шуда фарёд заданд: «Эй насли Довуд, ба мо раҳм кун!»
28Вақте ки Исо ба хона даромад, он ду нобино ҳам ба наздаш омаданд. Исо аз онҳо пурсид: «Боварӣ доред, ки Ман шуморо шифо дода метавонам?» «Бале, Хоҷа!» – ҷавоб доданд онҳо.
29Он гоҳ Исо ба чашмони онҳо даст расонда гуфт: «Аз рӯйи имонатон ҳамин тавр шавад» 30ва чашмони онҳо бино гашт. Исо онҳоро огоҳ кард, ки дар бораи ин ҳодиса ба касе нагӯянд. 31Аммо онҳо аз он ҷо баромада рафтанду дар тамоми он сарзамин дар бораи Ӯ нақл карданд.
Шифо ёфтани марди гунг
32Ҳанӯз он ду мард дур нарафта, якчанд кас ба пеши Исо мардеро оварданд, ки аз сабаби ҷин доштанаш гунг буд. 33Лекин вақте ки Исо аз он мард ҷинро берун кард, мард ба гап даромад ва мардум бо ҳайрат хитоб мекарданд: «Ҳаргиз чунин ҳодисаро дар Исроил надида будем!»
34Аммо фарисиён мегуфтанд, ки Исо ҷинҳоро бо қудрати худи сардори ҷинҳо берун мекунад.
Ба мардум раҳм кардани Исо
35Исо бошад, ба ҳамаи шаҳру деҳот рафта, дар ҷамоатхонаҳо халқро таълим медод, хабари хушро дар бораи Подшоҳии Худо эълон мекард ва ҳар дарду бемории одамонро шифо мебахшид. 36Вақте ки Исо ба мардум нигоҳ мекард, ба ҳоли онҳо раҳмаш меомад, чунки онҳо монанди гӯсфандони бечӯпон, сарсону саргардон ва ночору нотавон буданд. 37Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳосил бисёр аст, вале коргарон кам. 38Аз ин рӯ, аз Соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад».
Terpilih Sekarang Ini:
Матто* 9: KMO
Highlight
Kongsi
Salin
Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад