Матто* 27
27
Дар назди Пилотус
1Саҳарии барвақт ҳамаи коҳинони калон ва пирони қавм маслиҳат карданд, ки Исоро ба қатл мерасонанд. 2Бо фармони онҳо Исоро даст баста, аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти Пилотус, ки ҳокими румӣ буд, супориданд.
Худкушии Яҳудо
3Вақте Яҳудои хиёнаткор дид, ки Исо ба марг маҳкум шуд, аз кори кардааш пушаймон шуд. Ӯ он сӣ тангаи нуқраро ба коҳинони калон ва пирон баргардонда 4ба онҳо гуфт: «Ман ба одами бегуноҳ хиёнат карда, гуноҳ кардам».
Лекин онҳо ҷавоб доданд: «Ин ба мо чӣ дахл дорад? Ин кори худат».
5Яҳудо он сӣ тангаи нуқраро ба рӯйи фарши маъбади Худо партофту аз он ҷо рафта худро овехт.
6Коҳинони калон он тангаҳоро гирифта гуфтанд, ки аз рӯйи қонун ин пулро ба хазинаи маъбади Худо андохтан мумкин нест, чунки бар ивази ин пул хуни одам рехта шудааст. 7Баъд бо розигии ҳама онҳо замини кӯзагарро хариданд, то ки он қабристони мусофирон бошад. 8Барои ҳамин он замин то имрӯз «Замини Хунин» номида мешавад.
9-10 Ҳамчунин пешгӯйии Ирмиё пайғамбар ба амал омад, ки гуфта буд: «Аз рӯйи фармоне, ки Худованд ба ман гуфт, онҳо сӣ тангаи нуқраро, яъне ҳамон маблағеро, ки халқи Исроил Ӯро баҳо доданд, барои харидани замини кӯзагар сарф карданд».#27:9–10 Ирмиё 19:1–13; 32:6–9; Закарё 11:12–13
Исоро пурсуҷӯ кардани Пилотус
11Акнун ки Исо дар назди ҳокими румӣ меистод, ҳоким аз Ӯ пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?»
Исо ҷавоб дод: «Ту ҳамин тавр мегӯйӣ». 12Лекин ҳангоме ки коҳинони калон ва пирон Ӯро айбдор мекарданд, Ӯ ҳеҷ ҷавобе намедод.
13Пас Пилотус ба Ӯ гуфт: «Магар намешунавӣ, ки Туро то чӣ андоза айбдор мекунанд?»
14Аммо Вай ба ҳеҷ яки ин айбдоркуниҳо ҳам ҷавобе надод. Ин боиси тааҷҷуби зиёди Пилотус гардид.
Ба марг маҳкум шудани Исо
15Ҳокими румӣ одате дошт, ки ҳар иди Наҷот маҳбусеро, ки халқ талаб мекард, озод намояд. 16Он вақт як маҳбуси номдоре буд, ки Бараббо ном дошт. 17Инак, ҳангоме ки мардум ҷамъ омаданд, Пилотус аз онҳо пурсид: «Киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам: Барабборо ё Исоеро, ки Масеҳ меноманд?» 18Зеро Пилотус хуб медонист, ки Исоро аз рӯйи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд.
19Ҳангоме ки ҳоким дар курсии ҳукмбарорӣ менишаст, ҳамсараш ба ӯ чунин хабар фиристод: «Бар зидди ин Одами бегуноҳ ҳеҷ кор накунед, чунки имшаб дар хобам ба хотири Вай бисёр азоб кашидам».
20Дар ин вақт коҳинони калон ва пирони қавм мардумро розӣ кунонданд, ки аз Пилотус озод кардани Бараббо ва ба қатл расондани Исоро талаб намоянд. 21Ҳоким бори дигар аз мардум пурсид: «Аз ҳар дуяшон киро мехоҳед, ки бароятон озод кунам?»
Онҳо ҷавоб доданд: «Барабборо!»
22Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас, бо Исое, ки Ӯро Масеҳ меноманд, чӣ кор кунам?»
Ҳамаи онҳо ҷавоб доданд: «Ӯро мехкӯб кунед!»
23Лекин Пилотус савол дода гуфт: «Чаро? Охир Ӯ чӣ бадие кардааст?»
Мардум бошанд, боз баландтар фарёд заданд: «Бигзор Ӯ ба салиб мехкӯб карда шавад!»
24Пилотус дид, ки дигар ҳеҷ чорае надорад, дар акси ҳол шӯриш сар шуданаш мумкин буд. Ӯ дар пеши назари тамоми мардум об гирифта дастонашро шуста гуфт: «Ман хуни Ӯро ба гардан намегирам! Ин кори худатон!» 25Тамоми мардум ҷавоб доданд: «Хуни Ӯ ба гардани мову фарзандонамон аст!»
26Бино бар ин, Пилотус барояшон Барабборо озод кард ва Исоро ба дасти сарбозон супорид, то ки Ӯро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.
Исоро масхара кардани сарбозон
27Сарбозони ҳоким Исоро ба саҳни дарбор бурданд ва аскарони зиёд он ҷо гирд омаданд. 28Онҳо Ӯро бараҳна карда ба танаш ҷомаи суп-сурхро пӯшонданд. 29Баъд аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанду ба дасти росташ чӯб доданд. Онҳо масхаракунон «Зинда бод Шоҳи яҳудиён!» гуфта дар пеши Ӯ ба сари зону меистоданд. 30Сарбозон ба Исо туф карда, бо чӯб ба сараш задан гирифтанд. 31Вақте ки онҳо масхара кардани Ӯро бас карданд, ҷомаро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд. Сипас, Ӯро барои ба салиб мехкӯб кардан бурданд.
Ба салиб мехкӯб шудани Исо
32Дар роҳ онҳо бо Шимъун ном марде аз шаҳри Қайравон дучор омаданд ва ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад. 33Вақте ки онҳо ба ҷое бо номи Ҷолҷото, ки маънояш «Ҷойи косахонаи сар» аст, расиданд, 34сарбозон ба Исо майи бо моддаи талх омехташударо доданд. Ӯ аз он чашида, дигар нӯшидан нахост.
35Онҳо Ӯро ба салиб мехкӯб карда, барои тақсим кардани либоси Исо қуръа партофтанд. 36Сипас, нишаста Вайро назорат карда истоданд. 37Дар болои сари Исо айбномае навишта шуда буд: «Ин Исо Шоҳи яҳудиён аст». 38Ҳамроҳи Ӯ ду роҳзанро низ ба салибҳои дигар аз тарафҳои чапу росташ мехкӯб карданд.
39Роҳгузарон Ӯро дашном дода, сар ҷунбонда 40мегуфтанд: «Ту ки маъбади Худоро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месохтӣ, Худатро наҷот деҳ! Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз салиб фуруд ой!»
41Коҳинони калон, устодони шариат ва пирон низ Исоро масхаракунон мегуфтанд: 42«Дигаронро наҷот медоду Худро наҷот дода наметавонад. Агар Ӯ Шоҳи Исроил бошад, аз салиб пойин фарояд, баъд мо ба Вай имон меорем. 43Ӯ ба Худо умед мебаст, агар дар ҳақиқат писанди Худо бошад, бигзор Худо Ӯро наҷот диҳад, зеро мегуфт, ки „Ман Писари Худо ҳастам“».
44Ҳатто роҳзаноне, ки ҳамроҳаш ба салибҳо мехкӯб шуда буданд, монанди дигарон Ӯро дашном медоданд.
Марги Исо
45Нисфирӯзӣ буд, ки тамоми рӯйи заминро торикӣ фаро гирифт ва се соат давом ёфт. 46Қариби соати сеюм Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элӣ! Элӣ! Лама сабақтанӣ?!», яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!»#27:46 Забур 21:2
47Баъзе аз ҳозирон инро шунида гуфтанд, ки Ӯ Илёс пайғамбарро садо мекунад. 48Он гоҳ яке аз онҳо давида рафту латтаеро гирифта ба сирко тар намуд ва бо нӯги чӯб дароз карда онро ба Исо нӯшонданӣ шуд. 49Лекин дигарон гуфтанд: «Истед, бинем, ки оё Илёс омада Ӯро наҷот медиҳад?»
50Исо бори дигар бо овози баланд дод зада ҷон дод. 51Дар он лаҳза пардае, ки ҷойи муқаддастарини маъбади Худоро ҷудо мекард, аз боло то пойинаш дарида, ду пора шуд. Замин ба ҷунбиш омаду сангҳо пора шуданд. 52Қабрҳо кушода шуданду ҷасадҳои бисёр муқаддасон зинда гаштанд. 53Баъд аз он ки Исо зинда шуд, онҳо аз қабрҳои худ берун баромада ба Уршалим, шаҳри муқаддас даромаданд ва бисёр касон онҳоро диданд.
54Вақте ки як сардори лашкар ва ҳамроҳонаш, ки Исоро назорат мекарданд, заминҷунбию дигар ҳодисаҳоро диданд, сахт тарсида гуфтанд, ки Исо дар ҳақиқат Писари Худо будааст.
55Бисёр заноне, ки дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда ба Ӯ хизмат мекарданд, низ дар ҳамон ҷо буданд. Онҳо дар масофае истода, ба ҳамаи ин нигоҳ мекарданд. 56Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Марями модари Яъқубу Юсуф ва боз ҳамсари Забдой буданд.
Дафни Исо
57Бо фаро расидани шом аз шаҳри Ромо як марди сарватманде бо номи Юсуф омад. Ӯ ҳам шогирди Исо буд. 58Юсуф пеши Пилотус рафта, ҷасади Исоро талаб кард. Пилотус фармон дод, ки ҷасадро ба ӯ диҳанд. 59Юсуф Вайро гирифта ба суфи сафед печонд 60ва ба қабри нав, ки барои худ дар ғоре сохта буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, аз он ҷо рафт. 61Дар рӯ ба рӯйи он қабр Марями Маҷдалия ва Марями дигар нишаста буданд.
Посбонӣ кардани қабр
62Рӯзи дигар, ки рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат буд, коҳинони калон ва фарисиён ҷамъ шуданд ва пеши Пилотус рафта 63ба ӯ гуфтанд: «Тақсир, ба хотири мо омад, ки он фиребгар ҳанӯз ҳангоми зинда буданаш гуфта буд, ки дар рӯзи сеюм баъди маргаш зинда мешавад. 64Бино бар ин, фармон диҳед, ки қабри Ӯро то рӯзи сеюм посбонӣ кунанд, мабодо шогирдонаш омада ҷасадашро дуздида, сипас ба халқ овоза паҳн кунанд, ки Ӯ зинда шудааст. Он гоҳ ин дурӯғ аз дурӯғи аввалин дида бадтар мешавад». 65Пилотус ба онҳо гуфт: «Посбононро гиреду ба қадри имкон қабрро нигаҳбонӣ кунед».
66Онҳо рафта, санги дари қабрро муҳр заданд ва барои нигаҳбонии он посбононро гузоштанд.
Terpilih Sekarang Ini:
Матто* 27: KMO
Highlight
Kongsi
Salin
Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад