Матто* 18
18
Кӣ аз ҳама бузургтар аст?
1Дар ин вақт ба пеши Исо шогирдонаш омада пурсиданд: «Дар Подшоҳии Худо кӣ бузургтар аст?»
2Исо ба наздаш як кӯдакро хонда, ӯро дар пеши шогирдон гузошта 3ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар сӯйи Худо барнагардед ва монанди кӯдакон нашавед, ҳаргиз ба Подшоҳии Худо намедароед. 4Пас ҳар кӣ ба мисли ин кӯдак хоксор бошад, дар Подшоҳии Худо бузургтар аст 5ва ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири номи Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад.
6Лекин вой бар ҳоли касе, ки яке аз ин пайравони хурди ба Ман имоновардаро гумроҳ кунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро баста, ба баҳри чуқур партоянд.
7Вой бар ҳоли одамони ин олам аз дасти васвасаҳо! Васвасаҳо ҳамеша пайдо мешаванд, вале вой бар ҳоли васвасакорон!
8Агар даст ё поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто. Назар ба он ки бо ду дасту пой ба оташи абадии дӯзах партофта шавӣ, беҳтар аст, ки бе як даст ё пой соҳиби ҳаёт шавӣ. 9Инчунин, агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро назар ба он ки бо ду чашм ба оташи дӯзах партофта шавӣ, беҳтар аст, ки бо як чашм соҳиби ҳаёт шавӣ.
Масал дар бораи гӯсфанди гумшуда
10-11 Эҳтиёт шавед, ҳатто ба хурдтарин пайрави Ман беҳурматӣ накунед, зеро ба шумо мегӯям, ки фариштаҳои онҳо ҳамеша дар назди Падари осмониам ҳузур доранд.
12Чӣ фикр мекунед? Агар касе сад гӯсфанд дошта бошад ва яке аз онҳо гум шавад, оё вай наваду нуҳтояшро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯи гӯсфанди гумшудааш намеравад? 13Баъд аз ёфтанаш ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки барои ин гӯсфанд назар ба он наваду нуҳ гӯсфанде, ки гум нашудаанд, бештар хурсандӣ мекунад. 14Падари осмонии шумо низ ҳаргиз намехоҳад, ки яке аз пайравони хурдтарини Ман нобуд шавад.
Фармон дар бораи бахшидани гуноҳ
15Агар бародар ё хоҳар ба ту бадӣ кунад, байни худат ва ӯ дар танҳоӣ гуноҳашро фаҳмон. Агар ӯ ба сухани ту гӯш диҳад, дон, ки вайро аз нав ҳамчун бародар ё хоҳар пайдо кардаӣ. 16Вале агар гӯш надиҳад, як ё ду каси дигарро ҳамроҳи худ гир, то аз забони ду ё се шоҳид суханонат тасдиқ шавад. 17Агар ба онҳо гӯш надиҳад, ба ҷамоат гӯй ва агар ба ҷамоати имондорон низ гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту ҳамчун андозгири беинсоф ё одами беимон бошад.
18Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар чиро, ки шумо дар замин манъ кунед, Худо онро аз осмон манъ мекунад ва ба ҳар чи ки иҷозат диҳед, Худо ба он аз осмон иҷозат медиҳад. 19Боз ба шумо мегӯям, ки агар дар замин ду каси шумо бо розигии якдигар барои ягон чиз дуо кунед, Падари осмониам ҳатман бароятон ҳамон чизро медиҳад. 20Зеро дар ҷое ки ду ё се кас ба хотири номи Ман ҷамъ мешаванд, Ман дар байни онҳо ҳузур дорам».
Масал дар бораи хизматгори бераҳм
21Он гоҳ Петрус назди Исо омада гуфт: «Хоҷа, чанд бор бародари худро, ки ба ман бадӣ карда бошад, бахшам? Оё то ҳафт бор?»
22Ӯ ҷавоб дод: «Не, ҳафтоду ҳафт бор бубахш. 23Зеро Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: Рӯзе як шоҳ хост, ки қарзҳои хизматгоронашро ҳисоб кунад. 24Вақте ки ҳисобу китобро сар кард, ба наздаш хизматгореро оварданд, ки аз шоҳ даҳ ҳазор халтача тилло қарздор буд. 25Азбаски хизматгор аз ӯҳдаи баргардондани қарз намебаромад, шоҳ амр дод, ки ба ҷойи қарзаш ӯ бо зану фарзандонаш ва тамоми молу мулкаш фурӯхта шавад. 26Он хизматгор худро пеши пойҳои шоҳ партофта зорию тавалло кард: „Илтимос, ба ман муҳлат диҳед ва ман тамоми қарзамро бармегардонам“. 27Шоҳ ба ҳоли хизматгор раҳм карду қарзашро ба вай бахшида, ӯро ҷавоб дод.
28Лекин чун хизматгор берун рафт, рафиқашро дид, ки аз ӯ сад тангаи нуқра қарздор буд. Ӯ вайро сахт дошта, гулӯяшро фишурда гуфт: „Қарзатро баргардон“. 29Рафиқаш худро ба рӯйи замин партофта, зориву тавалло кард: „Илтимос, муҳлат деҳ ва ман қарзамро бармегардонам“. 30Аммо хизматгор розӣ нашуда, рафиқашро ба зиндон андохт, то ки вай қарзашро супорад. 31Чун дигар хизматгорон ин воқеаро диданд, бисёр ғамгин шуданд ва назди шоҳ омада, ҳар он чи рӯй дода буд, ба вай нақл карданд. 32Шоҳ он хизматгорро ба наздаш хонда гуфт: „Эй хизматгори бад! Ту маро зориву тавалло кардӣ ва ман ба ту тамоми қарзатро бахшидам ва 33ба ту раҳм кардам. Пас ту ҳам бояд ба рафиқат раҳм мекардӣ“. 34Шоҳ дар ғазаб шуда, амр дод, ки ин хизматгорро то пурра супоридани қарзаш ба ҳабс партоянд, то азоб кашад.
35Хуллас, агар бародаратонро аз самими дил набахшед, Падари осмониам бо шумо монанди он шоҳ рафтор мекунад».
Terpilih Sekarang Ini:
Матто* 18: KMO
Highlight
Kongsi
Salin
Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад