Матто* 17
17
Дигаргун шудани намуди зоҳирии Исо
1Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус ва бародарон Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба кӯҳи баланде баромад. 2Баъд дар пеши назари шогирдон намуди зоҳирии Ӯ дигаргун шуд. Чеҳрааш монанди офтоб дурахшид, либосаш ҳам мисли равшании нур сап-сафед шуд. 3Ногаҳон Мусо ва Илёс пайғамбар дар пеши назари шогирдон пайдо шуданд ва бо Исо суҳбат карданд. 4Петрус ба Исо гуфт: «Хоҷа, чӣ қадар хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Агар хоҳӣ ман дар ин ҷо се хайма месозам, яке барои Ту, дигаре барои Мусо ва сеюм барои Илёс».
5Ҳанӯз вай суханашро тамом накарда, абри дурахшоне пайдо шуда, онҳоро фаро гирифт ва аз он овозе баромад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам. Ӯро гӯш кунед». 6Аз шунидани ин овоз шогирдонро ваҳм фаро гирифт ва онҳо худро ба рӯйи замин партофтанд. 7Аммо Исо ба наздашон омада, ба онҳо даст расонда гуфт: «Бархезед ва аз ҳеҷ чиз натарсед». 8Онҳо ба боло нигоҳ карданд ва ғайр аз Исо касеро надиданд.
9Вақте ки онҳо аз кӯҳ пойин мефаромаданд, Исо ба шогирдон фармуд, то даме ки Писари Одамизод аз мурдагон зинда нашавад, чизи дидаашонро ба касе нақл накунанд. 10Он гоҳ шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Чаро устодони шариат мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?»
11«Дуруст, – ҷавоб дод Ӯ, – аввал бояд Илёс биёяд ва ҳама чизро барқарор намояд. 12Лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омадааст ва одамон вайро нашинохтанду ҳар коре, ки хостанд, ба вай карданд. Бо Писари Одамизод низ ҳамон тавр рафтор хоҳанд кард».
13Он вақт шогирдонаш фаҳмиданд, ки Исо Илёс гуфта, Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар назар дошт.
Шифо ёфтани бачаи ҷинзада
14Ҳангоме ки онҳо назди мардум баргаштанд, марде пеши Исо омада ба зону истода 15гуфт: «Хоҷа, ба писарам раҳм бикун! Вай тез-тез аз ҳуш рафта, шах мешавад ва бениҳоят азоб мекашад. Аз ин рӯ, ӯ худро зуд-зуд ба оташ ё ба об мепартояд. 16Вайро ба назди шогирдонат овардам, лекин онҳо ӯро шифо дода натавонистанд».
17Исо ҷавоб дод: «Эй насли беимону каҷрафтор! То кай бо шумо бошам? То кай шуморо тоқат кунам? Вайро ба наздам биёред!» 18Бачаро гирифта ба наздаш оварданд ва Ӯ ба ҷин фармон дод, ки аз бача берун барояд. Ҷин берун баромад ва бача худи ҳамон лаҳза сиҳат гашт.
19Сипас, шогирдон дар танҳоӣ аз Исо пурсиданд: «Чаро мо ҷинро берун карда натавонистем?»
20-21 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Аз сабаби сустимониатон. Агар шумо ҳатто ба андозаи донаи хардал имон медоштеду ба ин кӯҳ „Аз ин ҷо ба он ҷо гузар“ мегуфтед, он ба шумо итоат мекард. Барои имондор ҳеҷ кор ғайриимкон нест».
Исо марги Худро дубора пешгӯйӣ мекунад
22Ҳангоме ки шогирдон дар Ҷалил ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо гуфт: «Писари Одамизод ба дасти одамон супорида мешавад 23ва онҳо Ӯро мекушанд, лекин дар рӯзи сеюм Ӯ зинда мегардад». Аз шунидани ин суханон шогирдонаш бисёр ғамгин шуданд.
Супоридани андози маъбади Худо
24Вақте ки Исо бо шогирдонаш ба Кафарнаҳум омад, касоне ки барои маъбади Худо андоз ҷамъ мекарданд, назди Петрус омада пурсиданд: «Магар Устоди ту андоз намесупорад?» 25«Албатта месупорад», – ҷавоб дод Петрус.
Баъд Петрус ба хона даромад ва ҳанӯз ӯ даҳон накушода, Исо ба вай гуфт: «Шимъун, ба фикри ту подшоҳон андозу хироҷро аз кӣ меситонанд? Аз одамони худӣ ё бегонагон?» 26«Аз бегонагон», – ҷавоб дод Петрус.
Исо гуфт: «Пас фарзандони подшоҳ аз ин вазифа озоданд. 27Лекин барои наранҷонидани ин одамон ба сӯйи баҳр рафта бо шасти моҳигирӣ сайд кун. Аз даҳони моҳии аввалине, ки сайд мекунӣ, тангаеро меёбӣ ва ин тангаро гирифта аз номи Ман ва худат андоз супор».
Terpilih Sekarang Ini:
Матто* 17: KMO
Highlight
Kongsi
Salin
Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад