Матто* 16
16
Талаб кардани аломати осмонӣ
1Баъд аз чанд вақт ба назди Исо баъзе аз фарисиён ва саддуқиён омаданд. Онҳо Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки барояшон аз ҷониби Худо аломате диҳад. 2Аммо Исо дар ҷавоб гуфт: «Агар шомгоҳон осмон кушода бошад, шумо мегӯед, ки пагоҳ ҳавои нағз мешавад. 3Агар субҳидам осмон тираву гирифта бошад, мегӯед, ки имрӯз шамолу борон мешавад. Шумо аломатҳои осмонро дида, боду ҳаворо фаҳмида метавонеду аломатҳои замонаро дида, онҳоро муайян карда наметавонед. 4Фақат насли баду бевафо аломат талаб мекунад! Худо ба ин насл ба ғайр аз аломате, ки ба Юнус пайғамбар рӯй дод, аломати дигаре намедиҳад».
Инро гуфта Ӯ аз наздашон рафт.
Хамиртуруши фарисиёну саддуқиён
5Вақте ки шогирдон ба тарафи дигари баҳр расиданд, диданд, ки бо худ нон гирифтанро фаромӯш кардаанд.
6Исо ба онҳо гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиёну саддуқиён эҳтиёт кунед». 7Он гоҳ шогирдонаш ба якдигар мегуфтанд: «Ӯ аз сабаби бо худ нон нагирифтанамон инро гуфт».
8Лекин Исо инро фаҳмида гуфт: «Имонатон суст аст! Чаро шумо нон нагирифтанатонро фикр мекунед? 9Наход то ҳол ҳеҷ чиз нафаҳмида бошед? Магар он панҷ нонро дар ёд надоред, ки чӣ хел панҷ ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар якчанд сабад ҷамъ кардед? 10Ё он ҳафт нонро, ки чор ҳазор нафар хӯрданду боз боқимондаашро дар якчанд сабад ҷамъ кардед, дар ёд надоред? 11Чӣ тавр шумо намефаҳмед, ки Ман нонро дар назар надорам? Балки гуфтанӣ ҳастам, ки худро аз хамиртуруши фарисиён ва саддуқиён эҳтиёт кунед!»
12Он гоҳ шогирдон фаҳмиданд, ки Ӯ на аз хамиртуруши нон, балки аз таълимоти фарисиёну саддуқиён эҳтиёт шуданро дар назар дошт.
Эътирофи Петрус
13Исо бо шогирдонаш ба вилояте рафт, ки дар атрофи шаҳри Қайсарияи Филиппус ҷойгир шуда буд. Дар он ҷо Ӯ ба онҳо савол дод: «Одамон Писари Одамизодро кӣ мегӯянд?» 14Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ту Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастӣ, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Илёс ё Ирмиё ва ё яке аз пайғамбарони гузаштаи дигар омадааст». 15Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» 16Шимъуни Петрус ба Ӯ ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо ва Писари Худои зинда ҳастӣ».
17Он гоҳ Исо ба Петрус гуфт: «Ту хушбахт ҳастӣ, Шимъун, писари Юнус! Чунки инро ба ту на одамон, балки Падари Ман, ки дар осмон аст, кушодааст. 18Бино бар ин, ба ту мегӯям, ки ту Петрус, яъне санг ҳастӣ ва дар болои ин санг Ман ҷамоати Худро бино менамоям, ки онро ҳатто қувваҳои марг мағлуб карда наметавонанд. 19Ман ба ту калидҳои Подшоҳии Худоро медиҳам ва ҳар чиро ки ту дар замин манъ кунӣ, Худо онро аз осмон манъ мекунад ва ба ҳар чи ки иҷозат диҳӣ, Худо ба он аз осмон иҷозат медиҳад».
20Он гоҳ Исо ба шогирдонаш таъкид кард, ки Масеҳ будани Ӯро ба касе нагӯянд.
Исо марги Худро пешгӯйӣ мекунад
21Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш ошкоро мегуфт, ки бояд ба Уршалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат бисёр азоб кашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз зинда мешавад.
22Петрус бошад, Исоро як сӯ бурда сарзаниш карда гуфт: «Эй Хоҷа, Худо нишон надиҳад! Он чи гуфтӣ, ба сарат наояд!» 23Лекин Вай ба Петрус рӯй оварда гуфт: «Дур шав аз Ман, эй шайтон! Ту пеши роҳи Маро мегирӣ, чунки ту на мисли Худо, балки мисли инсон фикр мекунӣ!»
24Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Агар касе пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз хоҳишҳои худ рӯй гардонда, салиби азобу маргашро бардошта, Маро пайравӣ кунад. 25Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар касе, ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад. 26Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? Магар одамизод бар ивази ҷони худ товоне дода метавонад? 27Писари Одамизод бо шуҳрату ҷалоли Падараш ҳамроҳи фариштаҳои Худ омада, ба ҳама мувофиқи амалашон подош медиҳад. 28Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки ҳанӯз аз дунё нагузашта, Писари Одамизодро мебинанд, ки барои подшоҳӣ кардан меояд».
Terpilih Sekarang Ini:
Матто* 16: KMO
Highlight
Kongsi
Salin
Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад