Матто* 14
14
Марги Яҳёи Таъмиддиҳанда
1Дар он айём овоза дар бораи Исо то ба гӯши Ҳиродусе, ки ҳокими вилояти Ҷалил буд, расид. 2Ҳиродус ба мансабдоронаш гуфт, ки ин мард ҳамон Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, ки зинда шудааст ва барои ҳамин Ӯ чунин қудрати муъҷизакорӣ дорад.
3-4 Пеш аз марги Яҳёи Таъмиддиҳанда, Ҳиродус зани бародараш Филиппус, Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд. Лекин Яҳё ба ӯ гуфта буд: «Аз рӯйи шариат ба шумо гирифтани зани бародаратон раво нест». Барои ҳамин Ҳиродус фармон дод, ки Яҳёро дастгир намуда, дасту пояшро баста, ҳабс кунанд. 5Ҳиродус мехост Яҳёро ба қатл расонад, аммо аз халқ метарсид, зеро халқ Яҳёро пайғамбар меҳисобид.
6Аммо вақте ки Ҳиродус рӯзи таваллуди худро ҷашн мегирифт, духтари Ҳиродия дар пеши меҳмонон рақс карда, Ҳиродусро мафтун кард. 7Ҳиродус қасам хӯрда ба духтар ваъда дод: «Ҳар чи аз ман талаб кунӣ, бароят медиҳам!» 8Духтар аз рӯйи маслиҳати модараш гуфт: «Бароям сари Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар рӯйи табақ оварда диҳед».
9Ҳоким ғамгин гашт, вале ба хотири қасами дар пеши меҳмонон хӯрдааш, амр дод, ки хоҳиши духтар иҷро карда шавад. 10Ҷаллоди фиристодааш дар зиндон сари Яҳёро аз танаш ҷудо кард 11ва дар рӯйи табақе ба духтар оварда дод. Духтар бошад, онро ба модараш бурд. 12Баъд аз ин шогирдони Яҳё омада, ҷасади ӯро бурда гӯрониданд ва ҳодисаи рӯйдодаро рафта ба Исо нақл карданд.
Сер кардани панҷ ҳазор нафар
13Ин ҳодисаро шунида, Исо ба қаиқ савор шуда, Худаш танҳо ба ҷойи беодаме рафт. Мардум аз ин огоҳ шуданду аз шаҳрҳои худ баромада пиёда аз пайи Ӯ рафтанд. 14Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, мардуми зиёдеро дида, ба ҳоли онҳо раҳмаш омад ва беморонеро, ки дар байнашон буд, шифо дод.
15Рӯз ба охир мерасид ва шогирдони Исо ба наздаш омада гуфтанд: «Устод! Ин як ҷойи беодам аст, рӯз торик шуд. Мардумро ҷавоб бидеҳ, то ки ба деҳаҳои гирду атроф рафта, барои худ хӯрокворӣ харанд». 16«Ба ҳеҷ ҷо рафтанашон лозим нест, – ҷавоб дод Исо. – Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!» 17Онҳо гуфтанд: «Охир мо дар ин ҷо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем». 18«Онҳоро ба Ман оварда диҳед» – гуфт Исо ва 19ба мардум фармон дод, ки рӯйи сабзазор нишинанд. Баъд Ӯ он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу шукр гуфт ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро ба мардум тақсим карданд. 20Ҳама то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон дувоздаҳ сабадро аз нонпораҳои боқимонда пур карданд. 21Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, тақрибан панҷ ҳазор нафар буд.
Дар рӯйи об қадам задани Исо
22Сипас, Исо ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши Ӯ ба дигар тарафи баҳр раванд. Ӯ Худаш дар он ҷо монд, то ки мардумро ҷавоб диҳад. 23Пас аз он барои дар танҳоӣ дуо кардан ба кӯҳе баромад. Баъд аз нишасти офтоб ҳам Ӯ яккаву танҳо дар он ҷо буд. 24Қаиқ бошад, аз соҳил хеле дур рафта буд ва аз сабаби боди сахте, ки мухолифи он мевазид, мавҷҳои баҳр қаиқро алвонҷ медоданд.
25Ҳанӯз чашми рӯз накафида, Исо рӯ-рӯйи об қадамзанон ба тарафи шогирдонаш равона шуд. 26Шогирдон Исоро диданд, ки дар рӯйи об қадам мезад. Онҳо «Ин арвоҳ! Арвоҳ!» гӯён аз тарсу ваҳм дод заданд. 27Аммо Ӯ зуд ба онҳо гуфт: «Далер бошед! Натарсед! Ин Манам».
28Он гоҳ Петрус гуфт: «Хоҷа, агар дар ҳақиқат ин Ту бошӣ, ба ман амр намо, ки рӯ-рӯйи об қадамзанон назди Ту биёям». 29«Биё», – амр дод Ӯ. Инак, Петрус аз қаиқ баромада, дар рӯйи об қадамзанон ба Исо наздик шуд. 30Лекин сахт вазидани шамолро дида тарсид ва қариб ғарқ шуда фарёд зад: «Хоҷа, маро наҷот деҳ!» 31Исо зуд дасташро дароз карда, Петрусро дошта гирифт ва гуфт: «Ин қадар имонат суст аст? Чаро шубҳа кардӣ?»
32Вақте ки онҳо ба қаиқ савор шуданд, шамол аз вазидан бозмонд. 33Он гоҳ онҳое, ки дар қаиқ нишаста буданд, ба Исо саҷда карда гуфтанд: «Ту дар ҳақиқат Писари Худо ҳастӣ!»
Шифо ёфтани беморон дар Ҷинесор
34Онҳо аз баҳр гузашта, ба сарзамини Ҷинесор омада расиданд. 35Мардуми он ҷо Исоро шинохтанд ва ба гирду атрофи он сарзамин одамонро фиристоданд, то ки беморонро назди Ӯ гирифта биёранд. 36Онҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт.
Terpilih Sekarang Ini:
Матто* 14: KMO
Highlight
Kongsi
Salin
Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад