Юҳанно* 10

10
Масал дар бораи чӯпони нек
1Исо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям: ҳар кӣ ба оғили гӯсфандон на аз дар, балки аз ҷойи дигар гузашта дарояд, дузд ва роҳзан аст. 2Он ки аз дар медарояд, чӯпони гӯсфандон аст. 3Дарбон дарро барои ӯ мекушояд ва гӯсфандон садои ӯро мешунаванд. Ӯ гӯсфандони худро ном ба ном фарёд карда, берун мебарорад. 4Баъди берун баровардани ҳамаи гӯсфандонаш худ пеш-пеши онҳо равона мешаваду гӯсфандон аз паси ӯ мераванд, чунки овози ӯро мешиносанд. 5Гӯсфандон аз қафои каси бегона намераванд, балки аз ӯ мегурезанд, чунки овози каси бегонаро намешиносанд».
6Исо ба онҳо ин масалро нақл кард, аммо онҳо маънои гуфтаҳояшро нафаҳмиданд.
7Инак, Исо боз ба онҳо гуфт: «Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки Ман барои гӯсфандон дар ҳастам. 8Ҳамаи онҳое, ки пеш аз Ман омада буданд, дузд ва роҳзан ҳастанд, лекин гӯсфандон онҳоро гӯш накарданд. 9Ман дар ҳастам. Ҳар касе ки ба воситаи Ман медарояд, наҷот меёбад. Ӯ ҳам медарояду ҳам мебарояд ва барои худ чарогоҳ пайдо мекунад. 10Дузд фақат барои дуздидан, куштан ва нобуд кардан меояд. Ман омадаам, ки гӯсфандонам ҳаёт дошта бошанд ва ҳаёташон фаровон бошад.
11Ман чӯпони нек ҳастам. Чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад. 12Мардикор, ки чӯпон нест ва гӯсфандон аз они ӯ нестанд, ба рама наздик шудани гургро бинад, гӯсфандонро монда, мегурезад ва гург ба онҳо дарафтода, онҳоро пароканда мекунад. 13Мардикор аз он сабаб мегурезад, ки парвои гӯсфандонро надорад. 14Ман чӯпони нек ҳастам. Ман гӯсфандони Худро мешиносам ва онҳо Маро мешиносанд, 15чунон ки Падар Маро мешиносад ва Ман Падарро мешиносам. Ман ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам. 16Ман гӯсфандони дигаре ҳам дорам, ки аз ин оғил нестанд ва Ман бояд онҳоро низ биёрам. Онҳо ба овозам гӯш мекунанд ва он гоҳ як рама бо як чӯпон хоҳад шуд!
17Падар барои он Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то боз онро ба даст оварам. 18Ҳеҷ кас ҷони Маро аз Ман намегирад, Ман онро бо ихтиёри Худ фидо мекунам. Ман қудрат дорам, ки онро фидо кунам ва қудрат дорам, ки онро боз ба даст орам. Ин фармонро Ман аз Падарам гирифтаам».
19Аз сабаби ин суханон дар байни мардум бори дигар ҷанҷол ба вуҷуд омад. 20Бисёре аз онҳо мегуфтанд: «Ӯ ҷин дорад ва аз ақл бегона шудааст! Чаро ба суханони Ӯ гӯш медиҳед?» 21«Ин суханони шахси ҷинзада нестанд, – норозӣ шуданд дигарон. – Магар ҷин чашмони кӯрро бино карда метавонад?»
Рад шудани Исо
22Зимистон фаро расид. Дар Уршалим иди Хотираи Покшавии маъбади Худо буд. 23Исо дар ҳавлии маъбади Худо, дар айвони Сулаймон мегашт. 24Яҳудиён Ӯро миёнагир карда пурсиданд: «То кай моро дар дудилагӣ нигоҳ медорӣ? Ба мо рӯйирост бигӯ, ки Ту Масеҳ ҳастӣ ё не?» 25Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ман ба шумо аллакай гуфта будам, вале шумо ба Ман бовар намекунед. Он корҳое, ки Ман аз номи Падари Худ иҷро мекунам, дар бораи Ман шаҳодат медиҳанд, 26аммо шумо ба Ман имон намеоваред, зеро шумо аз ҷумлаи гӯсфандони Ман нестед. 27Гӯсфандони Ман овози Маро мешунаванд. Ман онҳоро мешиносам ва онҳо аз паси Ман меоянд. 28Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам ва онҳо ҳаргиз нобуд намешаванд ва касе наметавонад онҳоро аз дасти Ман бигирад. 29Падари Ман, ки онҳоро ба Ман бахшидааст, аз ҳама бузургтар аст ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирифта наметавонад. 30Ману Падарам як ҳастем».
31Яҳудиён боз барои сангсор кардани Ӯ санг бардоштанд. 32Исо ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо аз ҷониби Падар бисёр корҳои нек нишон додаам, пас барои кадоме аз онҳо шумо Маро сангсор кардан мехоҳед?» 33Онҳо ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо Туро на барои корҳои некат сангсор кардан мехоҳем, балки барои куфр гуфтанат, чунки Ту инсон ҳастиву Худро Худо мекунӣ!» 34Исо ҷавоб дод: «Магар дар навиштаҷоте, ки шумо мехонед, навишта нашудааст: „Ман мегӯям, ки шумо худоён ҳастед“?#10:34 Забур 81:6 35Навиштаҷот бошад, ҳеҷ вақт бекор карда намешавад. Пас, агар Худо касонеро, ки ба онҳо суханонаш равона шудаанд, „худоён“ номида бошад, 36чӣ тавр шумо сухани гуфтаамро, ки „Ман Писари Худо ҳастам“ куфр мегӯед? Ҳол он ки Падар Маро интихоб карда, ба ҷаҳон фиристодааст! 37Агар Ман корҳои Падарамро ба амал наоварам, ба Ман имон наоваред! 38Лекин, агар Ман онҳоро ба амал оварам, ҳарчанд ба Ман имон наоваред ҳам, ба корҳои Ман имон оваред, то бидонед ва бифаҳмед, ки Падар дар Ман аст ва Ман дар Падар ҳастам».
39Онҳо бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале Ӯ Худро аз дасти онҳо раҳо кард.
40Исо боз ба он тарафи дарёи Урдун, ки Яҳё дар он ҷо пештар мардумро таъмид медод, рафта дар ҳамон ҷо монд. 41Мардуми зиёде пеши Ӯ омаданд. Онҳо мегуфтанд, ки Яҳё ҳеҷ муъҷизае нишон надода буд, вале ҳамаи суханоне, ки Яҳё дар бораи ин Шахс гуфта буд, дурустанд. 42Он гоҳ шумораи бисёри одамон дар он ҷо ба Исо имон оварданд.

Terpilih Sekarang Ini:

Юҳанно* 10: KMO

Highlight

Kongsi

Salin

None

Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk