Юҳанно* 1

1
Каломи ҳаёт
1Дар ибтидо Калом буд ва Калом бо Худо буд ва Калом Худо буд. 2Вай дар аввал бо Худо буд 3ва ҳама чиз ба воситаи Калом офарида шуд ва бе Ӯ ягон чизи офаридашуда пайдо нашуд. 4Дар Калом ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон нур буд.
5Нур дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонист.
6Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода шуда буд, 7ки дар бораи нур шаҳодат диҳад ва ҳама ба воситаи Яҳё имон оваранд. 8Яҳё худ нур набуд, вале барои он омад, ки дар бораи нур шаҳодат диҳад. 9Он нури ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон равшанӣ медиҳад, ба ҷаҳон омада истода буд.
10Ӯ ба ҷаҳоне, ки ба воситааш офарида шудааст, омада буд, лекин ҷаҳон Ӯро нашинохт. 11Вай ба назди халқи Худ омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд. 12Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданду ба Ӯ имон оварданд, ҳақ дод, ки фарзандони Худо шаванд. 13Онҳо на ба таври табиӣ, на аз рӯйи хоҳиши ҷисм ва на аз рӯйи хоҳиши мард, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.
14Инак, Калом одам шуд ва Ӯ дар миёни мо пур аз файзу меҳрубонӣ ва ростӣ зиндагӣ мекард. Мо он бузургиро, ки Падар ба Писари Ягонаи Худ додааст, дидаем. 15Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ӯ ҳамон Шахсест, ки дар борааш гуфта будам, ки баъд аз ман Шахси бузургтаре меояд, чунки Ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт».
16Аз пуррагии Ӯ мо файзу меҳрубонии фаровон ёфтаем. 17Худо шариатро ба воситаи Мусо додааст, вале файзу меҳрубонӣ ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад. 18Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.
Шаҳодати Яҳёи Таъмиддиҳанда
19Шаҳодати Яҳё чунин буд. Роҳбарони яҳудӣ аз Уршалим ба назди Яҳё чанд нафар коҳинон ва левизодагонро фиристоданд, то ки аз ӯ дар бораи кӣ буданаш бипурсанд. 20Яҳё аз ҷавоб рӯ нагардонда, ошкоро эълон кард: «Ман Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо нестам». 21Онҳо боз пурсиданд: «Пас ту кистӣ? Оё Илёс пайғамбарӣ?» «Не», – ҷавоб дод ӯ. «Ё ҳамон пайғамбарӣ, ки мунтазираш ҳастем?» «Не», – гуфт ӯ. 22Онҳо пурсиши худро давом доданд: «Охир ту кистӣ? Мо бояд ба касоне, ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем. Ту дар бораи худ чӣ мегӯйӣ?» 23Яҳё бо суханоне, ки Ишаъё пайғамбар гуфта буд, ҷавоб дод: «Ман касе ҳастам, ки
„дар биёбон фарёд зада мегӯяд:
«Барои омадани Худованд роҳро рост намоед!»“»#1:23 Ишаъё 40:3
24Аз тарафи равияи фарисиён низ фиристодашудагоне буданд, 25ки аз ӯ пурсиданд: «Модоме ки ту на Масеҳ, на Илёс ва на ҳамон пайғамбаре ҳастӣ, ки интизораш ҳастем, пас чаро мардумро таъмид медиҳӣ?» 26Яҳё ҷавоб дод: «Ман фақат ҳамчун рамзи шустани гуноҳҳо бо об таъмид медиҳам, вале дар байни шумо Шахсе ҳаст, ки шумо намешиносед. 27Ӯ Ҳамонест, ки баъд аз ман меояд, лекин ман ҳатто лоиқ нестам, ки банди пойафзолашро кушоям». 28Ҳамаи ин воқеа дар деҳаи Байт-Анё, дар соҳили дигари дарёи Урдун рӯй дод. Яҳё одатан мардумро дар он ҷо таъмид медод.
Барраи Худо
29Рӯзи дигар Яҳё ба наздаш омада истодани Исоро дида гуфт: «Ана ин аст Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро аз байн мебарад! 30Ӯ ҳамон Шахсест, ки дар борааш гуфта будам: „Баъд аз ман Шахси бузургтаре меояд, чунки Ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт“. 31Ман Ӯро намешинохтам, вале барои ҳамин омада, бо об таъмид додам, ки Ӯ барои мардуми Исроил маълум гардад». 32Баъд шаҳодат дода гуфт: «Ман дидам, ки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо, монанди кабӯтар бар болои Ӯ аз осмон фаромада истод. 33Ман Ӯро намешинохтам, вале Худо, ки маро барои бо об таъмид додан фиристод, ба ман гуфта буд: „Вақте Шахсеро мебинӣ, ки Рӯҳ бар болои Ӯ фаромада меистад, бидон, Вай ҳамон Шахсест, ки бо Рӯҳулқудс таъмид медиҳад“. 34Ман инро дидам ва шаҳодат медиҳам, ки Ӯ Писари Худост».
Шогирдони аввалини Исо
35Рӯзи дигар Яҳё бо ду нафар шогирди худ боз дар ҳамон ҷо меистод 36ва Исоро, ки аз роҳ гузашта истода буд, дида гуфт: «Бубинед! Ана Ӯ Барраи Худо аст!» 37Он ду шогирд суханонашро шунида, аз паси Исо равона шуданд. 38Вақте Исо ба ақибаш нигоҳ карда дид, ки онҳо аз паси Ӯ меоянд, ба онҳо гуфт: «Шумо чӣ мехоҳед?» Онҳо дар ҷавоб пурсиданд: «Раббӣ! Ту дар куҷо зиндагӣ мекунӣ?» (Маънои калимаи «Раббӣ» устод аст). 39Ӯ гуфт: «Биёед ва бубинед».
Вақте ки онҳо бо Исо рафта диданд, ки Ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад, соат қариби чори бегоҳ буд ва онҳо ҳамон рӯз ҳамроҳи Ӯ монданд.
40Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз паси Исо равона шуд, Андриёс, бародари Шимъуни Петрус буд. 41Ӯ аввал бародари худ Шимъунро ёфта ба вай гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем» 42Андриёс Шимъуни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бодиққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъун, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин пас Кифо номида мешавӣ» (маънои калимаи «Петрус» аз забони юнонӣ ва «Кифо» аз забони ибриён санг аст).
43Рӯзи дигар Исо хост, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд. 44Филиппус ҳам монанди Андриёс ва Петрус аз шаҳри Байт-Сайдо буд. 45Филиппус дар навбати худ Натаноилро ёфта, ба ӯ гуфт: «Мо ҳамон Шахсеро ёфтем, ки Мусо дар Таврот ва пайғамбарон дар борааш навишта буданд! Ин Исо, писари Юсуф, аз шаҳри Носира аст». 46«Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?» – гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ».
47Исо Натаноили ба наздаш омадаистодаро дида, дар бораи ӯ гуфт: «Ана ин исроилии ҳақиқӣ аст, ки дар дил макре надорад». 48«Ту маро аз куҷо мешиносӣ?» – пурсид Натаноил. Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ҳанӯз пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам». 49Натаноил гуфт: «Эй Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!» 50Исо ҷавоб дод: «Магар ту барои он имон овардӣ, ки „туро дар зери дарахти анҷир дида будам“ гуфтам? Ту корҳои аз ин ҳам бузургтарро мебинӣ. 51Ба шумо сухани ҳақ ва ростро мегӯям, ки баъд аз ин шумо осмонро кушода ва ба пеши Писари Одамизод фаромадану боло баромадани фариштагони Худоро хоҳед дид».

Terpilih Sekarang Ini:

Юҳанно* 1: KMO

Highlight

Kongsi

Salin

None

Ingin menyimpan sorotan merentas semua peranti anda? Mendaftar atau log masuk