Матто* 6
6
Дар бораи садақа
1Исо суханонашро давом дода гуфт: «Дар назди мардум намоишкорона корҳои нек накунед. Вагарна аз Падари осмониатон мукофот намегиред.
2Вақте ки садақа медиҳед, ба монанди одамони дурӯя ба ҳама овоза накунед. Онҳо дар ҷамоатхонаҳо ва дар сари кӯчаҳо садақа доданашонро эълон менамоянд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. 3Аммо, ҳангоме ки шумо садақа медиҳед, бигзор дасти ростатон аз кори дасти чапатон огоҳ нашавад, 4то ки садақаи шумо пинҳон монад. Он гоҳ Падари шумо, ки чизҳои пинҳониро мебинад, ба шумо мукофот медиҳад.
Дар бораи дуо
5Вақте ки дуо мекунед, ба одамони дурӯя монанд нашавед! Онҳо дар ҷамоатхонаю сари кӯчаҳо истода дуо хонданро дӯст медоранд, то ки ҳама онҳоро бинанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. 6Аммо ҳангоме ки шумо дуо мехонед, ба хонаатон даромада, дарро пӯшед ва ба Падаратон, ки нонамоён аст, дуо кунед. Он гоҳ Падаратон, ки ҳеҷ чиз аз назари Ӯ пинҳон нест, ба шумо мукофот медиҳад.
7Дар вақти дуохонӣ низ мисли ғайрияҳудиён рафтор накунед. Онҳо дар дуо бисёр гапҳои беҳуда мегӯянд, чун фикр мекунанд, ки агар дурудароз дуо кунанд, дуояшон шунида мешавад. 8Ба монанди онҳо дуо нагӯед, зеро Падари шумо эҳтиёҷоти шуморо, пеш аз он ки талаб кунед, медонад. 9Пас шумо ин тавр дуо кунед:
Эй Падари мо, ки дар осмонӣ,
Номи Ту муқаддас бод.
10Бигзор Подшоҳии Ту биёяд.
Хости Ту, ки дар осмон иҷро мешавад, дар замин низ иҷро шавад.
11Ризқу рӯзии имрӯзаамонро ба мо бидеҳ
12ва корҳои бади моро бубахш,
чи тавре ки мо низ онҳоеро,
ки ба мо бадӣ мекунанд, мебахшем.
13Моро ба озмоиш дучор накун,
балки аз шайтон раҳоӣ деҳ.
14Агар шумо одамонеро, ки дар ҳаққатон бадӣ мекунанд, бубахшед, Падари осмониатон ҳам шуморо мебахшад. 15Вале агар дигаронро набахшед, Падаратон ҳам шуморо намебахшад.
Дар бораи рӯзадорӣ
16Боз вақте ки рӯза мегиред, монанди одамони дурӯя рӯятонро ҷиддӣ вонамуд накунед. Зеро дурӯяҳо намуди зоҳириашонро ғамзада нишон медиҳанд, то дигарон бинанд, ки онҳо рӯзадор ҳастанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки онҳо аллакай мукофоти худро гирифтаанд. 17Лекин, вақте ки шумо рӯза мегиред, дасту рӯятонро шуста, мӯйҳоятонро шона кунед, 18то ба ғайр аз Падаратон, ки нонамоён аст, дигар ҳеҷ кас рӯза гирифтани шуморо нафаҳмад. Он гоҳ Падаратон, ки ниҳонбин аст, ба шумо мукофот хоҳад дод.
Дар осмон ҷамъ кардани сарват
19Дар замин барои худ сарват ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо куяву занг мезанад ва дуздон даромада, онро медузданд. 20Баръакс, дар осмон сарват ҷамъ кунед. Чунин сарватро куяву занг намезанад ва дуздон даромада, онро намедузданд. 21Зеро ҳар ҷое ки сарват доред, фикру хаёли шумо низ дар он ҷо хоҳад буд.
Чароғи бадан
22Чашм чароғи бадан аст. Пас агар чашматон солим бошад, тамоми баданатонро равшанӣ пур мекунад, 23аммо агар чашматон солим набошад, тамоми баданатонро торикӣ пур мекунад. Дар ин сурат, агар равшанӣ дар даруни шумо дар асл торикӣ бошад, пас он чӣ хел торикии зулмот аст!
Худо ва пул
24Ҳеҷ кас ба ду хоҷа хизмат карда наметавонад, чунки ё якеашро дӯст медораду дигарашро бад мебинад ё ба яке вафодор мемонаду дигарашро писанд намекунад. Шумо низ наметавонед ҳам бандаи Худо бошеду ҳам бандаи пул.
Ғам нахӯрдан
25Бино бар ин, ба шумо мегӯям, ки ғами зиндагиатонро нахӯред, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед ва ғами бадани худро нахӯред, ки чӣ мепӯшед. Магар зиндагӣ фақат аз хӯрок ва бадан аз пӯшок иборат аст? 26Ба парандаҳо нигоҳ кунед: онҳо на киштукор мекунанду на ҳосил ҷамъ мекунанд ва на дар анборҳо ҳосил захира мекунанд. Лекин Падари осмониатон онҳоро мехӯронад. Магар арзиши шумо аз парандаҳо баландтар нест? 27Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан умри худро ақаллан як соат дарозтар карда метавонад? 28Барои сарулибос ҳам чӣ ғам мехӯред? Ба нашъунамои савсанҳои саҳро нигоҳ кунед: онҳо на меҳнат мекунанду на ришта мересанд, 29лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату сарваташ мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст. 30Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, чунин пӯшонад, наход шуморо, эй сустимонҳо аз он чанд маротиба беҳтар пӯшонда натавонад?!
31Барои ҳамин ғам хӯрданро бас кунед ва нагӯед, ки „Мо чӣ мехӯрда бошем?“ „чӣ менӯшида бошем?“ ё „чӣ мепӯшида бошем?“ 32Чунки халқҳои дигар аз пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд. Падари осмониатон бошад, медонад, ки шумо ба ҳамаи он эҳтиёҷ доред. 33Шумо аввал Подшоҳии Худо ва ростии Ӯро ҷӯед ва Ӯ ҳамаи ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад. 34Аз ин рӯ, ғами рӯзи ояндаро нахӯред, фардо ташвишҳои худро дорад. Барои ҳар рӯз ташвиши худи ҳамон рӯз басанда аст».
Одоогоор Сонгогдсон:
Матто* 6: KMO
Тодруулга
Хуваалцах
Хувилах
Тодруулсан зүйлсээ бүх төхөөрөмждөө хадгалмаар байна уу? Бүртгүүлэх эсвэл нэвтэрнэ үү
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад