Матто* 5

5
Баракат ёфтани пайравони Исо
1Исо ин тӯдаи одамонро дида, ба болои кӯҳе баромад ва дар ҳамон ҷо нишаст. Ҳангоме ки шогирдонаш дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд, 2Ӯ ба таълим додан оғоз кард:
3«Хушбахтанд касоне, ки муҳтоҷи Худо буданашонро медонанд, чунки Подшоҳии Худо аз они онҳост!
4Хушбахтанд касоне, ки ғаму андӯҳ доранд, зеро онҳо тасаллӣ меёбанд!
5Хушбахтанд касоне, ки хоксор ҳастанд, зеро онҳо дар рӯйи замин ҳукм меронанд!
6Хушбахтанд касоне, ки гурусна ва ташнаи ростӣ ҳастанд, зеро онҳо сер хоҳанд шуд!
7Хушбахтанд касоне, ки раҳму шафқат доранд, зеро Худо ба онҳо раҳму шафқат хоҳад кард!
8Хушбахтанд касоне, ки покдил ҳастанд, зеро онҳо Худоро хоҳанд дид!
9Хушбахтанд касоне, ки сулҳҷӯ ҳастанд, зеро Худо онҳоро фарзандони Худ хоҳад хонд!
10Хушбахтанд касоне, ки дар роҳи ростӣ азоб мекашанд, чунки Подшоҳии Худо аз они онҳост!
11Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Ман шуморо дашному азоб медиҳанд ва дар ҳаққатон туҳмат карда, ҳар гуна сухани бад мегӯянд. 12Шоду хуррам бошед, зеро Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Одамон пайғамбаронро низ, ки пеш аз шумо буданд, ҳамин тавр азоб медоданд.
Нур ва намак
13Шумо барои одамони ҷаҳон ҳамчун намак ҳастед. Вале агар намак сифаташро гум кунад, магар онро боз шӯр карда мешавад? Не, аз вай дигар фоидае нест. Онро фақат мепартоянд ва он зери по мешавад.
14Шумо ҳамчун нур барои одамони ҷаҳон намоён ҳастед. Шаҳре, ки дар болои кӯҳ бино шудааст, ноаён буда наметавонад. 15Инчунин ҳеҷ кас чароғро даргиронда, онро бо зарфе намепӯшонад, баръакс онро ба чароғпоя мемонад, то ба ҳар касе, ки дар хона аст, равшанӣ диҳад. 16Пас, бигзор нури шумо ҳам ба одамон рӯшноӣ диҳад, то ки онҳо корҳои неки шуморо дида, ба Падаратон, ки дар осмон аст, ҳамду сано гӯянд.
Дар бораи аҳамияти шариати Мусо
17Фикр накунед, ки Ман барои вайрон кардани шариати Мусо ва таълимоти пайғамбарон омадаам. Ман на барои вайрон кардан, балки барои иҷро кардани онҳо омадаам. 18Зеро ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳанӯз ки замину осмон ҳаст, то шариат пурра амалӣ нагардад, ягон ҳарф ё нуқтаи он нест намешавад.
19Инак, ҳар касе, ки хурдтарин фармони шариатро вайрон кунаду ба дигарон низ ҳаминро таълим диҳад, дар Подшоҳии Худо хурдтарин шумурда хоҳад шуд. Ва баръакс, ҳар касе, ки шариатро иҷро кунаду ба дигарон онро таълим диҳад, дар Подшоҳии Худо бузург шумурда хоҳад шуд. 20Зеро ба шумо мегӯям, ки агар ҳатто аз устодони шариату фарисиён дида бештар росткор набошед, ҳаргиз ба Подшоҳии Худо намедароед.
Дар бораи хашму ғазаб
21Шумо шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қатл накунанд“,#5:21 Хуруҷ 20:13 инчунин „ҳар касе, ки қатл мекунад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад“. 22Аммо Ман мегӯям, ки агар шумо ба касе қаҳру ғазаб кунед, ба ҷавобгарӣ кашида мешавед. Агар ба касе „бефаҳм“ гӯед, дар назди додгоҳи болотар ҷавоб медиҳед. Агар „аҳмақ“ гӯед, сазовори оташи дӯзах мегардед.
23Барои ҳамин вақте ки шумо ба қурбонгоҳ қурбонӣ меореду дар он ҷо ба ёдатон меояд, ки касе аз шумо норозӣ аст, бояд 24қурбониатонро дар он ҷо гузошта, дарҳол назди ҳамон шахс равед ва бо ӯ оштӣ шавед. Баъд аз ин омада қурбонӣ кунед.
25Агар касе аз шумо даъво кунад, пеш аз додгоҳ зуд бо вай оштӣ шавед. Чунки агар кор ба додгоҳ рафта расад, даъвогаратон метавонад шуморо ба дасти қозӣ супорад, қозӣ бошад ба дасти сарбоз ва шумо ба зиндон партофта мешавед. 26Ба ростӣ мегӯям, то охирин тангаатонро надиҳед, аз ҳабс намебароед.
Дар бораи зино
27Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед „Зино накун“.#5:27 Хуруҷ 20:14 28Аммо Ман мегӯям, ҳар кас ки ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, аллакай дар дили худ чунин гуноҳ мекунад. 29Пас, агар чашми ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад, беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед. 30Инчунин агар дасти ростатон шуморо ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда партоед! Назар ба он ки тамоми баданатон ба дӯзах партофта шавад, беҳтар аст, ки аз ягон узви бадан маҳрум шавед.
Дар бораи талоқ
31Ҳамчунин гуфта шудааст, ки „Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо мешавад, бояд ба ӯ талоқнома навишта диҳад“.#5:31 Такрори Шариат 24:1 32Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки агар мард аз зани худ ба ягон сабаб ғайр аз зино ҷудо шаваду занаш ба дигар кас ба шавҳар барояд, ин мард барои зино кардани занаш айбдор мешавад. Марде, ки бо зани ҷудошуда хонадор шудааст, зинокор аст.
Дар бораи қавлу қасам
33Шумо боз шунидаед, ки ба гузаштагон гуфта шуда буд, ки „қасами бардурӯғ нахӯранд, аммо ба ҳар он чизе ки дар назди Худованд қасам хӯрдаанд, иҷро намоянд“.#5:33 Ибодат 19:12 34Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки тамоман қасам нахӯред, на ба осмон, зеро он тахти Худост, 35на ба замин, чунки он пойандози Ӯст, на ба шаҳри Уршалим, чунки он шаҳри Шоҳи бузург, яъне Худо аст. 36Ба сари худ ҳам қасам нахӯред, зеро як тори мӯятонро ҳатто сафед ё сиёҳ карда наметавонед. 37Бигзор „бале“ гуфтани шумо дар ҳақиқат „бале“ бошад ва „не“ гуфтани шумо „не“ бошад, вале он чи зиёдатӣ мегӯед, аз шайтон бармеояд.
Дар бораи қасос
38Шумо шунидаед, ки чунин гуфта шудааст: „Чашм бар ивази чашм медиҳеду дандон бар ивази дандон“.#5:38 Хуруҷ 21:24; Ибодат 24:20; Такрори Шариат 19:21 39Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки ба каси бад муқобилат накунед. Баръакс, агар касе ба тарафи рости рӯятон занад, тарафи чапи рӯятонро ҳам ба ӯ гардонед. 40Агар касе ба шумо даъво карда, куртаатонро гирифтанӣ бошад, ҷомаатонро ҳам ба ӯ диҳед. 41Агар касе шуморо маҷбур кунад, ки бо ӯ як километер роҳ равед, ду километер роҳ равед. 42Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, онро ба ӯ диҳед ва аз шумо қарз гирифтанӣ шавад, не нагӯед.
Дар бораи дӯст доштани душманон
43Шумо чунин гуфтаҳоро шунидаед: „Дигаронро дӯст дор#5:43 Ибодат 19:18 ва душманатро бад бин“. 44Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки душманонатонро дӯст бидоред ва барои онҳое, ки шуморо азоб медиҳанд, дуои хайр гӯед, 45то нишон диҳед, ки фарзандони Падари осмониатон ҳастед. Чунки Ӯ ба офтоб амр медиҳад, ки ҳам ба бадкорон ва ҳам ба некукорон равшанӣ кунад, инчунин боронро ҳам ба некукорон ва ҳам ба бадкорон мефиристад. 46Пас агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ мукофоте хоҳед гирифт? Магар андозгирони беинсоф низ ҳамин тавр рафтор намекунанд? 47Агар фақат ба дӯстони худ салом диҳед, аз дигарон дида чӣ кори бузургтаре мекунед? Беимонон низ ҳамин тавр рафтор мекунанд. 48Бинобар ин, ҳамон тавре ки Падари осмониатон беайбу нуқсон аст, шумо низ беайбу нуқсон бошед».

Одоогоор Сонгогдсон:

Матто* 5: KMO

Тодруулга

Хуваалцах

Хувилах

None

Тодруулсан зүйлсээ бүх төхөөрөмждөө хадгалмаар байна уу? Бүртгүүлэх эсвэл нэвтэрнэ үү