Ҳастӣ 9
9
БОБИ НӮҲУМ
Ҳукмфармоии одам. Аҳди сеюм; рангинкамон.
1Ва Худо Нӯҳ ва писаронашро баракат дода, ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед.
2Ва ҳайбати шумо ва салобати шумо бар ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин, ва бар ҳамаи паррандагони осмон, ва бар ҳар чӣ бар замин мехазад, ва бар ҳамаи моҳиёни баҳр хоҳад буд; онҳо ба дасти шумо супурда шуданд.
3Ҳар ҷунбандае ки зинда аст, барои шумо ғизо бошад; ҳамаро чун алафи сабз ба шумо додам.
4Фақат гӯштро бо ҷони он, яъне бо хуни он, нахӯред.
5Ва хуни шуморо низ, ки ҷони шумост, талаб хоҳам кард, аз дасти ҳар ҳайвон онро талаб хоҳам кард, ва ҷони одамизодро аз дасти одамизод, аз дасти бародари ӯ талаб хоҳам кард.
6Ҳар кӣ хуни одамизодро резад,
хуни ӯ ба дасти одам рехта шавад:
зеро ки одам ба сурати Худо
офарида шудааст.
7Ва шумо борвар ва афзун шавед,
ва дар рӯи замин паҳн шуда равед, ва дар он биафзоед».
8Ва Худо Нӯҳ ва писаронашро бо ӯ хитоб карда, гуфт:
9«Инак, Ман аҳди Худро бо шумо ва баъд аз шумо бо насли шумо барқарор мекунам,
10Ва бо ҳар ҷони зиндае ки бо шумо бошад, бо паррандагон, бо чорпоён ва бо ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшии замин, ки бо шумо бошанд, бо ҳар он чи аз киштӣ берун омад, бо ҳамаи ҳайвонҳои замин;
11Аҳди Худро бо шумо барқарор мекунам, ки бори дигар ҳар махлуқ аз оби тӯфон ҳалок нашавад, ва бори дигар тӯфон барои хароб кардани замин рӯй надиҳад».
12Ва Худо гуфт: «Ин аст аломати аҳде ки Ман мебандам дар миёни Худам ва шумо ва ҳар ҷони зиндае ки бо шумо бошад, аз насл ба насл то абад:
13Рангинкамони Худро дар абр мегузорам, то ки аломати аҳди байни Ман ва замин бошад.
14Ва чунин воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар гоҳ Ман абрро бар замин равона кунам, ва рангинкамон дар абр намудор гардад,
15Ман аҳди Худро, ки дар миёни Ман ва шумо ва ҳар ҷони зиндаи ҳар махлуқ аст, ба ёд хоҳам овард; ва бори дигар оби тӯфон барои ҳалок кардани ҳар махлуқ рӯй нахоҳад дод.
16Ва чун рангинкамон дар абр бошад, Ман онро дида, он аҳди ҷовидониро, ки дар миёни Худо ва ҳар ҷони зиндаи ҳар махлуқи рӯи замин аст, ба ёд меоварам».
17Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Ин аст аломати аҳде ки барқарор мекунам дар миёни Худам ва ҳар махлуқе ки бар замин аст».
18Писарони Нӯҳ, ки аз киштӣ берун омаданд, Сом, Ҳом ва Ёфат буданд. Ва Ҳом падари Канъон аст.
19Ин се нафар писарони Нӯҳ буданд, ва аз онҳо тамоми замин маскун гашт.
Гуноҳи Ҳом.
20Ва Нӯҳ ба коркарди замин шурӯъ намуд, ва токзоре шинонд.
21Ва шароб нӯшида, маст шуд, ва дар хаймаи худ бараҳна хобид.
22Ва Ҳом, падари Канъон, аврати падари худро дид, ва берун баромада, ба ду бародараш нақл кард.
23Сом ва Ёфат ҷомаро гирифта, бар китфи худ партофтанд, ва ақибнокӣ рафта, аврати падари худро пӯшониданд; ва азбаски рӯяшон ба ақиб нигаронида шуда буд, онҳо аврати падари худро надиданд.
Нубуввати Нӯҳ.
24Ва Нӯҳ аз нашъаи шароби худ ҳушьёр шуда, фаҳмид, ки писари хурдияш дар ҳаққи ӯ чӣ кор кардааст;
25Ва гуфт:
«Канъон малъун бод; пеши бародарони худ
бандаи бандагон бошад».
26Ва гуфт:
«Муборак аст Худованд
Худои Сом; бигзор
Канъон бандаи Сом бошад.
27Худо Ёфатро вусъат диҳад;
ва дар хаймаҳои Сом маскан гирад;
ва Канъон бандаи онҳо бошад».
Насли Нӯҳ.
28Ва Нӯҳ баъд аз тӯфон сесаду панҷоҳ сол бизист.
29Пас тамоми айёми Нӯҳ нӯҳсаду панҷоҳ сол буд; ва ӯ мурд.
Pašlaik izvēlēts:
Ҳастӣ 9: KM92
Izceltais
Dalīties
Kopēt
Vai vēlies, lai tevis izceltie teksti tiktu saglabāti visās tavās ierīcēs? Reģistrējieties vai pierakstieties