Ҳастӣ 6
6
БОБИ ШАШУМ
Тӯфон. Сабабҳои ғазаби Худо.
1Ва чун одамон бар рӯи замин афзудан гирифтанд, ва ба онҳо духтарон таваллуд шуданд,
2Писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд, ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд.
3Ва Худованд гуфт: «Рӯҳи Ман дар одамизод доим нахоҳад монд, зеро ки вай башар аст; бигзор айёми вай саду бист сол бошад».
4Дар он рӯзгорон дар замин баҳодурон буданд, алалхусус баъд аз замоне ки писарони Худо назди духтарони одамизод омаданд, ва онҳо барояшон фарзанд оварданд. Ин паҳлавонон аз қадимулайём мардони номвар буданд.
Сарнавишт дар бораи доварӣ.
5Ва Худованд дид, ки бадкирдории одамизод дар замин бисьёр аст, ва ҳамаи фикру андешаҳои дили ӯ ҳамеша фақат бад аст.
6Ва Худованд пушаймон шуд, ки одамизодро бар замин ба вуҷуд овард, ва дилаш маҳзун шуд.
7Ва Худованд гуфт: «Одамизодро, ки офаридаам, аз рӯи замин маҳв месозам, аз одамизод то чорпоён, то ҳайвоноти хазанда ва то паррандагони осмон маҳв месозам; зеро пушаймонам, ки онҳоро ба вуҷуд овардаам».
Сарнавишт дар бораи файз.
8Аммо Нӯҳ дар назари Худованд илтифот ёфт.
9Ин аст насаби Нӯҳ: Нӯҳ марди одил буд, ва дар насли худ покдоман; Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт.
10Ва Нӯҳ се писар: Сом, Ҳом ва Ёфатро ба дуньё овард.
11Ва замин пеши Худо фосид шуд, ва замин аз ситам пур шуд.
12Ва Худо заминро дид, ки инак, он фосид шудааст: зеро ки ҳар башар роҳи худро бар замин фосид кардааст.
13Ва Худо ба Нӯҳ гуфт: «Интиҳои ҳар башар пеши Ман фаро расидааст; зеро ки замин аз дасти онҳо аз ситам пур шудааст. Ва инак, Ман онҳоро аз замин нест мекунам.
14Барои худ киштие аз чӯби ҷӯфар бисоз; лонаҳо дар киштӣ бино кун, ва онро аз дарун ва аз берун қир бимол.
15Ва онро ин тавр бисоз: қади киштӣ сесад зироъ бошад, бари он — панҷоҳ зироъ, ва баландии он — сӣ зироъ.
16Равзане дар киштӣ бисоз, ва онро ба зирое аз боло тамом кун, ва дари киштиро аз паҳлуи он бигузор; ва қабатҳои поён, миёна ва боло дар он бисоз.
17Ва инак, Ман тӯфони обро бар замин меоварам, то ҳар махлуқеро, ки рӯҳи ҳаёт дар он бошад, аз зери осмон нест кунам; ва ҳар чӣ бар замин аст, хоҳад мурд.
18Ва аҳди Худро бо ту барқарор мекунам, ва ба киштӣ медароӣ, ту, ва писаронат, ва занат, ва занони писаронат бо ту.
19Ва аз тамоми ҳайвонот, аз ҳар махлуқе ҷуфте ба киштӣ дохил кун, то ки бо худ зинда нигоҳ дорӣ: нар ва мода бошанд.
20Аз паррандагон мувофиқи ҷинсашон, ва аз чорпоён мувофиқи ҷинсашон, ва аз тамоми ҳайвоноти хазандаи замин мувофиқи ҷинсаш, ҷуфт‐ҷуфт аз ҳама назди ту оянд, то ки зинда нигоҳ дорӣ.
21Ва аз ҳар озуқае ки хӯрда шавад, бигир ва назди худ захира намо, то ки барои ту ва онҳо хӯрок бошад».
22Ва Нӯҳ чунин кард; ҳар он чиро, ки Худо ба ӯ фармуда буд, ба ҷо овард.
Pašlaik izvēlēts:
Ҳастӣ 6: KM92
Izceltais
Dalīties
Kopēt
Vai vēlies, lai tevis izceltie teksti tiktu saglabāti visās tavās ierīcēs? Reģistrējieties vai pierakstieties