YouVersion logotips
Meklēt ikonu

Ҳастӣ 26

26
БОБИ БИСТУ ШАШУМ
Аҳде ки бо Иброҳим баста шудааст,
ба Исҳоқ мегузарад.
1Ва қаҳтие дар он замин рӯй дод, ба замми он қаҳтии аввал, ки дар айёми Иброҳим рӯй дода буд; ва Исҳоқ назди Абималик подшоҳи фалиштиён ба Ҷарор рафт.
2Ва Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт: «Ба Миср нарав, балки дар замине ки ба ту бигӯям, маскан гир.
3Дар ин замин мусофират кун; ва бо ту хоҳам буд, ва туро баракат хоҳам дод; зеро ки ба ту ва ба насли ту ҳамаи ин заминҳоро хоҳам дод, ва қасамеро, ки ба падарат Иброҳим ёд кардаам, бо ҷо хоҳам овард.
4Ва насли туро мисли ситорагони осмон афзун хоҳам кард; ва ҳамаи ин заминҳоро ба насли ту хоҳам дод; ва дар насли ту ҳамаи халқҳои рӯи замин баракат хоҳанд хост,
5Ба хотири он ки Иброҳим ба овози Ман гӯш дод ва он чиро, ки ба риоя карданаш амр фармуда будам: аҳкоми Маро, фароизи Маро ва қонунҳои Маро риоя кард».
Маъсияти Исҳоқ.
6Ва Исҳоқ дар Ҷарор маскан гирифт.
7Ва мардуми он макон аз ӯ дар бораи занаш пурсиданд, ва ӯ гуфт: «Вай хоҳари ман аст», зеро тарсид бигӯяд: «Зани ман аст», мабодо, гуфт ба дилаш, мардуми ин ҷо маро аз барои Ривқо бикушанд, чунки вай хушрӯй аст.
8Ва чун муддати дарозе ӯ дар он ҷо истиқомат кард, чунин воқеъ шуд, ки Абималик, подшоҳи фалиштиён, аз тиреза назар афканда, дид, ки инак Исҳоқ бо зани худ Ривқо ишқбозӣ мекунад.
9Ва Абималик Исҳоқро хонда, гуфт: «Ҳамоно, вай зани туст, пас чаро гуфтӣ: „Хоҳари ман аст“?» Ва Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Ба он сабаб гуфтам, ки мабодо барои вай бимирам».
10Ва Абималик гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба мо кардӣ? Қариб буд, ки яке аз халқ бо занат ҳамхоб шавад, ва ту бар мо гуноҳе меовардӣ».
11Ва Абималик ба тамоми халқ амр фармуда, гуфт: «Касе ки ба ин одам ва ба зани ӯ дасти тааддӣ дароз кунад, гирифтори марг хоҳад шуд».
12Ва Исҳоқ дар он замин зироат кард, ва дар он сол садчандон ҳосил бардошт: Худованд ӯро баракат дод.
13Ва ин мард бузург шуд, рафта‐рафта бузург шудан гирифт, то ба дараҷае ки бағоят бузург шуд.
14Ва ӯро рамаҳои гӯсфандон ва рамаҳои говон, ва ғуломону канизони зиёде буд, ва фалиштиён ба ӯ ҳасад бурданд.
15Ва ҳамаи чоҳҳоеро, ки ғуломони падараш дар айёми падараш Иброҳим канда буданд, фалиштиён бастанд ва аз хок пур карданд.
16Ва Абималик ба Исҳоқ гуфт: «Аз назди мо бирав, зеро ки аз мо хеле пурзӯртар шудаӣ».
Исҳоқ чоҳ меканад.
17Ва Исҳоқ аз он ҷо бирафт, ва дар водии Ҷарор фурӯд омад, ва дар он ҷо маскан гирифт.
18Ва чоҳҳои обро, ки дар айёми падараш Иброҳим канда буданд, ва фалиштиён онҳоро баъд аз вафоти Иброҳим баста буданд, Исҳоқ аз сари нав канд, ва ба онҳо ҳамон номҳоро дод, ки падараш ба онҳо дода буд.
19Ва ғуломони Исҳоқ дар он водӣ ҳафра заданд, ва чоҳи оби зиндае дар он ҷо ёфтанд.
20Ва чӯпонҳои Ҷарор бо чӯпонҳои Исҳоқ ҷанҷол карда, гуфтанд: «Ин об аз они мост». Ва ӯ он чоҳро Эсак#26:20 Баҳс. номид, зеро ки бо ӯ баҳс карданд.
21Ва чоҳи дигаре канданд; барои он низ ҷанҷол карданд; ва ӯ онро Ситно#26:21 Тӯҳмат. номид.
22Ва аз он ҷо кӯч карда, чоҳи дигаре канд, ва барои он ҷанҷол накарданд; ва ӯ онро Раҳӯбӯт#26:22 Вусъат. номида, гуфт, ки акнун Худованд маро вусъат дод, ва мо дар замин борвар хоҳем шуд.
23Ва аз он ҷо ба Беэр‐Шобаъ омад.
24Ва дар ҳамон шаб Худованд бар ӯ зоҳир гардида, гуфт:
«Ман Худои падарат Иброҳим ҳастам;
натарс, зеро ки Ман бо ту ҳастам,
ва туро баракат медиҳам, ва насли туро,
ба хотири бандаи Худ Иброҳим, афзун хоҳам кард».
25Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва исми Худовандро хонд, ва хаймаи худро дар он ҷо барафрошт, ва ғуломони Исҳоқ чоҳе дар он ҷо канданд.
26Ва Абималик ҳамроҳи Аҳузат, ки яке аз ёронаш буд, ва Фикӯл, ки сипаҳсолораш буд, аз Ҷарор назди ӯ омад.
27Ва Исҳоқ ба онҳо гуфт: «Чаро назди ман омадед, дар сурате ки бо ман адоват карда ва маро аз назди худ ронда будед?»
28Гуфтанд: «Кушоду равшан дидем, ки Худованд бо туст, бинобар ин гуфтем: қасаме дар миёни мову ту бошад, ва аҳде бо ту бибандем,
29То ки ба мо бадӣ накунӣ, чунон ки ба ту осебе нарасондем, балки ба ту фақат некӣ кардем ва туро ба саломатӣ фиристодем, ва акнун ту мубораки Худованд ҳастӣ».
30Ва ӯ барои онҳо зиёфате барпо намуд, ва онҳо хӯрданд ва нӯшиданд.
31Ва бомдодон бархоста, ба якдигар қасам ёд карданд; ва Исҳоқ бо онҳо видоъ намуд, ва онҳо аз пеши ӯ ба саломатӣ рафтанд.
32Ва дар он рӯз чунон воқеъ шуд, ки ғуломони Исҳоқ омада, ӯро аз он чоҳе ки меканданд, хабар дода, гуфтанд: «Об ёфтем».
33Ва ӯ онро Шибъо номид. Аз ин сабаб он шаҳр то имрӯз Беэр‐Шобаъ ном дорад.
34Ва чун Эсов чилсола буд, Яҳудит духтари Беэри ҳиттӣ ва Босмат духтари Элӯни ҳиттиро ба занӣ гирифт.
35Ва онҳо сабаби ғаму ғуссаи Исҳоқ ва Ривқо буданд.

Pašlaik izvēlēts:

Ҳастӣ 26: KM92

Izceltais

Dalīties

Kopēt

None

Vai vēlies, lai tevis izceltie teksti tiktu saglabāti visās tavās ierīcēs? Reģistrējieties vai pierakstieties