Матто* 15

15
Урфу одатҳои аҷдодон
1Сипас, чанд нафар фарисиёну устодони шариат аз Уршалим ба назди Исо омада пурсиданд: 2«Чаро шогирдони Ту урфу одатҳои аҷдодони моро вайрон мекунанд? Онҳо дастонашонро нашуста хӯрок мехӯранд!»
3Ӯ ҷавоб дод: «Чаро худатон барои иҷро кардани урфу одатҳоятон фармудаҳои Худоро вайрон мекунед? 4Худо ба мо фармудааст: „Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“#15:4 Хуруҷ 20:12; Такрори Шариат 5:16 ва „агар касе волидонашро лаънат кунад, ҳатман кушта шавад“.#15:4 Хуруҷ 21:17 5Шумо бошед, таълим медиҳед, ки агар касе ба падару модараш ёрӣ надода, он чизро ба Худо бахшад, 6он гоҳ ҳоҷат нест, ки падарашро эҳтиром кунад. Ҳамин тавр шумо ба хотири урфу одатҳоятон фармудаҳои Худоро барҳам медиҳед. 7Эй одамони дурӯя! Ишаъё пайғамбар дар бораи шумо дуруст пешгӯйӣ кардааст:
8„Худо мегӯяд, ки ин одамон фақат бо забон Маро ҳурмат мекунанд,
вале дилашон аз Ман дур аст.
9Онҳо Маро беҳуда парастиш мекунанд,
чунки қоидаҳои инсониро ҳамчун қонуни Худо таълим медиҳанд!“»#15:9 Ишаъё 29:13
Чизҳое, ки одамро ҳаром мекунанд
10Баъд Исо мардумро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ҳамин чизро донед, ки 11он чи ба даҳон медарояд, одамро ҳаром намекунад, балки он чи аз даҳон мебарояд, ӯро ҳаром мекунад».
12Он гоҳ шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда гуфтанд: «Фарисиён аз суханони Ту ранҷиданд».
13Исо дар ҷавоб гуфт: «Ҳар растание, ки Падари осмонии Ман нашинондааст, бо решааш канда партофта мешавад. 14Ба фарисиён аҳамият надиҳед. Онҳо худашон кӯр ҳастанду боз кӯрони дигарро роҳнамоӣ мекунанд. Агар кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳар дуяшон ба чоҳ меафтанд».
15Дар ин вақт Петрус аз Исо пурсид: «Он чи ба даҳан медарояд, одамро ҳаром намекунад гуфтӣ, ин масал чӣ маъно дорад?» 16Исо ба онҳо гуфт: «Наход то ҳол нафаҳмида бошед? 17Магар намедонед, ки он чи шумо мехӯред, аз даҳон медарояду баъд аз шикам гузашта берун мебарояд? 18Лекин он чи аз даҳан мебарояд, одамро ҳаром мекунад, чунки он аз дили одам бармеояд. 19Зеро аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, гуноҳи ҷинсӣ, дуздӣ, шаҳодати бардурӯғ ва туҳмат пайдо мешавад. 20Ин гуна чизҳо одамро ҳаром мекунанд. Аммо дастро нашуста хӯрок хӯрдан одамро ҳаром намекунад».
Имони як зани ғайрияҳудӣ
21Исо аз он ҷо баромада, ба наздикиҳои шаҳрҳои Суру Сидун рафт. 22Як зани канъонӣ, ки дар он маҳал зиндагӣ мекард, додзанон омада гуфт: «Эй Хоҷа, насли шоҳ Довуд! Ба ман раҳм бикун! Духтарам ҷинзада асту бисёр азоб мекашад».
23Аммо Исо ҳеҷ ҷавобе надод. Шогирдонаш ба Ӯ наздик шуда, хоҳиш карда гуфтанд: «Ин зан додзанону нолакунон аз дунболи мо омада истодааст. Ӯро ҷавоб бидеҳ!» 24Исо гуфт: «Ман фақат ба назди гӯсфандони гумроҳшудаи халқи Исроил фиристода шудаам!»
25Лекин он зан назди Исо омада, зону зада гуфт: «Эй Хоҷа, ба ман ёрӣ деҳ!» 26Вай ҷавоб гардонд: «Нони фарзандонро гирифта, ба назди сагон партофтан нодуруст аст».
27«Рост мегӯйӣ, Хоҷаам, – гуфт дар ҷавоб зан, – лекин сагон ҳам нонрезаҳои аз дастархони соҳибонашон афтодаро мехӯранд». 28Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Имонат боқувват аст, эй зан! Он чи мехостӣ, бароят иҷро мешавад». Худи ҳамон лаҳза духтари зан шифо ёфт.
Шифо ёфтани бисёр беморон
29Исо он ҷойро тарк карда қад-қади баҳри Ҷалил рафта ба кӯҳе баромада, дар он ҷо нишаст. 30Ба назди Ӯ тӯда-тӯда одамон омада, бо худ одамони лангу маъюб, кӯру гунг ва боз ҳар гуна беморони гуногунро оварда, пеши пойҳояш мегузоштанд ва Исо онҳоро шифо медод. 31Дар пеши назари мардум гунгҳо гап мезаданду лангҳо роҳ мерафтанд, кӯрон бино ва маъюбон сиҳат мегаштанд. Инро дида ҳама ҳайрон монданд ва Худои Исроилро ситоиш карданд.
Сер кардани чор ҳазор кас
32Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва дигар хӯрдание надоранд. Ман намехоҳам, ки онҳоро аз пеши Худ гурусна ҷавоб диҳам, мабодо дар роҳ беҳол нашаванд». 33Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Аз куҷо дар биёбон он қадар нон ёбем, ки чунин мардуми зиёдро сер кунем?» 34Исо аз онҳо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» «Ҳафтто, – ҷавоб доданд онҳо – ва якчанд моҳии майда ҳам дорем».
35Ӯ ба мардум фармуд, ки рӯйи замин бишинанд. 36Баъд Ӯ ҳафт нону моҳиро гирифта, Худоро шукр гуфта, онҳоро пора кард ва ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро ба мардум тақсим карданд. 37Мардум то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон ҳафт сабадро аз нонпораҳои боқимонда пур карданд. 38Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон чор ҳазор нафар буд.
39Сипас, Исо мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ савор шуда, ба сарзамини Маҷдал рафт.

Šiuo metu pasirinkta:

Матто* 15: KMO

Paryškinti

Dalintis

Kopijuoti

None

Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės