Матто* 12
12
Савол дар бораи рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат
1Рӯзе Исо аз байни киштзорҳои гандум мегузашт. Ин рӯзи шанбе буд ва шогирдонаш гурусна монда, хӯшаҳои гандумро канда, донаҳояшро мехӯрданд. 2Баъзе фарисиён инро дида назди Исо омада гуфтанд: «Инро бин, шогирдони Ту кореро карда истодаанд, ки дар рӯзи шанбе кардани он раво нест». 3Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд? 4Ӯ ба хонаи Худо даромада нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд. Ҳол он ки аз рӯйи шариат ӯ ва ҳамроҳонаш ба ин ҳақ надоштанд, чунки хӯрдани он нон фақат ба коҳинон мумкин буд. 5Ё наход дар шариати Мусо нахонда бошед, ки коҳинон ҳангоми дар маъбади Худо иҷро кардани вазифаҳои худ, қоидаҳои рӯзи шанберо вайрон мекунанд, вале айбдор ҳисоб намешаванд? 6Аммо ҳаминро дониста бошед, ки Шахси бузургтар аз маъбади Худо дар ин ҷост. 7Дар навиштаҷот Худо гуфтааст: „Ман мехоҳам, ки одамон раҳму шафқат нишон диҳанд, на қурбониҳо кунанд“.#12:7 Ҳушаъ 6:6 Агар шумо маънои ин гуфтаҳоро мефаҳмидед, одамони беайбро айбдор намекардед. 8Охир Писари Одамизод Хоҷаи рӯзи шанбе аст».
Шифо додан дар рӯзи шанбе
9Сипас, Исо аз он ҷо рафта, ба ҷамоатхона даромад. 10Дар он ҷо марде буд, ки дасташ хушк шуда буд. Баъзе аз ҳозирон, ки Исоро айбдор кардан мехостанд, аз Ӯ пурсиданд: «Оё аз рӯйи шариат дар рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат одамро шифо додан мумкин аст?»
11Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Агар шумо як гӯсфанде дошта бошеду он дар рӯзи шанбе ба чуқурӣ афтад, магар рафта, онро аз чоҳ намебароред? 12Қадри инсон бошад аз гӯсфанд хеле баландтар аст. Пас дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост». 13Баъд ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард ва он мисли дасти дигараш сиҳат шуд. 14Он гоҳ фарисиён аз ҷамоатхона берун баромада нақшаи куштани Исоро кашиданд. 15Аммо Исо инро фаҳмида, аз он маҳалла баромада рафт.
Хизматгори интихобшудаи Худо
Одамони зиёд низ аз пайи Исо рафтанд ва Ӯ ҳамаи беморонро шифо дода, 16ба онҳо фармон дод, ки дар бораи Ӯ овоза паҳн накунанд. 17Ба ин восита пешгӯйии Ишаъё пайғамбар ба амал омад, ки гуфта буд:
18«Ин хизматгори Ман аст, ки Ӯро интихоб кардаам.
Ӯ маҳбуби Ман ва боиси шодмониам аст.
Ман Рӯҳамро бар Ӯ мефиристам
ва Ӯ ба ҳамаи халқҳо адолатамро эълон мекунад.
19Ӯ бо ҳеҷ кас баҳс намекунад ё дод намезанад ё касе дар кӯчаҳо садои Ӯро нахоҳад шунид.
20То даме ки ростиро пойдор накунад,
касеро, ки мисли қамиши хамшуда аст, нобуд намекунад
ва касеро, ки ба монанди пилтаи нимсӯхтаи чароғ аст, хомӯш намесозад.
21Ҳамаи халқҳои рӯйи замин дар Ӯ умеди наҷотро мебинанд».#12:21 Ишаъё 42:1-4
Исо ва сардори ҷинҳо
22Сипас, ба назди Исо марди ҷинзадаеро оварданд, ки аз сабаби ҷин доштанаш кӯр ва гунг буд. Исо вайро шифо дод ва ӯ ҳам бинову ҳам гӯё шуд. 23Тамоми мардум аз ин ҳодиса ба ҳайрат афтода мегуфтанд: «Магар ин Шахс насли Довуд нест, ки мо интизораш ҳастем?» 24Лекин фарисиён инро шунида чунин мегуфтанд: «Ӯ ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул, ки сардори ҷинҳо аст, берун мекунад».
25Исо, ки аз фикрҳои фарисиён бохабар буд, ба онҳо гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар шаҳр ё хонаводае, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, устувор намемонад. 26Агар шайтон худашро берун кунад, магар ин аломати он нест, ки ӯ дар дохили худ ба ду қисм ҷудо шудааст. Пас, наход ҳукмронии ӯ давом меёфта бошад? 27Агар Ман ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул берун кунам, пайравони шумо бо чӣ берун мекунанд? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Онҳо исбот мекунанд, ки шумо нодуруст фикр мекунед.
28Аммо, агар Ман ба воситаи Рӯҳи Худо ҷинҳоро берун кунам, аз ин бармеояд, ки Подшоҳии Худо аллакай ба шумо омадааст. 29Инчунин чӣ гуна кас метавонад ба хонаи шахси пурзӯр даромада, молу мулкашро дуздад, ба ғайр аз он ки аввал дасту пойи он мардро бандад ва он вақт хонаи ӯро ғорат кунад.
30Ҳар кӣ бо Ман нест, муқобили Ман аст ва ҳар кӣ бо Ман одамонро назди Худо намеорад, онҳоро аз Худо дур мекунад. 31Аз ин рӯ, ба шумо мегӯям, ҳар гуноҳ ва сухани куфри инсон бахшида мешавад, вале касеро, ки бар зидди Рӯҳулқудс сухани куфр мегӯяд, Худо ҳаргиз намебахшад. 32Ҳар кас ки бар зидди Писари Одамизод сухан мегӯяд, бахшида мешавад, вале касе ки бар зидди Рӯҳулқудс сухане мегӯяд, Худо ӯро дар ду дунё намебахшад.
Дарахт ва меваи он
33Дарахти солим меваи хуб медиҳад, дарахти бад бошад, меваи бад медиҳад. Пас, чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад. 34Эй морзодагон! Дар сурате ки худатон бад ҳастед, чӣ гуна суханони нек гуфта метавонед? Он чизе ки дар дилатон ҳаст, лабрез шуда, аз забонатон мебарояд. 35Шахси нек аз хазинаи некаш чизҳои нек ва шахси бад аз хазинаи бадаш чизҳои бад берун меорад.
36Ҳаминро дониста бошед, ки дар рӯзи қиёмат шумо барои ҳар сухани ноҳақе, ки гуфтаед, ҷавоб хоҳед дод. 37Чунки аз рӯйи суханони худатон шумо ё сафед карда мешавед ё гунаҳкор ҳисоб мешавед».
Талаб кардани аломат
38Он гоҳ баъзе аз фарисиён ва устодони шариат ба Исо гуфтанд: «Устод, мехостем, ки аз ҷониби Худо ба мо ягон аломате нишон диҳӣ». 39Лекин Исо ҷавоб дод: «Эй насли баду бевафо, шумо аломате талаб мекунед, вале ғайр аз аломати Юнус пайғамбар ба шумо аломати дигаре дода намешавад. 40Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯзро дар шиками моҳӣ гузаронда буд, ҳамон тавр Писари Одамизод се шабу се рӯзро дар зери хок мегузаронад.
41Дар рӯзи қиёмат бошад, сокинони Нинве бархеста, ин наслро айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки аз Юнус дида Шахси бузургтар дар ин ҷост! 42Дар рӯзи қиёмат маликаи сарзамини Сабо бархеста ин наслро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки аз Сулаймон дида Шахси бузургтар дар ин ҷост!
Баргаштани рӯҳи нопок
43Вақте ки рӯҳи нопок, яъне ҷин аз шахсе берун меравад, вай бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро намеёбад. 44Ниҳоят рӯҳи нопок мегӯяд: „Ба хонаи пештараам бармегардам“ ва баргашта мебинад, ки ин хона холӣ ва батартибу рӯбучин шудааст. 45Пас рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро ҳамроҳаш гирифта меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш бадтар хоҳад буд. Бо насли бади ин замона чунин ҳодиса рӯй хоҳад дод».
Модар ва бародарони Исо
46Ҳангоме ки Исо ҳанӯз ба мардум сухан гуфтанро давом медод, модару бародаронаш омаданд. Онҳо берун аз хона истода, хоҳиш карданд, ки бо Исо гап зананд. 47Касе аз байни одамон ба Исо гуфт: «Устод, модар ва бародаронат дар берун истодаанд ва мехоҳанд, ки бо Ту гап зананд».
48Исо дар ҷавоб гуфт: «Модари Ман кист ва бародарони Ман кистанд?» 49Баъд бо дасташ сӯйи шогирдонаш ишора карда, суханашро давом дод: «Инҳо модар ва бародарони Ман ҳастанд! 50Ҳар касе, ки хости Падари осмониамро иҷро мекунад, бародар, хоҳар ва модари Ман аст».
Šiuo metu pasirinkta:
Матто* 12: KMO
Paryškinti
Dalintis
Kopijuoti
Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад