Луқо* 1
1
Сарсухан
1-3Мӯҳтарам Теофилус!
Бисёр касон аз рӯйи нақлҳое, ки шоҳидону хизматчиёни аввалини хушхабар ба мо расондаанд, бо тартиб навиштани воқеаҳоеро сар карданд, ки дар байни мо рӯй дода буданд. Аз ин рӯ, ман ҳам ин воқеаҳоро аз аввал бодиққат омӯхта, лозим донистам, ки онҳоро бо тартиб ба шумо бинависам, 4то дуруст будани таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаед, бидонед.
Пешгӯйӣ дар бораи Яҳёи Таъмиддиҳанда
5Дар замони ҳукмронии Ҳиродус – подшоҳи сарзамини Яҳудия, коҳине зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Абиёи коҳин буд. Вай Закарё ном дошт ва занаш Элишабаъ аз авлоди Ҳоруни коҳин буд. 6Ин зану шавҳар дар назари Худо росткор буданд ва тамоми фармону қонунҳои Худовандро пурра иҷро мекарданд. 7Онҳо ягон фарзанд надоштанд, чунки Элишабаъ зани нозой буд, ғайр аз ин ҳар дуяшон аллакай пир шуда буданд.
8Вақте ки навбати хизмат ба гурӯҳи Закарё расид, ӯ ҳамчун коҳин дар пеши Худо машғули иҷрои вазифааш шуд. 9Мувофиқи расми коҳинон барои муайян кардани касе, ки ба маъбади Худованд даромада, хушбӯйиҳоро месӯзонад, қуръа партофтанд. Қуръа ба номи Закарё афтид. 10Вақте ки Закарё машғули сӯзондани хушбӯйӣ буд, тамоми мардум дар берун истода дуо мекарданд.
11Он вақт фариштаи Худованд ба Закарё зоҳир шуда дар тарафи рости қурбонгоҳ, ки дар он хушбӯйиҳо месӯзониданд, истод. 12Ҳамин ки Закарё ӯро дид, ҳаросон шуд ва вуҷудашро воҳима зер кард. 13Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Эй Закарё, натарс. Дуоят ба даргоҳи Худо қабул шуд. Ҳамсарат Элишабаъ писаре таваллуд мекунад ва ту ӯро Яҳё ном хоҳӣ гузошт. 14Шодиву хурсандӣ насибат мегардад ва таваллуди ин кӯдак боиси хушнудии бисёриҳо мешавад, 15зеро ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад шуд. Ӯ бояд ҳеҷ вақт шаробу май нанӯшад. Вақте ки кӯдак ҳанӯз дар батни модараш аст, қудрати Рӯҳулқудс, яъне қудрати Рӯҳи Худо бо ӯ хоҳад буд. 16Ӯ аз байни халқи Исроил бисёр касонро ба сӯи Худованд Худои онҳо бармегардонад. 17Вай ҳам мисли Илёс пайғамбар дар рӯҳ ва қудрат пешопеши Худованд қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандонашон наздик карда, саркашонро ба ҳикмати некукорон орад ва бо ин роҳ барои Худованд халқро тайёр кунад».
18Закарё аз фаришта пурсид: «Аз куҷо мефаҳмам, ки ин иҷро мешавад? Охир ману занам пир шудаем». 19Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Ман Ҷаброил ҳастам ва дар ҳузури Худо меистам. Ӯ маро фиристод, то ки бо ту гап зада, ин хабари хушро ба ту бирасонам. 20Вале чун ба суханонам, ки дар вақти муайяншуда иҷро хоҳанд шуд, бовар накардӣ, ҳоло гунг мешавӣ ва то он рӯзе, ки ҳамаи гуфтаҳоям ба амал наоянд, сухане гуфта наметавонӣ».
21Мардуме, ки интизори Закарё буданд, ҳайрон шуданд, ки чаро ӯ аз маъбади Худо набаромада истодааст. 22Ҳангоме ки Закарё берун омад, ӯ гап зада наметавонист ва онҳо фаҳмиданд, ки дар маъбади Худо ба вай чизе аён шудааст. Ӯ гунг шуда буд, аз ин сабаб бо одамон бо имову ишора гап мезад. 23Ҳамин ки вақти хизмати Закарё ба охир расид, вай ба хонааш баргашт.
24Баъд аз ин зани вай Элишабаъ ҳомиладор шуд ва панҷ моҳ аз хона набаромад. Элишабаъ гуфт: 25«Ин кори Худованд аст, Ӯ ба ман назар кард ва шармандагии маро аз миёни мардум бардошт».
Хабар дар бораи таваллуди Исо
26Дар моҳи шашуми ҳомиладории Элишабаъ Худо фаришта Ҷаброилро ба шаҳри Носираи вилояти Ҷалил фиристод. 27Ӯ ба назди Марям ном духтаре омад. Марям номзади Юсуф, як марде аз авлоди шоҳ Довуд буд. 28Фаришта пеши Марям омада, гуфт: «Салом, эй писандидаи Худо! Худованд бо туст». 29Марям аз ин суханони фаришта сахт дар ҳайрат афтода, худ ба худ фикр мекард, ки маънои ин салом чӣ бошад. 30Фаришта бошад, ба ӯ гуфт: «Натарс, Марям, зеро ту ба Худо писанд омадӣ. 31Ту ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунӣ ва номашро Исо мегузорӣ. 32Ӯ бузург мегардад ва Писари Худои Таоло хонда мешавад. Худованд Худо тахти аҷдодаш Довудро ба Ӯ медиҳад. 33Ӯ то абад бар халқи Яъқуб ҳукмронӣ мекунаду подшоҳиаш ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад».
34Марям ба фаришта гуфт: «Ман чӣ тавр ҳомиладор мешавам, ки ҳанӯз духтар ҳастам?» 35Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯҳулқудс вуҷудатро фаро мегирад ва қудрати Худои Таоло дар ту амал мекунад. Аз ин сабаб он кӯдаке, ки ту таваллуд мекунӣ, муқаддас ва Писари Худо номида хоҳад шуд. 36Охир хеши ту Элишабаъ ҳам, ки ҳарчанд ӯро нозой мешумориданд, дар пиронсолӣ писардор мегардад ва аллакай моҳи шашуми ҳомиладориаш аст. 37Барои Худо ҳеҷ чизи ғайриимкон нест!» 38Марям гуфт: «Ман бандаи Худованд ҳастам ва бигзор ҳар чизе, ки гуфтед, иҷро шавад». Сипас, фаришта аз пеши ӯ рафт.
Вохӯрии Марям бо Элишабаъ
39Баъд аз ин Марям бошитоб ба шаҳре, ки дар кӯҳистони Яҳудия воқеъ буд, равона шуд. 40Вақте ки ба он ҷо расид, ба хонаи Закарё даромада, бо Элишабаъ салом кард. 41Чун Элишабаъ саломи Марямро шунид, тифл дар батнаш ба ҷунбиш омад ва Элишабаъ аз Рӯҳулқудс пур шуда, 42бо овози баланд хитоб намуд: «Ту аз байни ҳамаи занони дунё бештар баракат ёфтаӣ ва он кӯдаке, ки дар батн дорӣ, баракат ёфтааст! 43Ман кистам, ки модари Хоҷаам ба диданам омадааст? 44Нигоҳ кун! Ҳамин ки саломи ту ба гӯшам расид, аз шодӣ кӯдак дар батнам ба ҷунбиш омад. 45Хушбахт ҳастӣ ту, ки ба иҷро шудани гуфтаҳои Худованд бовар кардӣ».
Таронаи Марям
46Марям гуфт:
«Ҷони ман Худовандро ситоиш мекунад
47ва рӯҳам аз Худои Наҷотдиҳандаам шод аст,
48чунки Худо ба ман барин канизи ночизаш назар кардааст.
Баъд аз ин ҳамаи наслҳо маро хушбахт хоҳанд хонд,
49зеро Худои Пурқудрат, ки номаш муқаддас аст,
бароям корҳои бузурге кардааст.
50Ӯ насл ба насл раҳму шафқати Худро ба касоне нишон медиҳад, ки худотарс ҳастанд.
51Ӯ корҳои бузург нишон дод
ва онҳоеро, ки дилашон мағрур буд, ба ҳар сӯ парешон сохт.
52Ҳокимонро аз тахтҳояшон ба зер афканд,
вале одамони хоксорро сарбаланд кард;
53гуруснагонро аз нозу неъматҳояш сер намуда,
сарватмандонро бо дасти холӣ ронд;
54-55 ба хотири раҳму шафқаташ,
ҳамон тавре ки ба аҷдодони мо, яъне ба Иброҳим ва авлоди ӯ то абад ваъда дода буд,
ба бандаи Худ Исроил ёрӣ расонд».
56Марям қариб се моҳ дар назди Элишабаъ монд ва баъд ба хонаи худ баргашт.
Таваллуди Яҳё
57Вақти таваллуд кардани Элишабаъ фаро расид ва ӯ писаре ба дунё овард. 58Ҳамсояҳо ва хешовандонаш фаҳмиданд, ки Худованд дар ҳаққи вай раҳми бузурге кардааст ва ба шодии ӯ шарик шуданд.
59Вақте ки кӯдак ҳаштрӯза шуд, ҳамаи онҳо ҷамъ шуданд, то дар рӯзи хатнаи кӯдак иштирок кунанд ва хостанд ӯро монанди падараш Закарё ном гузоранд. 60Вале модараш гуфт: «Не, номи ӯ Яҳё мешавад». 61Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Охир, дар байни хешонат ҳеҷ кас ин хел ном надорад». 62Баъд бо имову ишора аз Закарё пурсиданд, ки ӯ кӯдакро чӣ ном мондан мехоҳад? 63Вай тахтачаеро талаб карда, ба рӯйи он навишт «Номи ӯ Яҳё аст» ва ҳама ҳайрон шуданд. 64Ҳамин вақт забони Закарё кушода шуду ӯ ба гап даромада Худоро ҳамду сано хонд.
65Ҳамаи ҳамсояҳо ба тарс афтоданд ва ин воқеаҳоро дар сар то сари кӯҳистони Яҳудия нақл мекарданд. 66Онҳое, ки нақлашонро мешуниданд, дар дили худ чунин мегуфтанд: «Ин кӯдак кӣ мешуда бошад?!» Зеро маълум буд, ки қуввати Худованд бар ин кӯдак буд.
Пешгӯйии Закарё
67Падари кӯдак Закарё аз Рӯҳулқудс пур шуду пешгӯйӣ карда, чунин гуфт:
68«Ҳамду сано ба Худованд Худои Исроил!
Зеро Ӯ ба ёрии халқи Худ омада, онро озод кард.
69Ӯ барои мо аз авлоди бандааш Довуд
Наҷотдиҳандаи пурқудратро пайдо кард,
70Чун аз қадим бо забони пайғамбарони муқаддаси Худ гуфта буд,
71ки моро аз душманонамон
Ва аз дасти ҳамаи онҳое, ки моро бад мебинанд, наҷот медиҳад.
72-73 Ҳамин тавр Ӯ аз рӯйи ваъдае, ки ба аҷдодонамон дода буд,
Ба мо раҳму шафқат нишон дод.
Инчунин Ӯ он аҳду паймони муқаддаси Худро аз хотир набаровард,
ки бо бобокалони мо Иброҳим баста, қасам дод,
74-75 ки моро аз дасти душманонамон раҳоӣ медиҳад,
То ки тамоми умрамон бе тарсу ҳарос, дар покиву некукорӣ
Ба Ӯ хизмат карда тавонем.
76Пас ту, эй фарзанд, пайғамбари Худои Таоло номида мешавӣ,
Чунки барои тайёр кардани роҳи Худованд пешопеши Ӯ қадам мезанӣ
77Ва ба халқи Ӯ мефаҳмонӣ,
ки ба воситаи бахшида шудани гуноҳҳояшон
Онҳо наҷот меёбанд.
78Зеро аз раҳму шафқати Худои мо
Офтоби субҳгоҳӣ аз осмон бар мо нурафшонӣ мекунад,
79То бар касоне, ки дар торикию сояи марг мешинанд, равшанӣ кунад
Ва қадамҳои моро ба роҳи сулҳу осоиштагӣ ҳидоят намояд».
80Кӯдак бошад, калон шуда, рӯҳаш қавӣ мегашт ва то рӯзи ба халқи Исроил зоҳир гардиданаш дар биёбон зиндагӣ мекард.
Šiuo metu pasirinkta:
Луқо* 1: KMO
Paryškinti
Dalintis
Kopijuoti

Norite, kad paryškinimai būtų įrašyti visuose jūsų įrenginiuose? Prisijunkite arba registruokitės
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад