Logo ya YouVersion
Elilingi ya Boluki

Ҳастӣ 2

2
БОБИ ДУЮМ
Ором гирифтани Худованд дар рӯзи шанбе.
1Ва осмону замин ва тамоми анбӯҳи онҳо анҷом ёфт.
2Ва Худо корҳои Худро, ки карда буд, то рӯзи ҳафтум анҷом дод, ва дар рӯзи ҳафтум аз ҳамаи корҳои Худ, ки карда буд, ором гирифт.
3Ва Худо рӯзи ҳафтумро баракат дод, ва онро тақдис намуд, зеро ки дар он ором гирифт аз ҳамаи корҳои Худ, ки Худо офарид ва ба вуҷуд овард.
Такрори мухтасари ҳикояти офариниш.
4Ин аст пайдоиши осмон ва замин, дар ҳини офариниши онҳо, дар рӯзе ки Худованд Худо замин ва осмонро ба вуҷуд овард,
5Ва ҳеҷ буттаи саҳро ҳанӯз дар замин набуд, ва ҳеҷ алафи саҳро ҳанӯз нарӯида буд, зеро ки Худованд Худо борон бар замин наборонида буд, ва одам набуд, ки заминро кор кунад;
6Ва буғ аз замин баромада, тамоми рӯи заминро сероб мекард.
7Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт, ва ба бинии вай рӯҳи ҳаёт дамид, ва одам ҷони зинда шуд.
Маскани одам то вақти маъсияти вай.
8Ва Худованд Худо боғе дар Адан ба тарафи машриқ шинонд; ва он одамро, ки сиришта буд, дар он ҷо гузошт.
9Ва Худованд Худо ҳар гуна дарахти хушнамуд ва хушхӯрро, ва дарахти ҳаётро дар васати боғ, ва дарахти маърифати неку бадро аз замин рӯёнид.
10Ва наҳре аз Адан берун меомад, то ки боғро сероб кунад; ва аз он ҷо ба чор шохоб тақсим мешуд.
11Номи яке Фишӯн аст, ки тамоми замини Ҳавилоро, ки дар он ҷо тиллост, иҳота мекунад;
12Ва тиллои он замин хуб аст; дар он ҷо самғи хушбӯй ва санги ҷазъ мавҷуд аст.
13Ва номи наҳри дуюм Ҷайҳун аст, ки тамоми замини Кушро иҳота мекунад.
14Ва номи наҳри сеюм Ҳиддақил аст, ки ба тарафи шарқии Ашшур ҷорист. Ва наҳри чорум Фурот аст.
15Ва Худованд Худо одамро гирифт, ва ӯро дар боғи Адан гузошт, то ки кори онро бикунад ва онро нигаҳдорӣ намояд.
16Ва Худованд Худо ба одам амр фармуда, гуфт: «Аз ҳар дарахти боғ хӯрдан гир;
17Аммо аз дарахти маърифати неку бад зинҳор нахӯр; зеро рӯзе ки аз он бихӯрӣ, ҳатман хоҳӣ мурд».
18Ва Худованд Худо гуфт: «Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам».
19Ва Худованд Худо ҳар ҳайвони саҳро ва ҳар паррандаи осмонро аз хок бисиришт ва назди одам овард, то бубинад, ки онро чӣ гуна хоҳад хонд, ва он чи одам ҳар ҷони зиндаро бихонад, номи вай ҳамон шавад.
20Ва одам ҳамаи чорпоён ва паррандагони осмонро, ва ҳамаи ҳайвонҳои саҳроро ном ниҳод; лекин барои одам мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, ёфт нашуд.
Офарида шудани зан.
21Ва Худованд Худо хоби сахте бар одам овард; ва ҳангоме ки хобаш бурд, яке аз қабурғаҳои ӯро гирифт, ва гӯшт дар ҷояш пур кард.
22Ва Худованд Худо аз қабурғае ки аз одам гирифт, зане сохт, ва ӯро назди одам овард.
23Ва одам гуфт:
«Ин аст устухоне аз устухонҳоям
ва гӯште аз гӯштам;
вай нисоъ номида шавад;
зеро ки аз инсон гирифта шудааст».
24Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд.
25Ва ҳар ду, Одам ва занаш, бараҳна буданд, ва хиҷил намешуданд.

Currently Selected:

Ҳастӣ 2: KM92

Tya elembo

Share

Copy

None

Olingi kobomba makomi na yo wapi otye elembo na baapareyi na yo nyonso? Kota to mpe Komisa nkombo