Инҷили Юҳанно 19
19
БОБИ НУЗДАҲУМ
Исо бо тоҷи аз хор бофташуда.
1Он гоҳ Пилотус Исоро гирифта, тозиёна зад.
2Ва сарбозон тоҷе аз хор бофта, бар сараш ниҳоданд, ва ҷомаи арғувон ба Ӯ пӯшонданд,
3Ва гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи Яҳудиён!» Ва Ӯро торсакӣ мезаданд.
Пилотус ва Исо ба ҳузури мардум.
4Боз Пилотус баромада, ба онҳо гуфт: «Инак, Ӯро пеши шумо мебарорам, то бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе намеёбам».
5Ва Исо, дар ҳолате ки тоҷи аз хор бофтае бар сар ва ҷомаи арғувон дар бар дошт, берун омад. Ва Пилотус гуфт: «Инак Он Одам!»
6Чун саркоҳинон ва мулозимон Ӯро диданд, фарьёд зада, гуфтанд: «Ӯро маслуб кун, маслуб кун!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Шумо Ӯро гирифта, маслуб кунед, зеро ки ман дар Ӯ айбе намеёбам».
7Яҳудиён ба вай ҷавоб доданд: «Мо шариате дорем, ва мувофиқи шариати мо Ӯ бояд бимирад, чунки Худро Писари Худо кардааст».
8Чун Пилотус ин суханро шунид, беш аз пеш ҳаросон шуд.
9Ва боз ба сарбозхона даромада, ба Исо гуфт: «Ту аз куҷоӣ?» Лекин Исо ба вай ҷавоб надод.
10Пилотус ба Ӯ гуфт: «Ба ман сухан намегӯӣ? Магар намедонӣ, ки қудрат дорам Туро маслуб кунам ва қудрат дорам Туро озод кунам?»
11Исо ҷавоб дод: «Ҳеҷ қудрате бар Ман намедоштӣ, агар аз боло дода намешуд; аз ин рӯ он касе ки Маро ба ту таслим кард, гуноҳи бештаре дорад».
12Ва аз он вақт Пилотус саъй дошт Ӯро озод кунад, лекин яҳудиён фарьёд зада, гуфтанд: «Агар Ӯро озод кунӣ, дӯсти қайсар нестӣ; ҳар кӣ даъвои подшоҳӣ кунад, душмани қайсар аст».
13Чун Пилотус инро шунид, Исоро берун овард ва дар он ҷое ки Сангфарш ва ба ибронӣ Ҷабто номида мешуд, бар курсии доварӣ нишаст.
14Рӯзи ҷумъаи арафаи иди фисҳ буд, ки дар соати шашум ба яҳудиён гуфт: «Инак, Подшоҳи шумо!»
15Лекин онҳо фарьёд заданд: «Ӯро нест кун, нест кун, маслуб кун!» Пилотус ба онҳо гуфт: «Оё Подшоҳи шуморо маслуб кунам?» Саркоҳинон ҷавоб доданд: «Ғайр аз қайсар подшоҳе надорем».
Маслуб шудани Исо ва мамоти Ӯ.
16Ниҳоят, Ӯро ба дасти онҳо супурд, то ки маслуб кунанд. Ва онҳо Исоро гирифта бурданд.
17Ва Ӯ салиби Худро бардошта, ба он ҷое ки «Ҷои косахонаи сар» ва ба ибронӣ Ҷолҷолто ном дошт, равона шуд;
18Дар он ҷо Ӯро маслуб карданд ва бо Ӯ ду каси дигарро: яке аз ин тарафаш ва дигаре аз он тарафаш, ва Исо дар миёна.
19Пилотус айбномае навишта, бар салиб овехт, ки чунин навишта шуда буд: «Исои Носирӣ, Подшоҳи Яҳудиён».
20Бисьёре аз яҳудиён он айбномаро ҳонданд, зеро ҷое ки Исо маслуб шуда буд, ба шаҳр наздик буд, ва айбномаро ба забонҳои ибронӣ, юнонӣ ва румӣ навишта буданд.
21Саркоҳинони яҳудӣ ба Пилотус гуфтанд: «Нанавис: „Подшоҳи Яҳудиён“, балки он чи Ӯ мегуфт: „Манам Подшоҳи Яҳудиён“».
22Пилотус ҷавоб дод: «Он чи навиштам, навиштам».
23Ва сарбозон, чун Исоро маслуб карданд, либоси Ӯро гирифта, ба чор ҳисса тақсим карданд, ба ҳар сарбоз як ҳисса; ва пероҳанро низ гирифтанд; лекин пероҳан дарз надошт, балки аз боло то поён бофта шуда буд.
24Пас онҳо ба якдигар гуфтанд: «Онро пора накунем, балки қуръа бар он партофта бинем, ки аз они кӣ мешавад», то ки Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд: «Сару либоси Маро дар миёни худ тақсим карданд ва бар пероҳани Ман қуръа партофтанд». Ва сарбозон чунин карданд.
25Дар назди салиби Исо модари Ӯ ва хоҳари модараш, Марьями завҷаи Қлӯпос, ва Марьями Маҷдалия истода буданд.
26Чун Исо модари Худро бо он шогирде ки дӯст медошт, дар он ҷо истода дид, ба модари Худ гуфт: «Эй зан! инак писари ту».
27Ва баъд ба шогирди Худ гуфт: «Инак модари ту!» Аз ҳамон соат он шогирд вайро ба хонаи худ бурд.
28Пас аз он Исо чун дид, ки ҳама чиз ба анҷом расидааст, то ки Навишта ба амал ояд, гуфт: «Ташнаам».
29Дар он ҷо зарфе пур аз сирко истода буд. Пас исфанҷеро аз сирко пур карда, бар сари най ниҳоданд ва наздики даҳони Ӯ бурданд.
30Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод.
«Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд».
31Лекин, азбаски рӯзи ҷумъа буд, барои он ки ҷасадҳо бар салиб дар рӯзи шанбе намонад, зеро ки он шанбеи бузург буд, бинобар ин яҳудиён аз Пилотус хоҳиш карданд, ки соқи пойҳои онҳоро бишкананд ва поён фуроваранд.
32Сарбозон омада, соқи пойҳои он ду нафарро, ки бо Ӯ маслуб шуда буданд, шикастанд;
33Чун назди Исо омаданд ва диданд, ки аллакай мурдааст, соқи пойҳои Ӯро нашикастанд,
34Аммо яке аз сарбозон ба қабурғаи Ӯ найза зад, ва ҳамон дам хун ва об ҷорӣ шуд.
35Ва он касе ки дид, шаҳодат дод, ва шаҳодати вай рост аст; вай медонад, ки рост мегӯяд, то ки шумо низ имон оваред.
36Зеро ин воқеъ шуд, то Навишта ба амал ояд, ки мегӯяд: «Ҳеҷ як устухони Ӯ шикаста нахоҳад шуд».
37Ва Навишта боз дар ҷои дигар мегӯяд: «Ба Он Касе ки найза задаанд, назар хоҳанд дӯхт».
Дафни Исо.
38Пас аз он Юсуф, ки аз аҳли Ҳаромот ва, аз тарси яҳудиён, шогирди махфии Исо буд, аз Пилотус хоҳиш кард, ки Ҷасади Исоро бардорад; ва Пилотус ба вай иҷозат дод. Вай омада, Ҷасади Исоро бардошт.
39Ва Ниқӯдимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад ратл мур ва уди омехта бо худ овард.
40Онҳо Ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи маросими дафни яҳудиён, ҳанут пошида, ба кафан печонданд.
41Дар он ҷое ки Ӯ маслуб шуд, боғе буд, ва дар боғ қабри наве ки дар он ҳанӯз ҳеҷ кас дафн нашуда буд:
42Дар он ҷо Исоро дафн карданд, зеро ки арафаи шанбеи яҳудиён буд, ва он қабр наздик буд.
ទើបបានជ្រើសរើសហើយ៖
Инҷили Юҳанно 19: KM92
គំនូសចំណាំ
ចែករំលែក
ចម្លង

ចង់ឱ្យគំនូសពណ៌ដែលបានរក្សាទុករបស់អ្នក មាននៅលើគ្រប់ឧបករណ៍ទាំងអស់មែនទេ? ចុះឈ្មោះប្រើ ឬចុះឈ្មោះចូល
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.