1
Марқӯс* 10:45
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Ҳатто Ман, Писари Одамизод наомадаам, ки ба Ман хизмат кунанд. Ман омадаам, ки ба дигарон хизмат кунам ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонамро фидо кунам».
Bandingkan
Telusuri Марқӯс* 10:45
2
Марқӯс* 10:27
Исо ба шогирдонаш бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Барои одамизод ин кор ғайриимкон аст, вале на барои Худо, барои Худо ҳама чиз имконпазир аст».
Telusuri Марқӯс* 10:27
3
Марқӯс* 10:52
Исо ба ӯ гуфт: «Бирав, имонат туро шифо дод». Худи ҳамон лаҳза чашмони вай бино шуд ва ӯ аз паси Исо рафт.
Telusuri Марқӯс* 10:52
4
Марқӯс* 10:9
Пас бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст».
Telusuri Марқӯс* 10:9
5
Марқӯс* 10:21
Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кун. Он гоҳ дар осмон сарват пайдо мекунӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
Telusuri Марқӯс* 10:21
6
Марқӯс* 10:51
Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Нобино гуфт: «Устод, мехоҳам чашмонам бино шавад».
Telusuri Марқӯс* 10:51
7
Марқӯс* 10:43
Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс ҳар касе ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори дигарон бошад
Telusuri Марқӯс* 10:43
8
Марқӯс* 10:15
Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он намедарояд».
Telusuri Марқӯс* 10:15
9
Марқӯс* 10:31
Лекин бисёр аввалинҳо охирин мешаванд ва охиринҳо аввалин».
Telusuri Марқӯс* 10:31
10
Марқӯс* 10:6-7-8
Вале аз ибтидои офариниши ин дунё Худо „онҳоро мард ва зан офаридааст“. „Аз ҳамин сабаб мард падару модари худро гузошта, ба зани худ мепайвандад ва онҳо як тан мешаванд“. Акнун онҳо на ду тан, балки як тан мебошанд.
Telusuri Марқӯс* 10:6-7-8
Beranda
Alkitab
Rencana
Video