1
Юҳанно* 6:35
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе ки назди Ман биёяд, гурусна нахоҳад монд ва ҳар касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд.
Bandingkan
Telusuri Юҳанно* 6:35
2
Юҳанно* 6:63
Рӯҳ ҳаёт мебахшад ва ҷисм ин корро карда наметавонад. Он суханоне, ки Ман ба шумо гуфтам, рӯҳ ва ҳаётанд.
Telusuri Юҳанно* 6:63
3
Юҳанно* 6:27
Шумо на барои хӯроки вайроншаванда, балки барои хӯроке, ки ба ҳаёти абадӣ мебарад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Писари Одамизод ба шумо медиҳад, чунки Худо Падар Ӯро интихоб карда, барои иҷрои ин кор таъйин намудааст».
Telusuri Юҳанно* 6:27
4
Юҳанно* 6:40
Зеро хости Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».
Telusuri Юҳанно* 6:40
5
Юҳанно* 6:29
Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Худо як корро мехоҳад, ки шумо ба Каси Фиристодааш имон оваред».
Telusuri Юҳанно* 6:29
6
Юҳанно* 6:37
Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд.
Telusuri Юҳанно* 6:37
7
Юҳанно* 6:68
«Эй Хоҷа, – ҷавоб дод ба Ӯ Шимъуни Петрус, – мо ба назди кӣ равем? Суханони ҳаёти абадӣ аз они Туанд.
Telusuri Юҳанно* 6:68
8
Юҳанно* 6:51
Ман он нони ҳаёт ҳастам, ки аз осмон фаромадааст. Ҳар кас ин нонро бихӯрад, ҳаёти абадӣ пайдо мекунад. Ноне, ки Ман медиҳам, ин бадани Ман аст, ки онро ба хотири зинда мондани ҷаҳон фидо мекунам».
Telusuri Юҳанно* 6:51
9
Юҳанно* 6:44
«То вақте Падар, ки Маро фиристодааст, касеро ба Ман ҷалб накунад, ҳеҷ кас назди Ман омада наметавонад ва Ман он шахсро дар рӯзи қиёмат зинда хоҳам кард.
Telusuri Юҳанно* 6:44
10
Юҳанно* 6:33
Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон пойин меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».
Telusuri Юҳанно* 6:33
11
Юҳанно* 6:48
Ман нони ҳаёт ҳастам.
Telusuri Юҳанно* 6:48
12
Юҳанно* 6:11-12
Исо нонро гирифта дуои шукрона карду онро ба нишастагон тақсим карда дод. Баъд бо моҳиҳо ҳам чунин кард ва ба ҳама чӣ қадаре ки мехостанд, ҳамон қадар дод. Вақте мардум сер шуданд, Исо ба шогирдони Худ гуфт: «Нонпораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ чиз исроф нашавад».
Telusuri Юҳанно* 6:11-12
13
Юҳанно* 6:19-20
Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километер қаиқро ронда мерафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯйи об қадам зада, ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд. «Натарсед, ин Манам!» – гуфт ба онҳо Исо.
Telusuri Юҳанно* 6:19-20
Beranda
Alkitab
Rencana
Video