YouVersioni logo
Search Icon

Инҷили Луқо 7

7
БОБИ ҲАФТУМ
Шифо ёфтани ғуломи мирисад.
1Вақте ки Ӯ ҳамаи суханони Худро ба самъи мардум расонда тамом кард, ба Кафарнаҳум ворид шуд.
2Ғуломи як мирисад, ки барояш азиз буд, касал шуда, ба ҳолати назъ расида буд.
3Вай овозаи Исоро шунида, пирони яҳудиро назди Ӯ фиристод, то аз Ӯ илтимос кунанд, ки омада ғуломи вайро шифо диҳад.
4Ва онҳо назди Исо омаданд, ва аз ӯ бисьёр илтимос карда, гуфтанд: «Вай сазовори он аст, ки ин корро барояш бикунӣ,
5Зеро ки вай қавми моро дӯст медорад ва барои мо куништ иморат кард».
6Исо бо онҳо рафт. Ва ҳангоме ки ба наздикиҳои хона расид, мирисад дӯстонашро назди Ӯ фиристод, то ки ба Ӯ гӯянд: «Оғо! Ташвиш накаш, зеро ман лоиқи он нестам, ки Ту зери сақфи ман биёӣ;
7Ба ин сабаб худамро низ лоиқ надонистам, ки назди Ту биёям; балки сухане бигӯ, ва ғуломи ман шифо хоҳад ёфт;
8Зеро ки ман ҳам як фармонбар ҳастам, ва дар зери итоати худ сарбозонро дорам; ба яке мегӯям: „Бирав“, меравад; ба дигаре мегӯям: „Биё“, меояд; ва ба ғуломи худ мегӯям: „Фалон корро бикун“, мекунад».
9со ин суханонро шунида, дар тааҷҷуб монд, ва ба мардуме ки аз ақиби Ӯ мерафтанд, рӯ гардонда, гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки Ман дар Исроил ҳам чунин имоне наёфтаам».
10Ва фиристодагон ба хона баргашта, он ғуломи беморро тандуруст ёфтанд.
Исо писари бевазанро дар Ноин зинда мекунад.
11Баъд аз он Ӯ ба шаҳре рафт, ки Ноин ном дорад; ва бисьёре аз шогирдонаш ва шумораи зиёди мардум ҳамроҳи Ӯ мерафтанд.
12Вақте ки Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуд, мурдаеро мебароварданд, ки писари ягонаи бевазане буд; ва мардуми бисьёре аз аҳли шаҳр бо вай равона буданд.
13Ва Худованд вайро дида, дилаш ба вай сӯхт ва ба вай гуфт: «Гирья накун».
14Ва наздик омада, тобутро ламс намуд; тобутбардорон бозистоданд; ва Ӯ гуфт: «Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез».
15Мурда сар бардошта, нишаст ва ба сухан даромад; ва Ӯ вайро ба модараш супурд.
16Ва ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт, ва Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд: «Пайғамбари бузурге дар миёни мо пайдо шудааст, ва Худо қавми Худро тафаққуд намудааст».
17Ин ақида дар бораи Ӯ дар тамоми Яҳудо ва дар тамоми гирду атроф паҳн шуд.
18Ва шогирдони Яҳьё ҳамаи инро ба ӯ хабар доданд.
Саволи Таъмиддиҳанда ва ҷавоби Исо.
19Ва Яҳьё ду нафарро аз шогирдони худ даъват намуда, назди Исо фиристод, то ки бипурсанд: «Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?»
20Онҳо назди Ӯ омада, гуфтанд: «Яҳьёи Таъмиддиҳанда моро назди Ту фиристод, то ки бипурсем: „Оё Ту Ҳамон ҳастӣ, ки бояд биёяд, ё мунтазири дигаре бошем?“»
21Дар ҳамон вақт Ӯ бисьёр касонро аз касалиҳо ва дардҳо ва аз арвоҳи палид шифо дода ва кӯрони бисьёрро биноӣ бахшида буд.
22Ва Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Биравед ва он чи дидед ва шунидед, ба Яҳьё бигӯед: кӯрҳо мебинанд, шалҳо роҳ мераванд, махавиён пок мешаванд, карҳо мешунаванд, мурдагон эҳьё мешаванд, ба мискинон башорат дода мешавад;
23Ва хушо касе ки дар ҳаққи Ман ба васваса наафтад».
Шаҳодати Исо дар бораи Яҳьё.
24Ва ҳангоме ки фиристодагони Яҳьё баромада рафтанд, ба ҳама дар бораи Яҳьё ба сухан оғоз кард: «Барои дидани чӣ чиз ба биёбон рафта будед? Оё барои дидани қамише ки аз бод меларзад?
25Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани марде ки сару либоси нарм дар бар дорад? Аммо онҳое ки сару либоси зебо дар бар доранд ва бо айшу нӯш зиндагӣ мекунанд, дар қасрҳои подшоҳонанд.
26Пас барои дидани чӣ чиз рафта будед? Оё барои дидани як набӣ? Оре, ба шумо мегӯям, ки вай аз набӣ ҳам бузургтар аст.
27Вай ҳамон аст, ки дар бораи вай навишта шудааст:
„Инак, Ман косиди Худро пешопеши Ту мефиристам,
то роҳи Туро пеши Ту муҳайё кунад“.
28Зеро ки ба шумо мегӯям: аз миёни онҳое ки аз зан таваллуд ёфтаанд, ҳеҷ як набие бузургтар аз Яҳьёи Таъмиддиҳанда нест; лекин он ки дар Малакути Худо хурдтарин аст, аз вай бузургтар аст».
29Вақте ки тамоми мардум ва боҷгироне ки бо таъмиди Яҳьё таъмид гирифта буданд, шуниданд, Худоро ҳамду сано хонданд.
Исо беақлии беимониро фош мекунад.
30Аммо фарисиён ва шариатдонон иродаи Худоро дар ҳаққи худашон рад карданд, зеро аз вай таъмид нагирифтанд.
31Ва Худованд гуфт: «Пас одамони ин наслро ба кӣ монанд кунам? Ва онҳо ба кӣ монандӣ доранд?
32Онҳо ба кӯдаконе монандӣ доранд, ки дар кӯча нишаста ва якдигарро ҷеғ зада, мегӯянд: „Барои шумо най навохтем, рақс накардед; барои шумо навҳагарӣ кардем, нагиристед“.
33Зеро ки Яҳьёи Таъмиддиҳанда омад, ки на нон мехӯрад ва на шароб менӯшад; ва шумо мегӯед: „Вай дев дорад“.
34Писари Одам омад, ки мехӯрад ва менӯшад, ва шумо мегӯед: „Инак марди пурхӯр ва майгусор, ки дӯсти боҷгирон ва гуноҳкорон аст“.
35Ва ҳикмат аз тарафи ҳамаи фарзандони он тасдиқ карда шуд».
Зани гуноҳкор, ки гуноҳаш афв шуда буд, ба нишонаи миннатдорӣ Исоро бо равғани атрафшон тадҳин мекунад.
36Яке аз фарисиён аз Ӯ хоҳиш кард, ки бо вай хӯрок хӯрад; ва Ӯ ба хонаи фарисӣ даромада, назди суфра нишаст.
37Ва инак, зане ки дар он шаҳр гуноҳкор буд, чун шунид, ки Ӯ дар хонаи фарисӣ назди суфра нишастааст, зарфи гаҷине бо равғани атрафшон овард;
38Ва аз қафо назди пойҳои Ӯ истода, гирьякунон пойҳои Ӯро бо ашки худ шуст ва бо мӯйҳои сари худ хушконид, ва пойҳои Ӯро бӯсида, бо равғани атрафшон тадҳин кард.
39Фарисие ки Ӯро таклиф карда буд, чун инро дид, дар дили худ гуфт: «Агар Ӯ набӣ мебуд, медонист, ки вай кист ва чӣ гуна зан аст, ки Ӯро ламс мекунад, зеро ки вай гуноҳкор аст».
40Исо ба ӯ рӯ оварда гуфт: «Эй Шимъӯн! Ба ту чизе гуфтанӣ ҳастам». Гуфт: «Бигӯй, эй Устод».
Масал дар бораи қарзхоҳ ва ду қарздор.
41Исо гуфт: «Аз қарзхоҳе ду кас қарздор буданд: яке панҷсад динор ва дигаре панҷоҳ динор қарз дошт.
42Азбаски барои адо кардан чизе надоштанд, ӯ ҳар дуро бахшид. Бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст хоҳад дошт?»
43Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба гумони ман, ҳамон касе ки ба вай ӯ бештар бахшидааст». Ба ӯ гуфт: «Дуруст фикр кардӣ».
44Ва ба тарафи зан рӯ гардонда, ба Шимъӯн гуфт: «Оё ин занро мебинӣ? Ман ба хонаи ту омадам, ва ту об барои пойҳоям надодӣ; аммо вай пойҳои Маро бо ашкаш шуста, бо мӯйҳои сараш хушконид.
45Ту Маро бӯса накардӣ; аммо вай, аз вақти омаданам ин ҷониб, бӯсидани пойҳои Маро бас намекунад.
46Ту сари Маро бо равғани зайтун тадҳин накардӣ; аммо вай пойҳои Маро бо равғани атрафшон тадҳин кард.
47Бинобар ин ба ту мегӯям: гуноҳҳои бисьёри вай омурзида шудааст барои он ки вай муҳаббати бисьёре зоҳир намуд; вале касе ки кам омурзида шуда бошад, муҳаббати кам зоҳир намудааст».
48Ва Ӯ ба вай гуфт: «Гуноҳҳоят омурзида шудааст».
49Онҳое ки бо Ӯ назди суфра нишаста буданд, дар дили худ гуфтанд: «Ин кист, ки гуноҳҳоро низ меомурзад?»
50Ӯ ба он зан гуфт: «Имонат туро наҷот дод; ба саломатӣ бирав».

Tõsta esile

Share

Kopeeri

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in