1
Инҷили Юҳанно 6:35
Китоби Муқаддас 1992, 1999
Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам; касе ки назди Ман ояд, ҳаргиз гурусна нахоҳад монд, ва касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад монд.
Comparar
Explorar Инҷили Юҳанно 6:35
2
Инҷили Юҳанно 6:63
Рӯҳ аст, ки ҳаёт мебахшад, лекин аз ҷисм фоидае нест; суханоне ки Ман ба шумо мегӯям, рӯҳ ва ҳаёт аст
Explorar Инҷили Юҳанно 6:63
3
Инҷили Юҳанно 6:27
На аз барои ғизои фонӣ, балки барои ғизое саъю кӯшиш кунед, ки то ҳаёти ҷовидонӣ боқӣ мемонад, ва Писари Одам онро ба шумо хоҳад дод; зеро ки Худои Падар бар Ӯ мӯҳр задааст».
Explorar Инҷили Юҳанно 6:27
4
Инҷили Юҳанно 6:40
Ва иродаи Фиристандаи Ман ин аст, ки ҳар кӣ Писарро дид ва ба Ӯ имон овард, ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошад; ва Ман дар рӯзи вопасин вайро эҳьё хоҳам кард».
Explorar Инҷили Юҳанно 6:40
5
Инҷили Юҳанно 6:29
Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Амали писандидаи Худо ин аст, ки ба Он Касе ки Ӯ фиристод, имон оваред».
Explorar Инҷили Юҳанно 6:29
6
Инҷили Юҳанно 6:37
Ҳар он чи Падар ба Ман ато кунад, назди Ман хоҳад омад, ва ҳар кӣ назди Ман ояд, бадар нахоҳам ронд.
Explorar Инҷили Юҳанно 6:37
7
Инҷили Юҳанно 6:68
Шимъӯни Петрус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо! Назди кӣ биравем? Суханони ҳаёти ҷовидонӣ назди Туст
Explorar Инҷили Юҳанно 6:68
8
Инҷили Юҳанно 6:51
Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон нозил шуд: касе ки аз ин нон бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд; ва ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон мебахшам».
Explorar Инҷили Юҳанно 6:51
9
Инҷили Юҳанно 6:44
Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад; ва Ман вайро дар рӯзи вопасин эҳьё хоҳам кард.
Explorar Инҷили Юҳанно 6:44
10
Инҷили Юҳанно 6:33
Зеро нони Худо Он Касест, ки аз осмон нозил шуда, ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».
Explorar Инҷили Юҳанно 6:33
11
Инҷили Юҳанно 6:48
Ман нони ҳаёт ҳастам.
Explorar Инҷили Юҳанно 6:48
12
Инҷили Юҳанно 6:11-12
Исо нонҳоро гирифта, баракат дод ва пора карда, ба шогирдон дод, ва шогирдон ба нишастагон доданд, ва ҳамчунин аз моҳиҳо низ ба қадре ки хостанд. Ва чун сер шуданд, Исо ба шогирдон гуфт: «Пораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, то ки чизе талаф нашавад».
Explorar Инҷили Юҳанно 6:11-12
13
Инҷили Юҳанно 6:19-20
Вақте ки ба дурии тақрибан бисту панҷ ё сӣ стадия қаиқ ронда буданд, Исоро диданд, ки бар баҳр қадам зада, ба қаиқ наздик меояд, ва ҳаросон шуданд. Лекин Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин Манам, натарсед».
Explorar Инҷили Юҳанно 6:19-20
Inicio
Biblia
Planes
Videos