Луқо* 24
24
Зинда шудани Исо
1Рӯзи якшанбе, саҳарии барвақт занҳо атрҳои хушбӯйро гирифта, ба сӯи қабр равона шуданд. 2Вале омада диданд, ки санги даҳани қабр ба як тараф ғелонда шудааст. 3Онҳо ба дарун даромада ҷасади Худованд Исоро наёфтанд. 4Занҳо ҳайрон шуда меистоданд, ки баногоҳ дар пеши назарашон ду кас пайдо шуданд, ки дар тан либосҳои дурахшон доштанд. 5Занҳо аз тарс худро рӯй ба замин партофтанд, вале он ду нафар ба онҳо гуфтанд: «Чаро зиндаро дар байни мурдаҳо меҷӯед? 6Ӯ зинда шуд ва дар ин ҷо нест. Ба ёд оред, ки вақти дар Ҷалил буданаш Ӯ ба шумо чӣ гуфта буд? 7Ӯ гуфта буд, ки Писари Одамизод бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад». 8Ва занҳо суханони Исоро ба хотир оварданд. 9Сипас, аз сари қабр баргашта, ҳамаи инро ба ёздаҳ шогирд ва ҳамаи дигарон нақл намуданд. 10Ин воқеаро ба фиристодагон Марями Маҷдалия, Юҳанна, Марями модари Яъқуб ва занҳои дигар нақл карданд. 11Вале суханони онҳо ба назари фиристодагон ҳамчун сафсата намуд ва онҳо ба гапи занҳо бовар накарданд. 12Петрус бошад, ҳамон замон ба сӯи қабр давида, ба даруни он нигоҳ кард, лекин танҳо кафани холиро диду аз ин ҳодиса ҳайрон шуда, ба хона баргашт.
Исо ба ду пайраваш аён мешавад
13Худи ҳамон рӯз ду нафар аз пайравони Исо ба Аммоус ном деҳае равона буданд, ки тақрибан дувоздаҳ километер аз Уршалим дур буд. 14Роҳравон бо якдигар дар бораи ҳамаи ин воқеаҳо гуфтугӯ мекарданд. 15Ҳангоми гуфтугӯю муҳокимаашон Худи Исо ба онҳо наздик шуда, ҳамроҳашон равона шуд. 16Онҳо Исоро медиданду лекин намешинохтанд. 17Пас, Ӯ ба сухан даромада аз онҳо пурсид: «Шумо роҳравон чиро муҳокима мекунед?» Онҳо, ки чеҳраҳои ғамгин доштанд, бозистоданд 18ва якеашон, ки Клеупос ном дошт, ба саволи Исо бо савол ҷавоб дод: «Дар ин рӯзҳо дар Уршалим чанд воқеа рӯй дод. Аз афташ ту ягона мусофире ҳастӣ, ки аз ин воқеаҳо хабар надорӣ». 19Исо пурсид: «Аз кадом воқеаҳо?» Онҳо гуфтанд: «Аз воқеаҳое, ки бо Исои Носирӣ рӯй дод. Ӯ дар пеши Худову тамоми мардум пайғамбари дар гуфтору кирдор тавоно буд. 20Вале коҳинони калон ва роҳбарони мо Ӯро ба дасти Пилотус супориданд, то ба марг маҳкум намоянд ва Ӯро ба салиб мехкӯб карданд. 21Мо бошем, умед доштем, ки Ӯ Исроилро озод мекунад. Аммо имрӯз се рӯз мешавад, ки ин воқеа рӯй дод 22ва ҳоло занҳое, ки ҳамроҳи мо буданд, моро ҳайрон карданд. Онҳо саҳарии барвақт ба сари қабр рафта, 23ҷасади Исоро наёфтанд. Сипас, баргашта, арз намуданд, ки ба онҳо фариштагон зоҳир шуда гуфтанд, ки Ӯ зинда аст. 24Чанд нафар аз ҳамроҳони мо ба сари қабр рафта, ҳама чизро ҳамон тавре ки занҳо гуфта буданд, дарёфтанд, вале Худи Исоро надиданд». 25Исо ба он ду нафар гуфт: «Эй нодонон! Шумо бо душворӣ ба гуфтаҳои пайғамбарон имон меоваред! 26Масеҳи Худо пеш аз соҳиби тамоми шуҳрату ҷалолаш шудан бояд ҳамаи ин азобро аз сар мегузаронд». 27Он гоҳ Ӯ аз навиштаҳои Мусо ва ҳамаи пайғамбарон сар карда ҳар як ҷойи навиштаҷотро, ки дар бораи Ӯ гуфта буд, ба онҳо фаҳмонд.
28Вақте он ду нафар ба деҳаи Аммоус наздик шуданд, Исо чунин вонамуд кард, ки роҳашро давом додан мехоҳад. 29Вале онҳо Ӯро бисёр хоҳиш карда гуфтанд: «Бо мо бимон. Рӯз ба охир расида истодаасту шом наздик аст». Исо ба хона даромада, бо он ду нафар монд. 30Ӯ бо онҳо дар сари дастархон нишаста, нонро ба даст гирифт ва дуои шукрона карду онро пора карда ба он ду нафар дод. 31Ҳамин вақт гӯё пардае аз чашмони он ду нафар бардошта шуд ва онҳо Исоро шинохтанд, вале Ӯ аз назари онҳо нопадид гашт. 32Онҳо ба якдигар мегуфтанд: «Вақте ки Ӯ дар роҳ бо мо суҳбат мекарду маънои навиштаҷотро мекушод, диламон аз ҳаяҷон метапид!»
33Онҳо зуд аз ҷой бархеста, ба Уршалим баргаштанду он ёздаҳ фиристода ва пайравони дигари Исоро ёфтанд, ки бо ҳам ҷамъ омада буданд. 34Фиристодагон ва пайравон мегуфтанд: «Дар ҳақиқат Худованд Исо зинда шуд! Вай ба Шимъун зоҳир гардидааст». 35Баъд он ду нафар низ ба ҷамъшудагон нақл карданд, ки дар роҳ чӣ воқеа рӯй дод ва чӣ хел онҳо Исоро дар вақти нон шикастанаш шинохтанд.
Ба шогирдон аён шудани Исо
36Вақте ки шогирдон дар ин бора нақл мекарданд, Худи Исо дар миёни онҳо пайдо шуда гуфт: «Сулҳу осоиш бар шумо бод!» 37Онҳо ба тарсу ҳарос афтода, фикр мекарданд, ки арвоҳро мебинанд. 38Ӯ аз онҳо пурсид: «Чаро ин қадар метарсед ва барои чӣ дар дилатон шубҳае пайдо шуд? 39Ба дастонам ва пойҳоям нигоҳ кунед, ин Ман ҳастам. Ба Ман даст расонда бинед, ки Ман ҷисму устухон дорам, вале арвоҳ ин чизҳоро надорад». 40Инро гуфта, дастону пойҳои Худро ба онҳо нишон дод. 41Онҳо аз хурсандӣ ҳеҷ бовар карда наметавонистанду хеле ҳайрон буданд. Он гоҳ Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо дар ин ҷо ягон чизи хӯрданӣ доред?» 42Онҳо ба Исо як бурда моҳии пухтагӣ доданд. 43Вай моҳиро гирифта, дар пеши назари онҳо хӯрд. 44Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳое, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мусо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар китоби Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад». 45Он гоҳ Исо ақли онҳоро равшан сохт, то ки маънои навиштаҷотро фаҳмида тавонанд.
46Баъд ба онҳо гуфт: «Мувофиқи гуфтаҳои навиштаҷот Масеҳ бояд азоб кашад ва дар рӯзи сеюм зинда шавад. 47Ҳамчунин ба номи Масеҳ аз Уршалим сар карда ба ҳамаи халқҳо эълон карда мешавад, ки агар тавба карда аз гуноҳҳояшон даст кашанд, гуноҳҳояшон бахшида мешавад. 48Шумо шоҳидони ҳамаи ин воқеаҳо ҳастед. 49Ман ба шумо Ҳамонеро, ки Падарам ваъда кардааст, мефиристам. Инак, шумо то вақти аз осмон қувват гирифтанатон дар Уршалим бимонед».
Ба осмон бурда шудани Исо
50Исо шогирдонро берун аз шаҳр бароварда, ҳамроҳашон то худи Байт-Анё рафт ва дастонашро боло бардошта, онҳоро баракат дод. 51Вақте ки баракат медод, аз онҳо ҷудо шуда, ба осмон бурда шуд 52ва онҳо ба Ӯ саҷда намуда, бо шодии бепоён ба Уршалим баргаштанд. 53Сипас, ҳамеша дар ҳавлии маъбади Худо буда, Худоро ҳамду сано мехонданд.
Zur Zeit ausgewählt:
Луқо* 24: KMO
Markierung
Teilen
Kopieren
Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад