Юҳанно* 2

2
Тӯй дар Қонои Ҷалил
1Баъд аз ду рӯз дар шаҳри Қонои Ҷалил тӯйи арӯсӣ буд ва модари Исо ҳам дар он ҷо буд. 2Исо низ бо шогирдони Худ ба тӯй даъват шуда буд. 3Вақте ки шароб тамом шуд, модари Исо ба Вай гуфт: «Инҳо шароб надоранд». 4Исо ба ӯ гуфт: «Ин ба Ману ту чӣ дахл дорад, модар?! Охир вақту соати Ман ҳоло нарасидааст». 5Модари Ӯ ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чизе, ки Вай ба шумо гӯяд, иҷро кунед».
6Дар он ҷо шаш кӯзаи сангин барои об буд, ки аз рӯйи урфу одати яҳудиён онро барои таҳорат кардан истифода мебурданд. Ҳар кадоми онҳо аз ҳафтод то яксаду даҳ литри об ғунҷоиш дошт. 7Исо ба хизматгорон гуфт: «Кӯзаҳоро аз об пур кунед». Хизматгорон онҳоро лабрез карданд. 8Баъд Ӯ гуфт: «Акнун аз он об гирифта, ба роҳбари тӯй баред» ва онҳо гирифта бурданд. 9Роҳбари тӯй аз куҷо будани шаробро намедонист, танҳо хизматгороне, ки аз кӯза об гирифтанд, аз ин огоҳ буданд. Роҳбари тӯй оби ба шароб табдилшударо чашида, домодро ба назди худ даъват карду 10ба ӯ гуфт: «Ҳар кас аввал шароби беҳтаринро оварда мегузорад ва баъд вақте ки меҳмонон бисёр менӯшанд, шароби арзонро меорад, аммо ту шароби беҳтаринро то ҳол нигоҳ доштаӣ».
11Он чизе, ки Исо дар Қонои Ҷалил кард, муъҷизаи аввалини Ӯ буд. Исо ҳамин тавр бузургии Худро нишон дод ва шогирдонаш ба Ӯ имон оварданд.
12Баъд аз он Исо ба шаҳри Кафарнаҳум рафт. Модари Исо, бародарон ва шогирдонаш ҳам ҳамроҳи Ӯ буданд. Онҳо дар он ҷо якчанд рӯз монданд.
Пок кардани маъбади Худо
13Рӯзи иди Наҷоти яҳудиён наздик омад ва Исо ба Уршалим рафт. 14Ӯ дар ҳавлии маъбади Худо шахсонеро дид, ки бо фурӯши барзагов, гӯсфанд ва кабӯтар машғул буданд. Пуливазкунандагон низ дар сари мизҳои худ нишаста буданд. 15Исо аз банд қамчин сохта, ҳамаи онҳоро бо барзагову гӯсфандонашон аз маъбади Худо берун ронда, мизҳои пуливазкунандагонро чаппа кард ва пулҳояшонро ба замин пошид. 16Ба кабӯтарфурӯшон бошад, гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо дур кунед! Хонаи Падари Маро ба бозор табдил надиҳед!»
17Шогирдони Ӯ ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот чунин гуфта шудааст: «Оташи рашк нисбат ба Хонаи Ту дар дилам аланга мезанад».#2:17 Забур 68:10
18Он гоҳ роҳбарони яҳудӣ аз Ӯ пурсиданд: «Бо кадом аломат ҳақ будани ин рафторатро исбот мекунӣ?» 19Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин маъбади Худоро вайрон кунед ва Ман онро дар се рӯз аз нав барпо мекунам». 20«Ин маъбад дар давоми чилу шаш сол сохта шудааст. Ту бошӣ, онро дар се рӯз аз нав барпо кардан мехоҳӣ?!» – гуфтанд онҳо. 21Аммо Ӯ «маъбади Худо» гуфта, бадани Худро дар назар дошт. 22Аз ин рӯ, вақте ки Ӯ аз мурдагон зинда шуд, шогирдонаш ин суханони Ӯро ба хотир оварданд ва ба навиштаҷоту суханони Исо имон оварданд.
23Дар он рӯзҳои иди Наҷот, ки Исо дар Уршалим буд, мардуми бисёре муъҷизаҳои Ӯро дида ба Ӯ имон оварданд. 24Аммо Худи Исо ба ҳеҷ кас боварӣ надошт, чунки аз дили ҳамаи онҳо бохабар буд. 25Бино бар ин, Ӯ муҳтоҷи он набуд, ки касе ба Ӯ дар бораи одамон нақл кунад, чунки Ӯ Худ медонист, ки дар дили одам чӣ ҳаст.

Zur Zeit ausgewählt:

Юҳанно* 2: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.