Корнома* Пешгуфтор

Пешгуфтор
Ин китоби дуюми Луқо, ки рафиқ ва ҳамкори Павлуси фиристода буд, ба Теофилус ном шахс навишта шудааст (1:1). Муаллиф аллакай дар боби аввали китоб диққати хонандаро ба мақсади Худованд Исо дар бораи он ки «аз Уршалим сар карда, дар тамоми сарзамини Яҳудия, Сомара ва ҳатто то канори дунё» (1:8) хушхабар эълон карда шавад, ҷалб месозад. Агар Луқо дар китоби аввалаш «дар бораи ҳама кору таълимоте, ки Исо сар кард» навишта бошад, дар китоби Корномаи Фиристодагон ба мо хабар медиҳад, ки чӣ тавр Исо ба воситаи Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо кори Худашро дар замин идома медиҳад.
Луқо нақли худро аз рӯйи фаъолияти ду фиристодаи бузург Павлус ва Петрус тартиб додааст. Аз бобҳои аввали китоб сар карда, мо мехонем, ки аз рӯйи даъвати Петруси фиристода бисёр яҳудиён ба Худованд будани Исои Масеҳ имон меоранд. Баъдтар Худованд ба воситаи худи Петрус даромадгоҳи Ҷамоати умумиҷаҳониро ба рӯйи ғайрияҳудиён низ мекушояд. Қисми дуюми китоб ба фаъолияти Павлуси фиристода бахшида шудааст, ки марди бисёр динпараст буд, чунки аз кӯдакӣ дар дини яҳудӣ калон шуда, азоб додани пайравони Исоро қарзи динии худ медонист. Аммо баъд аз вохӯрии ғайричашмдошт бо Исои Масеҳ ӯ яке аз пайравони боғайраттарини Исои Масеҳ мешавад. Луқо аз қисми дуюми китоб воқеаҳоро бо истифода аз ҷонишини «мо» тасвир мекунад ва бо ин восита хонандаро хабардор менамояд, ки худи ӯ шахсан Павлусро дар сафарҳо ҳамроҳӣ кардааст.
Бо паҳн шудани хушхабар дар бораи Исои Масеҳ, дар минтақаҳои гуногун ҷамоатҳои имондорон барпо мешуданд. Ҷамоат ҷамъи одамоне буд, ки ба Исои Масеҳ имон доштанд ва онҳо барои парастиш, дуо ва дастгирии якдигар ҷамъ мешуданд. Ҷамоати аввалин вақте барпо шуд, ки Рӯҳулқудс имондоронро фаро гирифт ва онҳо ҳамарӯза барои дуо ҷамъ мешуданд (2:44–47).
Яке аз мавзӯъҳои ин китоб таъмид аст. Таъмид анъанаи динии пайравони Исои Масеҳ мебошад. Вақте ки касе аз гуноҳҳояш тавба карда, ба Исои Масеҳ имон меовард, ӯро ҳамчун рамзи шуста шудани гуноҳҳояш дар оби дарё таъмид медоданд. Таъмид дар ин китоб ба таври дигар низ истифода шудааст. Вақте Рӯҳулқудс касеро фаро мегирад, инро таъмиди Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо мегӯянд.
Инчунин Луқо дар бораи таъқиботи бузурге, ки ба сари имондорони аввалин меояд, нақл мекунад ва мефаҳмонад, ки новобаста ба азобу машаққатҳои зиёд чӣ тавр дар тамоми шоҳаншоҳии Рум ҷамоатҳои имондорон ташкил карда мешаванд ва чӣ гуна хабари хуш дар бораи Исои Масеҳ дар пойтахти дунёи қадим, яъне Рум паҳн мешавад.

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.