Корнома* 5:3-6

Корнома* 5:3-6 KMO

Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳанониё! Чаро шайтонро ба дилат роҳ дода, як қисми пули заминатро пинҳон кардӣ ва омада, ба Рӯҳулқудс дурӯғ гуфтӣ? Магар заминат пеш аз фурӯхтан аз они ту набуд? Оё пуле, ки барои заминат гирифтӣ, аз они ту набуд? Пас, чаро чунин кардӣ? Охир ту на ба одамон, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ». Ҳанониё ин суханро шунида, ҷо ба ҷо афтоду мурд. Ҷавонмардон омада ҷасадашро печонданд ва бароварда гӯр карданд. Ҳар касеро, ки ин хабарро мешунид, тарси бузург фаро мегирифт.