Инҷили Луқо 8
8
БОБИ ҲАШТУМ
Исо дар Ҷалил мавъиза мекунад ва шифо медиҳад.
1Баъд аз ин Ӯ дар шаҳрҳо ва деҳот гашта, мавъиза мекард ва Малакути Худоро башорат медод, ва бо Ӯ он дувоздаҳ буданд,
2Ва ҳамчунин баъзе заноне ки Ӯ аз арвоҳи палид ва касалиҳо шифо дода буд: Марьям, ки Маҷдалия номида мешуд, ва аз вай ҳафт дев берун рафта буд,
3Ва Юҳона, ҳамсари Кузо, ки девонбегии Ҳиродус буд, ва Сусан, ва бисьёри дигарон, ки бо дороии худ ба Ӯ хизмат мекарданд.
Масал дар бораи коранда.
4Вақте ки мардуми бисьёре ҷамъ шуданд, ва аз ҳамаи шаҳрҳо назди Ӯ омадан гирифтанд, Ӯ масале оварда, гуфт:
5«Корандае барои коридани тухм берун рафт; ва чун тухм мепошид, қадаре дар канори роҳ афтод ва поймол шуд, ва мурғони ҳаво онро хӯрданд;
6Қадаре бар санглох афтод ва сабзида, хушк шуд, чунки рутубате набуд;
7Қадаре дар миёни хорҳо афтод, ва хорҳо кад кашида, онро пахш карданд;
8Қадаре дар хоки нағз афтод ва сабзида, сад баробар бор овард». Инро гуфта, нидо кард: «Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бишнавад!»
9Ва шогирдонаш аз Ӯ пурсиданд: «Маънои ин масал чист?»
10Гуфт: «Ба шумо донистани асрори Малакути Худо ато шудааст, лекин ба дигарон бо масалҳо сухан мегӯям, ба тавре ки онҳо нигоҳ мекунанд, вале намебинанд, ва гӯш медиҳанд, вале намефаҳманд.
11Инак маънои ин масал: тухм каломи Худост.
12Афтода дар канори роҳ касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, лекин баъд иблис омада, онро аз дили онҳо мерабояд, мабодо онҳо имон оварда, наҷот ёбанд;
13Афтода бар санглох касоне мебошанд, ки чун каломро бишнаванд, бо шодӣ кабул мекунанд, лекин реша надоранд, ва муддате имон доранд, ва дар вақти озмоиш ақиб мераванд;
14Афтода дар миёни хорҳо касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале андешаҳо, сарват ва кайфу сафои зиндагӣ онҳоро пахш мекунад, ва онҳо самаре намеоваранд;
15Ва афтода дар хоки нағз касоне мебошанд, ки каломро шунида, дар дили нек ва пок нигоҳ медоранд ва бо сабр самар меоваранд.
Масал дар бораи шамъе ки даргиронда шудааст.
16Ҳеҷ кас шамъро даргиронда, бо зарфе онро намепӯшад, ё зери кате намегузорад, балки бар шамъдон мемонад, то ҳар кӣ дарояд, рӯшноиро бубинад.
17Зеро ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие набошад, ки маълум ва зоҳир нашавад.
18Пас, эҳтиёт кунед, ки чӣ тавр мешунавед; зеро ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ, ки гумон мекунад дошта бошад, гирифта шавад».
Хешовандони ҳақиқӣ бо Исо.
19Ва модар ва бародаронаш назди Ӯ омаданд, вале ба сабаби бисьёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавонистанд.
20Ва ба Ӯ хабар дода, гуфтанд: «Модарат ва бародаронат дар берун истодаанд, ва мехоҳанд Туро бубинанд».
21Дар ҷавоби онҳо гуфт: «Модарам ва бародаронам он касонанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва ба ҷо меоваранд».
Исо мавҷҳоро ором мекунад.
22Рӯзе Ӯ бо шогирдони Худ ба қаиқ савор шуд ва ба онҳо гуфт: «Ба он канори кӯл мегузарем». Ва қаиқро ронданд.
23Дар аснои роҳ Ӯро хоб рабуд. Ва ногоҳ тундбоди шадиде бар кӯл бархост, ва қаиқи онҳо аз об пур мешуд, ва онҳо дар хатар буданд.
24Ва пеш омада, Ӯро бедор карданд ва гуфтанд: «Устод! Устод! Ҳалок мешавем». Ӯ бархоста, бод ва ғалаёни обро манъ кард, ва онҳо қатъ гардиданд, ва оромӣ барқарор шуд.
25Ба онҳо гуфт: «Имони шумо куҷост?» Онҳо бо тарсу ҳарос ва тааҷҷуб ба якдигар гуфтанд: «Ин кист, ки ба бодҳо ва об низ амр мефармояд, ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
Исо дар сарзамини ҷадариён.
26Ва онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯи Ҷалил аст, расиданд.
27Вақте ки Ӯ ба соҳил баромад, марде аз аҳли он шаҳр ба Ӯ рӯ ба рӯ шуд, ки гирифтори девҳо буд, дер вақт боз либосе намепӯшид, ва на дар хона, балки дар миёни қабрҳо зиндагӣ мекард.
28Ҳамин ки Исоро дид, фарьёд зада, пеши Ӯ афтод ва бо овози баланд гуфт: «Туро бо ман чӣ кор аст, эй Исо, Писари Худои Таоло? Аз Ту илтимос мекунам, ки маро азоб надиҳӣ!»
29Зеро Ӯ ба рӯҳи палид амр фармуда буд, ки аз ин мард берун равад; чунки вай муддати дуру дарозе ӯро азоб медод, ба тавре ки ӯро бо завлона ва занҷирхо баста, нигоҳ медоштанд, лекин ӯ он бандҳоро пора мекард, ва дев ӯро ба биёбонҳо меронд.
30Исо аз вай пурсид: «Номи ту чист?» Гуфт: «Легион», чунки девҳои бисьёр ба дарунаш даромада буданд.
31Ва онҳо аз Ӯ илтимос карданд, ки онҳоро амр фармуда ба ҳовия нафиристад.
32Дар ҳамон ҷо галаи бузурги хукҳо дар болои кӯҳ мечарид; ва девҳо илтимос карданд, ки иҷозат диҳад ба даруни хукҳо дароянд. Ӯ ба онҳо иҷозат дод.
33Ва девҳо аз он мард берун шуда, ба хукҳо даромаданд; ва он гала аз баландӣ якбора ба кӯл ҷаст, ва ғарқ шуд.
34Хукбонон ин воқеаро дида, давида рафтанду дар шаҳр ва дар деҳот нақл карданд.
35Мардум барои дидани воқеа берун рафтанд, ва назди Исо омада, он мардро, ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, диданд, ки либос дар тан ва ақлаш солим пеши пойҳои Исо нишастааст; ва ҳаросон шуданд.
36Ва касоне ки воқеаро дида буданд, ба онҳо нақл карданд, ки он девона чӣ гуна шифо ёфт.
37Ва тамоми мардуми сарзамини ҷадариён аз Ӯ илтимос карданд, ки аз пеши онҳо баромада равад, чунки тарсу ҳароси азиме онҳоро фаро гирифта буд. Ва Ӯ ба қаиқ савор шуда, баргашт.
38Он марде ки аз дарунаш девҳо баромада буданд, аз Ӯ илтимос кард, ки бо Ӯ бошад. Лекин Ӯ вайро ба хонааш фиристода, гуфт:
39«Ба ҳонаи худ баргард ва он чиро, ки Худо ба ту кардааст, нақл намо». Вай равона шуда, он чиро, ки Исо ба вай карда буд, дар тамоми шаҳр мавъиза намуд.
Шифо ёфтани зан. Эҳьёи духтари Ёир.
40Вақте ки Исо баргашт, мардум Ӯро пазироӣ карданд, чунки ҳама мунтазири Ӯ буданд.
41Ва инак, марде ки Ёир ном дошт ва сардори куништ буд, омада, пеши пойҳои Исо афтод ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд.
42Чунки духтари ягонаи вай, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, ба ҳолати назъ расида буд. Вақте ки Ӯ ба он ҷо мерафт, мардуми бисьёре аз ҳар тараф Ӯро фишор медоданд.
43Ва зане ки дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ буда, тамоми дороии худро ба табибон сарф карда буд, лекин ҳеҷ яке вайро шифо дода натавониста буд, —
44Аз қафо наздик шуда, домани Ӯро ламс намуд, ва дарҳол хунравии вай қатъ шуд.
45Ва Исо гуфт: «Кист, ки Маро ламс кард?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ва онҳое ки бо Ӯ буданд, гуфтанд: «Эй Устод, мардум Туро иҳота намуда, аз ҳар тараф фишор медиҳанд, — ва Ту мегӯӣ: „Кист, ки Маро ламс кард?“»
46Аммо Исо гуфт: «Касе Маро ламс кардааст; зеро Ман ҳис кардам, ки қуввате аз Ман берун рафт».
47Он зан чун дид, ки натавонист пинҳон монад, тарсону ларзон омада, пеши Ӯ афтод ва дар хузури тамоми мардум гуфт, ки аз чӣ сабаб Ӯро ламс намуд, ва чӣ гуна дарҳол шифо ёфт.
48Ба вай гуфт: «Духтарам! Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав».
49Ӯ ҳанӯз сухан мегуфт, ки касе аз хонаи сардори куништ омада, гуфт: «Духтарат мурд; Устодро дигар ташвиш надеҳ».
50Аммо Исо инро шунида, ба вай гуфт: «Натарс, фақат имон овар, ва ӯ наҷот хоҳад ёфт».
51Ва ҳангоме ки ба хона расид, ҷуз Петрус, Юҳанно ва Яъқуб, ва падару модари духтар, ҳеҷ касро даромадан намонд.
52Ҳама барои вай гирья ва навҳа мекарданд. Вале Ӯ гуфт: «Гирья накунед; вай намурдааст, балки хуфтааст».
53Бар Ӯ хандиданд, зеро медонистанд, ки вай мурдааст.
54Аммо Ӯ ҳамаро берун карда ва дасти вайро гирифта, нидо кард: «Эй дуҳтар! Бархез».
55Ва рӯҳи вай баргашт; вай дарҳол бархост; ва Ӯ фармуд, ки ба вай хӯроке диҳанд.
56Падару модари вай дар ҳайрат монданд. Ва Ӯ ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба ҳеҷ кас нақл накунанд.
Currently Selected:
Инҷили Луқо 8: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.