Инҷили Луқо 6
6
БОБИ ШАШУМ
Исо ва қоидаҳои яҳудиён дар бораи рӯзи шанбе.
1Як рӯзи шанбе чунин воқеъ шуд, ки Ӯ аз миёни киштзор мегузашт, ва шогирдони Ӯ хӯшаҳоро мечиданд ва ба каф молида, мехӯрданд.
2Ва баъзе аз фарисиён ба онҳо гуфтанд: «Чаро шумо коре мекунед, ки кардани он дар шанбе раво нест?»
3Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Магар нахондаед, ки Довуд чӣ кард, ҳангоме ки худаш ва ҳамроҳонаш гурусна буданд?
4Чӣ гуна вай ба хонаи Худо даромада, нони тақдимро гирифта хӯрд, ва ба ҳамроҳони худ низ дод, ва ҳол он ки хӯрдани он раво набуд, ҷуз барои коҳинон?»
5Ва ба онҳо гуфт: «Писари Одам оғои шанбе низ мебошад».
Шифо ёфтани дастхушк.
6Як рӯзи шанбеи дигар Ӯ ба куништ даромада, таълим медод, ва дар он ҷо марде буд, ки дасти росташ хушк шуда буд.
7Китобдонон ва фарисиён аз паи Ӯ мепоиданд, ки шояд дар рӯзи шанбе шифо диҳад, то ки айбе ба гардани Ӯ бор кунанд.
8Ва Ӯ андешаҳои онҳоро пай бурда, ба марди дастхушк гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо биист». Вай бархост ва истод.
9Ва Исо ба онҳо гуфт: «Аз шумо мепурсам, ки дар рӯзи шанбе кадом кор ҷоиз аст: некӣ кардан, ё бадӣ кардан? ҷонеро наҷот додан, ё ҳалок кардан?»
10Ва ба ҳамаи онҳо назар афканда, ба он мард гуфт: «Дасти худро дароз кун». Вай чунин кард, ва дасташ мисли дасти дигараш сиҳат шуд.
11Аммо онҳо бисьёр дарғазаб шуда, бо ҳамдигар муҳокима мекарданд, ки ба Исо чӣ кунанд.
Интихоб шудани дувоздаҳ нафар ва номҳои онҳо.
12Дар он айём Ӯ барои дуо гуфтан ба фарози кӯҳе баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо гуфт.
13Вақте ки чашми рӯз кушода шуд, шогирдони Худро даъват намуда, аз онҳо дувоздаҳ нафарро интихоб кард, ва ба онҳо номи ҳаввориёнро дод, ки инҳоянд:
14Шимъӯн, ки ӯро Петрус номид, ва бародараш Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филлиппус ва Барталмо,
15Матто ва Тумо, Яъқуб ибни Ҳалфой ва Шимъӯн, ки лақабаш Ғаюр буд,
16Яҳудо ибни Яъқуб ва Яҳудои Исқарьют, ки баъдтар таслимкунандаи Ӯ шуд.
Фаъолияти Исо то ҳудуди Яҳудо вусъат меёбад.
17Ва бо онҳо фурӯд омада, бар ҷои ҳамворе истод, ва шумораи зиёди шогирдонаш ва мардуми бисьёре аз тамоми Яҳудо ва Ерусалим ва аз соҳили Сӯр ва Сидӯн ҷамъ омаданд,
18То ки каломи Ӯро гӯш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд; дар байнашон ҳамчунин гирифторони арвоҳи палид буданд; ва шифо меёфтанд.
19Ва тамоми издиҳом саъю кӯшиш мекарданд, ки Ӯро ламс намоянд, чунки қуввате аз Ӯ берун омада, ҳамаро шифо мебахшид.
Мавъизаи Исо:
1. Аҳкоми хушбахтӣ.
20Ва Ӯ ба шогирдони Худ чашм андохта, гуфт: «Хушо шумо, эй мискинон, зеро ки Малакути Худо аз они шумост.
21Хушо шумо, ки ҳоло гурусна ҳастед, зеро ки сер хоҳед шуд. Хушо шумо, ки ҳоло гирьён ҳастед, зеро ки хандон хоҳед шуд.
22Хушо шумо, вақте ки мардум ба хотири Писари Одам аз шумо нафрат намоянд, ва шуморо дур кунанд, ва дашном диҳанд, ва номи шуморо ба бадӣ бароварда, рад кунанд.
23Дар он рӯз шодӣ кунеду ба ваҷд биёед, зеро ки мукофоти шумо дар осмон бузург аст. Падарони онҳо бо анбиё ҳамин тавр рафтор карда буданд.
2. Эълон кардани: вой бар ҳоли шумо!
24Бар акси ин, вой бар ҳоли шумо, эй сарватдорон! Зеро ки шумо аллакай тасаллои худро ёфтаед.
25Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло сер ҳастед! Зеро ки гурусна хоҳед монд. Вой бар ҳоли шумо, эй касоне ки ҳоло хандон ҳастед, зеро ки мотам хоҳед гирифт ва гирья хоҳед кард.
26Вой бар ҳоли шумо, вақте ки тамоми мардум шуморо таъриф кунанд. Зеро ки падарони онҳо бо анбиёи козиб ҳамин тавр рафтор карда буданд.
3. Бартараф кардани бадӣ ба воситаи муҳаббат.
27Лекин ба шумо, эй шунавандагон, мегӯям: душманони худро дӯст бидоред, ба нафраткунадагони худ некӣ кунед,
28Барои лаънаткунандагони худ баракат бихоҳед ва барои озордиҳандагони худ дуо гӯед.
29Ҳар кӣ ба рухсораи ту торсакӣ занад, дигарашро низ сӯи вай бигардон; ва ҳар кӣ ҷомаи туро кашида гирад, дар гирифтани куртаат низ ба вай монеъ нашав.
30Ҳар кӣ аз ту чизе талаб кунад, ба вай бидеҳ, ва ҳар кӣ чизи туро бигирад, гашта доданашро талаб накун.
31Ва чӣ тавре аз мардум мехоҳед, ки ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед.
32Ва агар касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ дӯстдорандагони худро дӯст медоранд.
33Ва агар ба касоне некӣ кунед, ки ба шумо некӣ мекунанд, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ чунин мекунанд.
34Ва агар ба касоне қарз диҳед, ки ба гашта гирифтан аз онҳо умед доред, ин чӣ эҳсон аст аз ҷониби шумо? Зеро ки гуноҳкорон низ ба гуноҳкорон қарз медиҳанд, то ки аз онҳо ҳамон қадар гашта гиранд.
35Лекин шумо душманони худро дӯст бидоред, ва некӣ кунед, ва карз диҳед, бе он ки ба талофии он умедвор шавед; ва мукофоти шумо бузург хоҳад буд, ва писарони Ҳаққи Таоло хоҳед буд; зеро ки Ӯ ба носипосон ва бадон меҳрубон аст.
36Пас, раҳмдил бошед, чунон ки Падари шумо раҳим аст.
4. Ба муқобили маҳкум кардани дигарон.
37Доварӣ накунед, ва ба доварӣ дучор нахоҳед шуд; маҳкум накунед, ва маҳкум наҳоҳед шуд; бибахшед ва бахшида хоҳед шуд;
38Бидиҳед, ва ба шумо дода хоҳад шуд: ба андозаи хуби чунбонидаю фишурдашуда ва лабрез ба домани шумо хоҳанд рехт; зеро ба кадом андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд».
39Ва масале низ ба онҳо гуфт: «Оё метавонад кӯре ба кӯри дигар роҳнамоӣ кунад? Оё ҳар ду дар чоҳ намеафтанд?
40Шогирд аз муаллими худ авло нест; аммо, пас аз такмил ёфтан ҳам, ҳар кас чун муаллимаш хоҳад буд.
41Чаро ту хасеро дар чашми бародари худ мебинӣ, вале чӯберо дар чашми худ дарнамеёбӣ?
42Ё чӣ тавр метавонӣ ба бародари худ гӯӣ: „Эй бародар! Иҷозат деҳ хасро аз чашми ту дур кунам“, дар сурате ки чӯбро дар чашми худ намебинӣ? Эй риёкор! Аввал чӯбро аз чашми худ дур кун, ва он гоҳ дуруст хоҳӣ дид, ки хасро аз чашми бародари худ дур кунӣ.
5. Дар бораи ба ҷо овардани иродаи Худо.
43Дарахти хубе нест, ки меваи бад меоварда бошад; ва дарахти баде нест, ки меваи хуб меоварда бошад.
44Зеро ки ҳар дарахт аз мевааш шинохта мешавад; чунки аз буттаи олуча анҷир намегиранд, ва аз мушхор ангур намечинанд.
45Шахси нек аз ганҷинаи неки дилаш чизи нек берун меоварад, ва шаҳси бад аз ганҷинаи бади дилаш чизи бад берун меоварад; зеро ки даҳони вай аз пурии дил сухан мегӯяд.
6. Масал дар бораи хонае ки бар санг бино шудааст.
46Чаро Маро „Худовандо! Худовандо!“ мегӯед, вале он чиро ки Ман мегӯям, ба ҷо намеоваред?
47Ҳар кӣ назди Ман биёяд ва суханони Маро бишнавад ва онҳоро ба ҷо оварад, ба шумо мефаҳмонам, ки вай ба кӣ монанд аст:
48Вай ба касе монанд аст, ки хонае месохт, ва заминро чукур канда, таҳкурсиро бар санг гузошт, ва ҳангоме ки сел омада, оби наҳр он ҳонаро зер кард, онро аз ҷояш чунбонда натавонист, чунки бар санг бино шуда буд.
49Лекин ҳар кӣ бишнавад ва ба ҷо наоварад, ба касе монанд аст, ки хонаашро бар рӯи хок бе таҳкурсӣ бино кард, ва ҳангоме ки оби наҳр онро зер кард, дарҳол фурӯ рафт, ва харобии он хона бузург буд».
Currently Selected:
Инҷили Луқо 6: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.