YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Луқо 19

19
БОБИ НУЗДАҲУМ
Имон овардани Заккай.
1Ва Ӯ ба Ериҳӯ ворид шуда, аз он мегузашт.
2Ва инак, Заккай ном шахс, ки сардори боҷгирон ва сарватдор буд,
3Мехост Исоро бубинад, ки Ӯ кист, лекин ба сабаби бисьёрии мардум натавонист, чунки қадаш паст буд.
4Ва давида пеш гузашту болои дарахти анҷире баромад, то ки Ӯро бубинад, чунки Ӯро лозим буд аз пеши он бигзарад.
5Вақте ки Исо ба он ҷо расид, назар афканда, вайро дид ва гуфт: «Эй Заккай! Зуд фурӯд ой, зеро ки имрӯз Маро лозим аст дар хонаат бимонам».
6Вай зуд фуромада, Ӯро бо хурсандӣ пазироӣ намуд.
7Ва ҳама инро дида, шиквакунон гуфтанд, ки Ӯ дар ҳонаи шахси гуноҳкор меҳмон шудааст.
8Аммо Заккай бархоста, ба Худованд гуфт: «Худовандо! Нисфи дороии худро ман ба мискинон медиҳам, ва агар чизи касеро ноинсофона гирифта бошам, чор баробар подош медиҳам».
9Исо ба вай гуфт: «Имрӯз ба нн ҳона наҷот омадааст, чунки вай низ Писари Иброҳим аст;
10Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад ва наҷот диҳад».
Масал дар бораи даҳ минои амонатӣ.
11Вақте ки онҳо инро гӯш мекарданд, Ӯ боз масале илова намуд: зеро ки Ӯ дар наздикии Ерусалим буд, ва онҳо гумон мекарданд, ки ба зудӣ бояд Малакути Худо ба зуҳур ояд.
12Бинобар ин Ӯ гуфт: «Шахсе аз ашроф ба кишвари дурдаст мерафт, то ки салтанате ба даст оварда, баргардад;
13Ва даҳ нафар ғуломонашро даъват намуда, ба онҳо даҳ мино#19:13 Мино — воҳиди пули нуқра ё тилло дар Ошуристон ва Юнони Қадим, ки он ба 100 дирҳам баробар буда, тақрибан 500 грамм вазн дошт. дод ва ба онҳо гуфт: „Бо ин пул то вақти гашта омаданам доду муомила кунед“.
14Аммо аҳли шаҳраш ба вай адоват доштанд ва аз ақиби вай элчӣ фиристоданд, то бигӯяд: „Намеҳоҳем, ки вай бар мо подшоҳӣ кунад“.
15Ва ҳангоме ки вай салтанатро ба даст оварда, баргашт, фармуд, ки ҳамон ғуломонро, ки ба онҳо пул дода буд, ҷеғ зананд, то фаҳмад, ки ҳар яке чӣ қадар фоида кардааст.
16Якумин омада, гуфт: „Эй оғо! Як минои ту даҳ мино фоида овард“.
17Ба ӯ гуфт: „Офарин, эй ғуломи нек! Азбаски ба чизи андак мӯътамад будӣ, бар даҳ шаҳр ҳоким шав“.
18Дуюмин омада, гуфт: „Эй оғо! Як минои ту панҷ мино фоида овард“.
19Ба ӯ низ гуфт: „Ту ҳам бар панҷ шаҳр ҳоким шав“.
20Сеюмин омада, гуфт: „Эй оғо! Инак як минои ту, ки онро ба рӯймоле печонда, нигоҳ доштам;
21Зеро ки ман аз ту тарсидам, чунки шахси сахтгир ҳастӣ: он чи нагузоштаӣ, мегирӣ, ва он чи накоштаӣ, медаравӣ“.
22Ба ӯ гуфт: „Туро аз забони худат маҳкум мекунам, эй ғуломи шарир! Ту медонистӣ, ки ман шахси сахтгир ҳастам, он чи нагузоштаам, мегирам, ва он чи накоштаам, медаравам;
23Пас чаро пули маро ба саррофон надодӣ, то ки ман омада, онро бо фоидааш бигирам?“
24Ва ба ҳозирон фармуд: „Он миноро аз ӯ гирифта, ба он ки даҳ мино дорад, бидиҳед“.
25Ба ӯ гуфтанд: „Эй оғо! Вай даҳ мино дорад“.
26„Ба шумо мегӯям, ки ҳар кӣ дорад, ба вай дода шавад; ва ҳар кӣ надорад, аз вай он чи низ дорад, гирифта шавад;
27Лекин он душманони маро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо оварда, пеши ман ба қатл расонед“».
Ба Ерусалим бо тантана ворид шудани Исо.
28Ин суханонро гуфта, Ӯ боз ба роҳ даромад ва сӯи Ерусалим равона шуд.
29Ва чун ба Байт‐Фоҷӣ ва Байт‐Ҳинӣ, ки бар кӯҳи Зайтун аст, наздик омад, ду шогирди Худро фиристода,
30Ба онҳо гуфт: «Ба он деҳа, ки рӯ ба рӯи мост, биравед; ҳамин ки вориди он шудед, харкурраеро баста меёбед, ки ҳанӯз касе бар он савор нашудааст; онро воз карда, биёред;
31Ва агар касе аз шумо пурсад: „Чаро воз мекунед?“ — ба вай бигӯед: „Худованд ба он зҳтиёч дорад“».
32Фиристодагон рафта, чунон ки Ӯ ба онҳо гуфта буд, ёфтанд.
33Вақте ки онҳо курраро воз мекарданд, соҳибонаш ба онҳо гуфтанд: «Чаро курраро воз мекунед?»
34Гуфтанд: «Худованд ба он эҳтиёҷ дорад».
35Ва онро назди Исо оварданд; ва ҷомаҳои худро бар курра афканда, Исоро ба он савор карданд.
36Ва ҳангоме ки Ӯ мерафт, ҷомаҳои худро бар роҳ мегустурданд.
37Вақте ки Ӯ ба фуромадгоҳи кӯҳи Зайтун наздик шуд, тамоми тӯдаи шогирдонаш шоднкунон бо овози баланд Худоро барои ҳамаи мӯъҷизаҳое ки дида буданд, ҳамду сано карда,
38Мегуфтанд:
«Муборак аст Подшоҳе ки ба исми Худованд меояд!
Осоиштагӣ дар осмон ва ҷалол дар арши аъло бод!»
39Баъзе фарисиён аз миёни мардум ба Ӯ гуфтанд: «Эй Устод! Шогирдони Худро манъ кун».
40Дар ҷавоб гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки агар онҳо хомӯш монанд, сангҳо нидо хоҳанд кард».
Маҳзунии Исо дар бораи Ерусалим.
41Ва ҳангоме ки Ӯ ба шаҳр наздик омад, ба он назар андохта, ба ҳоли он гирьён шуд
42Ва гуфт: «Оҳ, кошки ту низ ақаллан дар ҳамин рӯзи худ медонистӣ, ки кадом чизҳо сӯи осоиштагии ту мебарад! Аммо ин ҳоло аз чашмони ту ниҳон аст;
43Зеро рӯзҳое ба сарат меояд, ки душманонат ба муқобили ту сангарҳо хоҳанд сохт ва туро иҳота намуда, аз ҳар тараф ба танг хоҳанд овард,
44Ва туро, ва фарзандонатро дар дохили ту, ба хок яксон хоҳанд кард, ва дар ту санге бар санге нахоҳанд гузошт, аз барои он ки ту вақти тафаққуди худро надонистӣ».
Исо бори дуюм маъбадро пок мекунад.
45Ва ба маъбад даромада, ба пеш кардани онҳое ки дар он харидуфурӯш мекарданд, оғоз намуд,
46Ва ба онҳо гуфт: «Навишта шудааст, ки „хонаи Ман хонаи ибодат аст“, аммо шумо онро ба дуздхона мубаддал кардаед».
47Ва ҳар рӯз дар маъбад таълим медод. Аммо саркоҳинон ва китобдонон ва пирони қавм қасд доштанд, ки Ӯро нобуд кунанд,
48Вале илоҷи ин корро ёфта наметавонистанд, зеро ки тамоми мардум пайваста ба сузанони Ӯ гӯш медоданд.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in