Инҷили Юҳанно 10
10
БОБИ ДАҲУМ
Масал дар бораи чӯпон ва дар бораи каси бегона.
1«Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба оғили гӯсфанд аз дар надарояд, балки аз роҳи дигар дохил шавад, вай дузд ва роҳзан аст;
2Лекин ҳар кӣ аз дар дарояд, вай чӯпони гӯсфандон аст:
3Дарбон дарро барои вай мекушояд, гӯсфандон ба овози вай гӯш медиҳанд, вай гӯсфандони худро ном ба ном мехонад ва берун мебарорад;
4Чун гӯсфандони худро баровард, пешопеши онҳо меравад; ва гӯсфандон аз ақиби вай мераванд, чунки овозашро мешиносанд;
5Лекин аз ақиби каси бегона намераванд, балки аз вай мегурезанд, чунки овози бегонаро намешиносанд».
6Ҳамин масалро Исо ба онҳо гуфт. Лекин онҳо нафаҳмиданд, ки Ӯ ба онҳо чӣ гуфт.
Исо — дар бораи гӯсфандон.
7Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман барои гӯсфандон дар ҳастам.
8Ҳамаи касоне ки пеш аз Ман омаданд, дузд ва роҳзан ҳастанд; лекин гӯсфандон ба овози онҳо гӯш надоданд.
9Ман дар ҳастам: ҳар кӣ ба василаи Ман дохил шавад, наҷот меёбад, ва ба дарун ва берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад.
10Дузд меояд, то ки бидуздад, бикушад ва талаф кунад; Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд.
Исо — чӯпони некдил.
11Ман чӯпони некам: чӯпони нек ҷони худро барои гӯсфандон фидо мекунад;
12Лекин муздуре ки чӯпон нест, ва гӯсфандон аз они худаш нестанд, чун бубинад, ки гург меояд, гӯсфандонро монда мегурезад, ва гург гӯсфандонро мегирад ва пароканда мекунад;
13Муздур мегурезад, чунки муздур аст, ва ғами гӯсфандонро намехӯрад.
14Ман чӯпони некам, ва мансубони Худро мешиносам, ва мансубонам Маро мешиносанд:
15Чунон ки Падар Маро мешиносад, Ман ҳам Падарро мешиносам, ва ҷони Худро барои гӯсфандон фидо мекунам.
16Ман гӯсфандони дигар низ дорам, ки аз ин оғил нестанд, ва онҳоро низ бояд оварам: онҳо низ овози Маро хоҳанд шунид, ва як рамаю як чӯпон хоҳанд шуд.
17Аз ин сабаб Падар Маро дӯст медорад, ки Ман ҷони Худро фидо мекунам, то ки онро боз ёбам;
18Ҳеҷ кас онро аз Ман намегирад, балки Худи Ман онро фидо мекунам: қудрат дорам, ки онро фидо кунам, ва қудрат дорам, ки онро боз ёбам; ин ҳукмро аз Падари Худ гирифтаам».
19Ба сабаби ин суханон боз дар байни яҳудиён ихтилоф афтод.
20Бисьёре аз онҳо гуфтанд: «Ӯ дев дорад ва девона аст; чаро ба суханонаш гӯш медиҳед?»
21Дигарон гуфтанд: «Ин суханони девона нест; оё дев метавонад чашми кӯронро воз кунад?»
Исо дар Ерусалим дар иди таҷдид.
а) Худро Масеҳ эълон мекунад.
22Дар Ерусалим иди таҷдид барпо шуд, ва зимистон буд.
23Ва Исо дар маъбад, дар равоқи Сулаймон мегашт.
24Яҳудиён гирди Ӯро гирифта, ба Ӯ гуфтанд: «То кай моро дар тардид мегузорӣ? Агар Ту Масеҳ бошӣ, ошкоро бигӯ».
25Исо ба онҳо чавоб дод: «Ман ба шумо гуфтам, ва имон наовардед; аъмоле ки Ман ба исми Падари Худ ба ҷо меоварам, бар Ман шаҳодат медиҳад;
26Лекин шумо имон намеоваред, зеро ки аз гӯсфандони Ман нестед, чунон ки ба шумо гуфтам;
27Гӯсфандони Ман ба овози Ман гӯш медиҳанд, ва Ман онҳоро мешиносам, ва онҳо Маро пайравӣ мекунанд,
28Ва Ман ба онҳо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшам, ва онҳо то абад талаф нахоҳанд шуд, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Ман кашида гирад;
29Падаре ки онҳоро ба Ман дод, аз ҳама бузургтар аст, ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирад:
30Ман ва Падар як ҳастем».
б) Адовати яҳудиён.
31Боз яхудиён санг бардоштанд, то ки Ӯро сангсор кунанд.
32Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Аз ҷониби Падари Худ ба шумо бисьёр аъмоли нек нишон додаам; аз барои кадоми онҳо Маро сангсор мекунед?»
33Яҳудиён дар ҷавоби Ӯ гуфтанд: «Туро барои амали нек сангсор намекунем, балки барои куфр, зеро Ту, ки одам ҳастӣ, Худро Худо мехонӣ».
34Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё дар шариати шумо навишта нашудааст: „Ман гуфтам: шумо худоён ҳастед“?
35Агар онҳоеро, ки каломи Худо сӯяшон нозил шуд, худоён хондааст, ва Навишта наметавонад ботил шавад, —
36Пас ба Касе ки Падар Ӯро тақдис карда, ба ҷаҳон фиристод, чӣ тавр шумо мегӯед, ки: „Куфр мегӯӣ“, чунки гуфтаам: „Писари Худо ҳастам“?
37Агар аъмоли Падари Худро ба ҷо намеоварам, ба Ман имон наоваред;
38Ва агар ба ҷо меоварам, ҳарчанд шумо ба Ман имон намеоваред, пас ба аъмол имон оваред, то бидонед ва бовар кунед, ки Падар дар Ман аст, ва Ман дар Ӯ».
39Он гоҳ бори дигар хостанд Ӯро дастгир кунанд; лекин Ӯ аз дасташон раҳо шуд.
40Ва боз ба он тарафи Урдун, ба ҳамон ҷое ки пештар Яҳьё таъмид медод, рафт ва дар он ҷо монд.
41Ва бисьёр касон назди Ӯ омаданд ва гуфтанд: «Яҳьё ҳеҷ мӯъҷизае нишон надод; лекин ҳар он чи Яҳьё дар бораи Ин Шахс гуфт, рост буд».
42Ва бисьёр касон дар он ҷо ба Ӯ имон оварданд.
Currently Selected:
Инҷили Юҳанно 10: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.