Ҳастӣ 35
35
БОБИ СИЮ ПАНҶУМ
Яъқуб дар Байт‐Ил. Ваъда аз нав барқарор шуд.
1Ва Худо ба Яъқуб гуфт: «Бархоста, сӯи Байт‐Ил равона шав, ва он ҷо бинишин; ва он ҷо қурбонгоҳе бисоз барои Худо, ки ҳангоми гурехтанат аз пеши бародарат Эсов бар ту зоҳир гардид».
2Ва Яъқуб ба аҳли байти худ ва ҳамаи касоне ки бо ӯ буданд, гуфт: «Худоҳои бегонаро, ки дар миёни шумост, дур созед, ва худро покиза кунед, ва либоси худро иваз намоед;
3Ва бархоста, сӯи Байт‐Ил равона шавем, ва он ҷо ман қурбонгоҳе бисозам барои Худо, ки маро дар рӯзи тангии ман иҷобат намуд, ва дар роҳе ки рафтам, бо ман буд».
4Ва ҳамаи худоҳои бегонаро, ки дар дасташон буд, ва гӯшвораҳоро, ки дар гӯшашон буд, ба Яъқуб доданд, ва Яъқуб онҳоро зери дарахти булут, қи дар наздикии Шакем буд, гӯр кард.
5Ва кӯч карданд. Ва ваҳми Худо бар шаҳрҳои гирду пеши онҳо буд, ва банӣ‐Яъқубро таъқиб накарданд.
6Ва Яъқуб ба Луз, ки дар замини Канъон аст, ва ҳамон Байт‐Ил бошад, расид; худи ӯ ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд.
7Ва он ҷо қурбонгоҳе бино кард, ва он маконро Ил‐Байт‐Ил номид, зеро ки дар он ҷо, ҳангоме ки аз пеши бародари худ гурехт, бар ӯ Худо зоҳир гардида буд.
8Ва Дебӯро, дояи Ривқо, мурд, ва дар домани Байт‐Ил, зери дарахти булут дафн карда шуд, ки онро булути гирья номид.
9Вақте ки Яъқуб аз Фаддони Арам гашта меомад, Худо бар ӯ бори дигар зоҳир гардид, ва ӯро баракат дод.
10Ва Худо ба ӯ гуфт:
«Номи ту Яъқуб аст,
аммо минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад,
балки номи ту Исроил хоҳад буд».
Ва ӯро Исроил ном ниҳод.
11Ва Худо ба ӯ гуфт:
«Ман Худои Қодир ҳастам;
борвар ва афзун шав;
халқ ва гурӯҳи халқҳо аз ту ба вуҷуд оянд,
ва подшоҳон аз камари ту бароянд.
12Ва заминеро, ки ба Иброҳим ва Исҳоқ додаам,
ба ту хоҳам дод,
ва ба наслат баъд аз ту ин заминро хоҳам дод».
13Ва Худо дар он ҷое ки бо ӯ сухан гуфт, аз пеши ӯ сууд кард.
14Ва Яъқуб дар он ҷое ки Худо бо ӯ сухан гуфт, сутуне барпо намуд, сутуне аз санг; ва ҳадияи рехтанӣ бар он рехт, ва равған бар он рехт.
15Ва Яъқуб он маконро, ки Худо дар он ҷо бо ӯ сухан гуфт, Байт‐Ил ном ниҳод.
Таваллуд ёфтани Биньёмин ва вафоти Роҳел.
16Ва аз Байт‐Ил кӯч карданд; ва чун андак масофате монда буд, ки ба Эфрот бирасанд, Роҳел зоид, ва дар зоиданаш душворӣ кашид.
17Ва ҳангоме ки дар зоиданаш душворӣ мекашид, доя ба ӯ гуфт: «Натарс, зеро ки ин низ бароят писар аст».
18Ва дар вақти ҷон доданаш, зеро ки мурд, ӯро Бен‐Ӯнӣ ном ниҳод, вале падараш ӯро Биньёмин номид.
19Ва Роҳел вафот ёфт, ва дар роҳи Эфрот, ки ҳамон Байт‐Лаҳм бошад, дафн карда шуд.
20Ва Яъқуб бар қабри ӯ сутуне гузошт, ки он то имрӯз сутуни қабри Роҳел аст.
21Ва Исроил кӯч кард, ва хаймаи худро дар он тарафи бурҷи Эдар барафрошт.
22Ва чунин воқеъ шуд, ки дар вақти иқомати Исроил дар он сарзамин Реубен рафта, бо суррияи падари худ Билҳо хобид. Ва Исроил инро шунид. Ва банӣ‐Яъқуб дувоздаҳ нафар буданд.
23Писарони Леё: Реубен, нахустзодаи Яъқуб, Шимъӯн, Левӣ, Яҳудо, Иссокор ва Забулун.
24Писарони Роҳел: Юсуф ва Биньёмин.
25Ва писарони Билҳо, канизи Роҳел: Дон ва Нафтолӣ.
26Ва писарони Зилфо, канизи Леё: Ҷод ва Ошер. Инҳоянд писарони Яъқуб, ки дар Фаддони Арам ба ӯ таваллуд шуданд.
Вафоти Исҳоқ.
27Ва Яъқуб назди падари худ Исҳоқ ба Мамре, ба Қирьяи Арбаъ, ки ҳамон Ҳебрӯн бошад, омад, ки он ҷо Иброҳим ва Исҳоқ дар мусофират буданд.
28Ва айёми Исҳоқ саду ҳаштод сол буд.
29Ва Исҳоқ ҷон супурд ва мурд, ва пиру солхӯрда шуда, ба қавми худ пайваст, ва писарони ӯ Эсов ва Яъқуб ӯро ба хок супурданд.
Currently Selected:
Ҳастӣ 35: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.