YouVersion Logo
Search Icon

Ҳастӣ 27

27
БОБИ БИСТУ ҲАФТУМ
Баракате ки ба воситаи фиреб ба даст оварда шудааст.
1Ва чун Исҳоқ пир шуд, ва чашмонаш аз дидан оҷиз гашта буд, писари калонии худ Эсовро ҷеғ зада, гуфт: «Писарам!» Вай ба ӯ гуфт: «Лаббай!»
2Ва ӯ гуфт: «Инак, пир шудаам; ва рӯзи аҷали худро намедонам;
3Ва акнун асбоби худро, тирдон ва камони худро гирифта, ба саҳро бирав, ва нахҷире барои ман бигир,
4Ва таоме барои ман, чунон ки дӯст медорам, тайёр карда биёр, то ки бихӯрам, ва ҷони ман, пеш аз мурданам, туро баракат диҳад».
5Вақте ки Исҳоқ ба писари худ Эсов гап мезад, Ривқо шунид. Ва Эсов ба саҳро рафт, то ки нахҷире сайд карда биёрад;
6Ва Ривқо ба писари худ Яъқуб гуфт: «Инак, падаратро шунидам, ки бародарат Эсовро хонда, мегуфт:
7„Барои ман нахҷире оварда, таоме тайёр кун, то ки онро бихӯрам ва пеш аз мурданам туро пеши Худованд баракат диҳам“.
8Ва акнун, писарам, сухани маро бишнав дар он чи ман туро амр мефармоям:
9Сӯи рама бирав ва аз он ҷо барои ман ду бузғолаи хубе бигир; ва ман аз онҳо таоме барои падарат, чунон ки ӯ дӯст медорад, тайёр мекунам;
10Ва онро назди падарат мебарӣ, ва ӯ мехӯрад, то ки туро пеш аз мурданаш баракат диҳад».
11Ва Яъқуб ба модари худ Ривқо гуфт: «Бародарам Эсов марди мӯйдор аст, лекин ман марди бемӯй ҳастам.
12Шояд, падарам маро ламс намояд; ва ман дар назараш мисли ҳилагаре бошам, ва дар ивази баракат лаънат бар худ оварам».
13Ва модараш ба ӯ гуфт: «Лаънати ту бар ман бод, писарам! Фақат сухани маро бишнав, ва рафта, барои ман бигир».
14Ва ӯ рафт, ва гирифт, ва ба модари худ овард; ва модараш таоме тайёр кард, чунон ки падараш дӯст медошт.
15Ва Ривқо либоси бошукӯҳи писари калонии худ Эсовро, ки назди ӯ дар хона буд, гирифта, ба писари хурдии худ Яъқуб пӯшонид;
16Ва пӯсти бузғолаҳоро бар дастҳо ва гардани бемӯи ӯ баст;
17Ва таом ва нонро, ки тайёр карда буд, ба дасти писари худ Яъқуб дод.
18Ва ӯ назди падари худ омада, гуфт: «Падарам!» Гуфт: «Лаббай! Ту кистӣ, писарам?»
19Ва Яъқуб ба падари худ гуфт: «Ман нахустзодаи ту Эсов ҳастам; он чи ба ман фармудӣ, кардам; бархез, бинишин ва аз нахҷири ман бихӯр, то ки ҷонат маро баракат диҳад».
20Ва Исҳоқ гуфт: «Чӣ гуна ин қадар зуд ёфтӣ, писарам?» Гуфт: «Чунки Худованд Худои ту ба ман расонд».
21Ва Исҳоқ ба Яъқуб гуфт: «Наздик биё, ман туро ламс мекунам, писарам, оё ту писари ман Эсов ҳастӣ, ё не?»
22Ва Яъқуб ба падари худ Исҳоқ наздик омад; ва ӯро ламс карда, гуфт: «Овоз — овози Яъқуб, аммо дастҳо — дастҳои Эсов».
23Ва ӯро нашнохт, зеро ки дастҳояш мисли дастҳои бародараш Эсов мӯйдор буд; ва ӯро баракат дод.
24Ва гуфт: «Оё ту писари ман Эсов ҳастӣ?» Гуфт: «Манам».
25Ва гуфт: «Наздики ман биёр, ман аз нахҷири писари худ мехӯрам, то ки ҷонам туро баракат диҳад». Ва наздики ӯ овард, ва ӯ бихӯрд; ва шароб барояш овард, ва ӯ нӯшид.
26Ва падараш Исҳоқ ба вай гуфт: «Наздик биё ва маро бибӯс, писарам».
27Ва наздик омад ва ӯро бӯсид; ва роиҳаи либоси ӯро шамида, ӯро баракат дод ва гуфт:
«Инак, роиҳаи писари ман
мисли роиҳаи саҳроест, ки Худованд онро
баракат додааст.
28Ва туро Худо аз шабнами осмон
ва аз фарбеҳии замин
ва аз фаровонии ғалла ва шираи ангур ато фармояд.
29Қавмҳо ба ту хизмат кунанд,
ва қабилаҳо ба ту таъзим намоянд;
бар бародарони худ ҳукмфармо шавӣ,
ва фарзандони модарат ба ту таъзим намоянд;
ҳар кӣ туро лаънат хонад — малъун бод;
ҳар кӣ туро муборак хонад — муборак бод!»
Пушаймонии Эсов суде надорад.
30Ва чун Исҳоқ баракат додани Яъқубро ба итмом расонд, ва чун Яъқуб аз пеши падари худ Исҳоқ берун рафт, бародараш Эсов аз шикори худ омад.
31Ва ӯ низ таом тайёр кард, ва назди падари худ оварда, ба падари худ гуфт: «Бархез, падарам, ва аз нахҷири писари худ бихӯр, то ки ҷонат маро баракат диҳад».
32Ва падараш Исҳоқ ба ӯ гуфт: «Ту кистӣ?» Гуфт: «Ман писари ту, нахустзодаи ту, Эсов ҳастам».
33Ва Исҳоқро раъшаи бузурге фаро гирифта, ба ларзиш овард, ва ӯ гуфт: «Пас он кӣ буд, ки нахҷир сайд карда, бароям овард, ва пеш аз омадани ту аз ҳамааш хӯрдам, ва ӯро баракат додам? Ва ӯ муборак хоҳад буд!»
34Чун Эсов суханони падари худро шунид, фиғони баланд ва бениҳоят талхе кашида, ба падари худ гуфт: «Маро низ баракат деҳ, падарам!»
35Гуфт: «Бародарат бо ҳила омада, баракати туро гирифт».
36Ва гуфт: «Беҳуда нест, ки ӯро Яъқуб ном ниҳодаанд: ду дафъа ӯ маро фиреб дод — аввал нахустзодагии маро гирифт ва инак, акнун баракати маро гирифтааст». Ва гуфт: «Оё барои ман баракате нигоҳ надоштӣ?»
37Ва Исҳоқ ба Эсов ҷавоб дода, гуфт: «Инак, ӯро бар ту ҳукмфармо сохтам, ва ҳамаи бародаронашро ғуломони ӯ гардондам, ва ғалла ва шираи ангурро ба ӯ бахшидам; пас, барои ту, писарам, чӣ кунам?»
38Ва Эсов ба падари худ гуфт: «Наход ки ҳамин як баракатро доштӣ, падарам? Маро низ баракат деҳ, падарам!» Ва Эсов овози худро баланд карда, гирист.
39Ва падараш Исҳоқ ба ӯ ҷавоб дода, гуфт:
«Инак, истиқомати ту аз фарбеҳии замин
ва аз шабнами осмон аз боло хоҳад буд;
40Ва ба шамшерат хоҳӣ зист,
ва ба бародари худ хизмат хоҳӣ кард;
ва чунин воқеъ хоҳад шуд,
ки мухолифат намоӣ ва юғи ӯро аз гардани худ дур андозӣ».
41Ва Эсов ба Яъқуб ба сабаби он баракате ки падараш ӯро дода буд, кина варзид; ва Эсов дар дили худ гуфт: «Айёми навҳагарӣ барои падарам наздик аст, ва он гоҳ бародари худ Яъқубро хоҳам кушт».
42Ва Ривқо аз суханони писари калонии худ Эсов огоҳӣ ёфт; ва кас фиристода, писари хурдии худ Яъқубро хонд, ва ба ӯ гуфт: «Инак, бародарат Эсов осоиши хотир аз он дорад, ки туро бикушад.
43Ва акнун, писарам, сухани маро бишнав ва бархоста, назди бародарам Лобон ба Ҳоррон бигрез;
44Ва муддате назди ӯ бимон, то хашми бародарат таскин ёбад,
45То ғазаби бародарат аз ту баргардад, ва он чи дар ҳаққи вай кардӣ, фаромӯш кунад. Ва он гоҳ кас фиристода, туро аз он ҷо меоварам. Чаро аз ҳар дуи шумо дар як рӯз маҳрум шавам?»
46Ва Ривқо ба Исҳоқ гуфт: «Аз дасти духтарони ҳиттӣ аз ҷон безор шудаам; агар Яъқуб зане аз духтарони ҳиттӣ, мисли ононе ки духтарони ин заминанд, бигирад, ба ман зиндагӣ чӣ лозим аст?»

Currently Selected:

Ҳастӣ 27: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in