YouVersion Logo
Search Icon

2 Юҳанно 1

1
Ростӣ ва муҳаббат ҷудонашавандаанд.
1Пир — ба ҳотуни баргузида ва фарзандони вай, ки ман онҳоро дар ростӣ дӯст медорам, ва на танҳо ман, балки низ ҳамаи онҳое ки ростиро дарк кардаанд,
2Ба хотири ростие ки дар мо сокин аст ва то абад бо мо хоҳад буд:
3Файз, марҳамат ва осоиштагӣ аз ҷониби Худои Падар ва Исои Масеҳи Худованд, ки Писари Падар аст, дар ростӣ ва муҳаббат бо шумо бод.
Калисо бояд дар ростӣ ва муҳаббат собит бимонад.
4Ман бағоят хурсанд шудам, ки аз байни фарзандонат касонеро ёфтам, ки дар ростӣ рафтор мекунанд, ба ҳасби ҳукме ки мо аз Падар пазируфтаем.
5Ва акнун аз ту, эй хотун, хоҳишмандам: на ҳамчун ҳукми тозае ба ту менависам, балки ҳамонро, ки мо аз ибтидо доштем, ки ба якдигар муҳаббат дошта бошем.
6Ва муҳаббат аз он иборат аст, ки мо бар тибқи аҳкоми Ӯ рафтор кунем. Ин ҳамон ҳукмест, ки шумо аз ибтидо шунидаед, то ки бар тибқи он рафтор кунед.
Огоҳонидан аз таълимоти козибона.
7Зеро бисьёр фиребгарон дар дуньё пайдо шудаанд, ки Исои Масеҳи ба ҳасби ҷисм омадаро эътироф намекунанд: чунин шаҳс фиребгар ва зиддимасеҳ аст.
8Аз худ бохабар бошед, ки мабодо он чиро, ки мо барояш меҳнат кардаем, барбод диҳед, балки мукофоти комил бигиред.
9Ҳар ки аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он сокин нест, Худо надорад; касе ки дар таълимоти Масеҳ сокин аст, ҳам Падарро дорад ва ҳам Писарро.
10Касе ки назди шумо меояд ва ин таълимотро намеоварад, варо ба хонаи худ қабул накунед ва ба вай салом надиҳед;
11Зеро касе ки ба вай салом диҳад, ба аъмоли шариронаи вай шарик мешавад.
12Чизи бисьёре дорам, ки ба шумо бинависам, аммо намехоҳам ба коғаз бо сиёҳӣ бинависам, балки умедворам, ки назди шумо биёям ва даҳонакӣ бигӯям, то ки хурсандии мо комил бошад.
13Фарзандони хоҳари баргузидаи ту ба ту салом мерасонанд. Омин.

Currently Selected:

2 Юҳанно 1: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in