YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* 15

15
Ёрӣ ба дигарон
1Мо ки дар имон устувор ҳастем, бояд ба сустимонон дар душвориҳояшон кӯмак кунем ва на танҳо дар бораи фоидаи худ фикр кунем. 2Ҳамаи мо бояд кӯшиш кунем, ки ба бародарону хоҳарон писанд оем ва барои фоидаву дар имон боқувват шудани онҳо кӯмак расонем. 3Масеҳ низ дар бораи фоидаи Худ фикр намекард, лекин, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Ҳақоратҳои бадгӯёни Ту бар сари Ман афтодаанд».#15:3 Забур 68:10 4Зеро ҳар он чизе, ки дар навиштаҷот аз замони пеш омадааст, барои таълим додани мо мебошад, то ки ба воситаи тоқату дилбардорие, ки навиштаҷот ба мо мебахшад, умед дошта бошем. 5Бигзор Худо, ки сарчашмаи тоқату дилбардорист, ба шумо қувват диҳад, ки аз пайи Исои Масеҳ рафта, бо якдигар ҳамфикр бошед. 6Он гоҳ ҳамаи шумо бо як дилу як забон Худоро, ки Падари Худовандамон Исои Масеҳ аст, ситоиш мекунед.
Хушхабар барои ҳама аст
7Бинобар ин, чунон ки Масеҳ шуморо қабул намудааст, шумо низ барои шаъну шарафи Худо якдигарро қабул намоед. 8Зеро ба шумо мегӯям, ки Масеҳ хизматгори яҳудиён шуд, то ки вафодории Худоро нишон диҳад ва тасдиқ намояд, ки Худо нисбати аҷдодони яҳудиён ваъдаҳояшро иҷро кардааст. 9Инчунин Масеҳ барои он омадааст, ки ғайрияҳудиён Худоро барои раҳму шафқаташ ситоиш кунанд, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Барои ҳамин Туро дар байни дигар халқҳо ситоиш мекунам ва дар васфи номи Ту ҳамду сано мехонам».#15:9 2 Подшоҳон 22:50; Забур 17:50 иқтибос оварда шудааст. 10Инчунин дар навиштаҷот омадааст: «Эй ғайрияҳудиён, якҷоя бо халқи Худо шодӣ кунед!»#15:10 Такрори Шариат 32:43 11Ҳамчунин: «Эй ҳамаи ғайрияҳудиён, Худовандро ситоиш кунед! Эй тамоми халқҳо, Ӯро ҳамду сано хонед!» #15:11 Забур 116:1 12Пайғамбар Ишаъё низ чунин мегӯяд: «Решаи Ишой, яъне вориси шоҳ Довуд омада, подшоҳ мешавад ва бар ғайрияҳудиён ҳукмронӣ мекунад. Тамоми халқҳо ба Ӯ умед мебанданд».#15:12 Ишаъё 11:10 13Бигзор Худо, ки сарчашмаи умед аст, ба воситаи имонатон шуморо пур аз сулҳу осоиштагӣ ва шодӣ гардонад, то ки шумо ба воситаи қувваи Рӯҳулқудс умеди фаровон дошта бошед.
Сабаби навиштани ин нома
14Бародарону хоҳарон, ман боварии комил дорам, ки шумо пур аз некӣ ҳастед ва барои насиҳат кардани якдигар дониши пурра доред. 15Лекин ман ҷуръат намудам, ки дар ин нома ба шумо баъзе чизҳоро хотиррасон намоям. Зеро Худо аз рӯйи файзу меҳрубониаш ба ман ато намудааст, ки 16дар байни ғайрияҳудиён хизматгори Исои Масеҳ бошам. Ман чун коҳин хизмат карда хушхабари Худоро ба ғайрияҳудиён эълон менамоям, то ки онҳоро ҳамчун қурбонии писандидае, ки Рӯҳулқудс пок намудааст, ба Худо тақдим намоям. 17Ҳамин тавр ман метавонам, аз корҳое, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ барои Худо кардаам, фахр кунам. 18Зеро ҷуръат намекунам, ки ба ғайр аз он чизе, ки Масеҳ барои итоаткори Худо гардонидани ғайрияҳудиён ба воситаи ман кардааст, гап занам. Масеҳ инро ба воситаи сухану амал, 19қувваи аломатҳову муъҷизаҳо ва бо қувваи Рӯҳи Худо кардааст. Ҳамин тавр ман хушхабарро дар бораи Масеҳ аз Уршалим то ба вилояти Илурикӯн пурра эълон кардаам. 20Ман ҳамеша кӯшиш менамоям, хушхабарро дар ҷое эълон кунам, ки то ҳол дар бораи Масеҳ нашунидаанд, то ки бар болои таҳкурсии дигарон бино накунам. 21Аммо, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Онҳое, ки аз Ӯ хабар надоштаанд, хоҳанд дид ва онҳое, ки нашунидаанд, хоҳанд фаҳмид».#15:21 Ишаъё 52:15 22Ин ҳама сабаб шуд, ки бо вуҷуди кӯшишҳои зиёдам ба наздатон омада натавонистам.
Павлус масеҳиёни Румро дидан мехоҳад
23Ҳоло бошад, дар ҳамаи ин минтақаҳо корҳоямро анҷом додаам. Акнун ки солҳои зиёд дар интизори дидани шумо будам, 24нақша дорам, ки ҳангоми сафарам ба Испания ба назди шумо биёям. Умедворам, ки аз дидоратон сер мешавам ва шумо барои сафари ояндаам ба ман кӯмак мекунед.
25Худи ҳозир бошад, ман ба шаҳри Уршалим рафта истодаам, то ки ба имондорони он ҷо хизмат намоям. 26Зеро ҷамоатҳои имондорони вилоятҳои Мақдуния ва Охоия хоҳиш пайдо карданд, ки барои камбағалони ҷамоати имондорони Уршалим кӯмакпулӣ ҷамъ карда фиристанд. 27Онҳо ин корро бо хурсандӣ анҷом додаанд ва дар ҳақиқат ҳам аз имондорони Уршалим қарздоранд. Чунон ки ғайрияҳудиён дар баракатҳои рӯҳонии имондорони яҳудӣ ҳамроҳ шуданд, ҳамон тавр низ бояд ба онҳо дар муҳтоҷиҳои зиндагиашон кӯмак кунанд. 28Аз ин рӯ, вақте ки ин корро анҷом медиҳам, яъне пули ҷамъкардаро ба дасташон месупорам, ба Испания раҳсипор шуда, шуморо хабар мегирам. 29Ман боварӣ дорам, ки ҳангоми омаданам, Масеҳ ба ҳамаи мо баракатҳои фаровон медиҳад.
30Бародарону хоҳарони азиз, аз шумо ба хотири Худовандамон Исои Масеҳ ва муҳаббати Рӯҳулқудс илтимос мекунам, ки ҳамроҳам бо ҷидду ҷаҳд ба Худо дуо кунед. 31Яъне дуо кунед, ки ман ба дасти беимонони сарзамини Яҳудия наафтам. Ҳамчунин дуо кунед, ки имондорони Уршалим кӯмакпулиеро, ки ба онҳо бурда истодаам, бо хурсандӣ қабул намоянд. 32Ҳамин тавр, агар хости Худо бошад, ман хурсандона ба назди шумо омада, аз диданатон қуввати нав мегирам. 33Худо, ки сарчашмаи сулҳу осоиштагӣ аст, бо ҳамаи шумо бод! Омин.

Currently Selected:

Румиён* 15: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in