YouVersion Logo
Search Icon

Матто* 24

24
Азобу уқубатҳои дарпешистода
1Ҳангоме ки Исо аз маъбади Худо баромад, шогирдонаш наздаш омаданд, то ки биноҳои маъбади Худоро ба Ӯ нишон диҳанд. 2Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки санг бар болои санг намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад».
3Ҳангоме ки Исо ба кӯҳи Зайтун баромада нишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба пеши Ӯ омада пурсиданд: «Ба мо гӯй, ки ин ҳодиса кай рӯй медиҳад ва омадани Туву наздикшавии охирзамонро аз кадом аломат мефаҳмем?»
4Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки мабодо касе шуморо гумроҳ кунад. 5Зеро бисёр касон бо номи Ман омада, мегӯянд, ки „ман Масеҳ ҳастам“ ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд. 6Шумо садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, лекин ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад. 7Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад. Дар ҳар ҷо гуруснагӣ меояд ва заминҷунбиҳо мешавад. 8Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди дардҳои аввалини зоидан мебошанд.
9Баъд шуморо дастгир карда, азоб медиҳанд ва ҳатто ба марг месупоранд. Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳамаи халқҳо ба шумо бо чашми нафрат нигоҳ мекунанд. 10Он гоҳ бисёр касон имонашонро аз даст медиҳанду ба якдигар хиёнат мекунанд ва якдигарро бад мебинанд. 11Дар он айём пайғамбарони бардурӯғи зиёд пайдо мешаванд ва бисёр касонро гумроҳ мекунанд. 12Бадӣ то андозае меафзояд, ки дар дили бисёр одамон муҳаббат намемонад. 13Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт. 14Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар саросари дунё эълон карда мешавад, то ки ҳар халқ имконияти шунидани онро пайдо кунад. Танҳо баъд аз ин охирзамон фаро мерасад.
Харобазори нафратангез
15Шумо дар ҷойи муқаддас ҳамон харобазори нафратангезеро мебинед, ки Дониёл пайғамбар дар борааш пешгӯйӣ карда буд (ба ин диққат диҳед). 16Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. 17Агар касе дар болои бом бошад, барои гирифтани чизе аз хона пойин нафарояд. 18Агар касе дар саҳро бошад, ҳатто барои гирифтани ҷома ҳам барнагардад. 19Вой бар ҳоли ҳомиладорон ва модароне, ки кӯдаки ширхӯр хоҳанд дошт! 20Дуо кунед, ки гурехтани шумо дар вақти зимистон ё рӯзи шанбе рӯй надиҳад. 21Зеро азобу даҳшати он айём ба дараҷае мерасад, ки аз рӯзи офариниши дунё то ба имрӯз монанди он ҳеҷ рӯй надодааст ва дигар рӯй нахоҳад дод. 22Аммо Худо он рӯзҳои азобро кӯтоҳ кардааст, чунки агар кӯтоҳ намекард, дар рӯйи замин касе зинда намемонд. Ба хотири интихобкардагонаш Худо он рӯзҳоро ҳатман кӯтоҳ хоҳад кард.
23Ҳамон вақт агар касе ба шумо гӯяд, ки „Бинед, Масеҳ дар ин ҷост!“ ё „Ӯ дар он ҷост!“ бовар накунед. 24Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд. Онҳо муъҷизаю аломат нишон медиҳанд, то агар имкон бошад, ҳатто интихобшудагони Худоро гумроҳ кунанд. 25Ман пешакӣ шуморо огоҳ карда мондам.
26Агар одамон ба шумо гӯянд, ки „Бинед, Масеҳ дар биёбон аст!“, ба он ҷо наравед. Ё агар гӯянд, ки „Бинед, Вай дар даруни хона аст!“, бовар накунед. 27Чунки омадани Писари Одамизод мисли дурахши раъду барқе мешавад, ки тамоми осмонро аз шарқ то ба ғарб фаро мегирад.
28Ҳар ҷое ки ҷасад аст, парандаҳои лошахӯр дар он ҷо ҷамъ мешаванд.
Аломати омадани Писари Одамизод
29Баъд аз азобу даҳшати он рӯзҳо офтоб зуд тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, ситораҳо аз осмон фурӯ мерезанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд. 30Он вақт аломати омадани Писари Одамизод дар осмон намоён мегардад ва дар болои абр бо қудрат ва шуҳрату ҷалол омадани Ӯро ҳамаи одамони рӯйи замин дида гиряву нола мекунанд.#24:30 Дониёл 7:13-14 31Писари Одамизод фариштаҳояшро мефиристад, то ки интихобшудагони Худро аз чор тарафи дунё ва аз тамоми гӯшаву канори замину осмон бо садои баланди карнай гирд оваранд.
Масал дар бораи дарахти анҷир
32Аз дарахти анҷир ибрат гиред. Ҳамин ки шохаҳояш муғҷа карда барг бароварданро сар кунанд, шумо аниқ медонед, ки ба қарибӣ тобистон меояд. 33Айнан ҳамин тавр, ҳангоме ки ба амал омадани ин ҳодисаҳоро мебинед, донед, ки вақт наздик аст, дар паси дар аст. 34Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ҳанӯз одамони ин насл аз олам нагузашта, ҳамаи ин ҳодисаҳо ба амал меоянд. 35Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
Рӯзу соати омадани Писари Одамизод
36Лекин кай фаро расидани он рӯзу соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар. 37Омадани Писари Одамизод мисли рӯзҳое мешавад, ки дар замони Нӯҳ пайғамбар буд. 38Дар он рӯзҳо ҳам пеш аз саршавии обхезӣ одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд. То он рӯзе, ки Нӯҳ ба киштӣ даромад, ҳамин тавр давом медод. 39Одамон то омадани тӯфону ҳамаи онҳоро несту нобуд карданаш чизеро намефаҳмиданд. Ҳангоми омадани Писари Одамизод низ чунин хоҳад буд. 40Он вақт ду кас дар саҳро кор мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. 41Ду зан дар осиёб гандум орд мекунанд ва якеаш гирифта мешаваду дигараш мемонад. 42Пас, ҳушёр бошед, чунки рӯзи омадани Хоҷаатонро намедонед. 43Бидонед, ки агар соҳибхона вақти омадани дуздро донад, тамоми шаб бедор меистад ва намегузорад, ки дузд ба хонааш дарояд. 44Аз ин рӯ, шумо низ бояд барои омадани Писари Одамизод ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки мунтазираш нестед.
Хизматгорони бовафо ва бевафо
45Хизматгори бовафо ва дурандеш кист? Касест, ки хӯҷаинаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъйин мекунад ва ба хизматгорон саривақт хӯрок доданро ба ӯҳдааш мегузорад. 46Хушо хизматгоре, ки хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор меёбад. 47Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки хӯҷаинаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъйин менамояд. 48Аммо агар вай хизматгори бад бошад, фикр мекунад, ки хӯҷаинаш дер меояд ва 49хизматгорони дигарро латукӯб карда, ҳамроҳи майпарастон машғули хӯрдану нӯшидан мешавад. 50Хӯҷаини он хизматгор дар рӯзе ки вай мунтазир нест ва дар соате, ки гумон надорад, омада 51ин хизматгорро ду пора мекунад ва ӯро ба ҷое, ки дурӯяҳо аз дард дандон ба дандон зада гиря мекунанд, мепартояд».

Currently Selected:

Матто* 24: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in