Матто* 21
21
Ба Уршалим бо тантана ворид шудани Исо
1Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Уршалим наздик шуда, ба деҳаи Байт-Фоҷии назди кӯҳи Зайтун расиданд. Сипас, Исо ду шогирдашро пешопеши Худ фиристода, 2ба онҳо чунин гуфт: «Ба деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи шумост, равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, модахари басташудаеро бо бачааш меёбед. Онҳоро кушода, назди Ман биёред. 3Агар касе ягон чиз пурсад, гӯед, ки онҳо ба Худованд даркор шуданд ва ӯ даррав барои бурдан иҷозат медиҳад».
4Ин ҳодиса барои ба амал омадани суханони пайғамбар рӯй дод, ки чунин гуфта буд:
5«Ба сокинони шаҳри Уршалим бигӯед:
„Бинед, Шоҳи шумо ба наздатон омада истодааст.
Шоҳи хоксор, ки харсавор аст,
болои бачаи модахаре омада истодааст“».#21:5 Закарё 9:9
6Инак, ду шогирдаш рафта гуфтаи Исоро иҷро карданд. 7Онҳо модахарро бо бачааш оварда, ҷомаҳои худро ба болои онҳо партофтанд ва Исо савор шуд. 8Мардуми зиёде, ки бо Исо буданд, ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, баъзеашон бошанд, навдаҳои дарахтонро бурида, аз рӯйи ҳурмат сари роҳаш мегузоштанд. 9Мардум аз пешу қафои Исо роҳравон бо овози баланд дод мезаданд:
«Шаъну шараф ба насли Довуд!
Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд!
Шаъну шараф ба Худо дар осмон!»#21:9 Забур 117:25-26
10Вақте ки Ӯ ба Уршалим ворид гашт, тамоми шаҳр ба ҳаяҷон омад. Одамон «Ин кист?» гуфта мепурсиданд. 11Мардуме, ки аз пайи Исо меомаданд, ҷавоб медоданд, ки ин Исо пайғамбар, аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил аст.
Пок кардани маъбади Худо
12Сипас, Исо ба ҳавлии маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки бо харидуфурӯш машғул буданд, аз он ҷо берун ронд. Мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа карда 13гуфт: «Худо дар навиштаҷот гуфтааст, ки „Хонаи Ман хонаи дуо номида мешавад“.#21:13 Ишаъё 56:7 Аммо шумо онро ба дуздхона табдил додаед».
14Дар маъбади Худо кӯрон ва лангон назди Исо омаданд ва Ӯ онҳоро шифо дод.
15Коҳинони калон ва устодони шариат бо дидани муъҷизаҳои аҷоиби Исо ва аз шунидани садои кӯдакон, ки дар маъбади Худо «Шаъну шараф ба насли Довуд!» дод зада мегуфтанд, ба ғазаб омаданд. 16Онҳо ба Вай гуфтанд: «Магар Ту намешунавӣ, ки кӯдакон чӣ гуфта истодаанд?»
«Албатта мешунавам, – ҷавоб дод Исо ва илова кард, – Магар шумо дар навиштаҷот ин гуфтаҳоро нахондаед:
„Аз забони кӯдакону тифлҳои ширхӯр ситоишро ба вуҷуд овардаӣ“?»#21:16 Забур 8:3
17Бо ин суханон Исо онҳоро тарк карда, аз шаҳр берун шуд ва ба деҳаи Байт-Анё рафта, шабро дар он ҷо гузаронд.
Хушк шудани дарахти анҷир
18Субҳидам Исо ҳангоми бозгашт ба шаҳр дар роҳ гурусна монд. 19Ӯ дар сари роҳаш дарахти анҷиреро дида, назди он омад. Аммо ба ғайр аз баргҳо дар он ягон мевае наёфта, ба дарахт гуфт: «Акнун, ту ҳаргиз мева нахоҳӣ дод». Ҳамон замон дарахт аз бехаш хушк шуд.
20Шогирдон ин ҳодисаро дида, бо тааҷҷуб пурсиданд: «Чӣ гуна дарахти анҷир дар як лаҳза хушк шуд?» 21Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар имон дошта бошеду шубҳа накунед, он гоҳ он кореро, ки Ман бо дарахти анҷир кардам, шумо ҳам карда метавонед. На фақат ин корро, балки агар шумо ҳатто ба ин кӯҳ бархеста худро ба баҳр парто, гӯед, суханатон иҷро мешавад. 22Агар шумо бовар кунед, он гоҳ ҳар чи дар дуо талаб кунед, ба даст меоваред».
Савол дар бораи ҳуқуқи Исо
23Вақте ки Исо ба маъбади Худо баргашта, ба таълимдиҳӣ машғул шуд, коҳинони калон ва пирони қавм ба наздаш омада пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунӣ? Кӣ ба Ту ин ҳуқуқро додааст?» 24Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо як саволе дорам. Агар ба он ҷавоб диҳед, он гоҳ мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ чунин корҳоро мекунам. 25Бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?»
Онҳо байни якдигар баҳс карда гуфтанд: «Агар „Худо дода буд“ гӯем, Ӯ мепурсад, ки чаро ба Яҳё бовар накардем. 26Аммо агар „инсон“ гӯем, халқ зидди мо мебарояд, чунки ба пайғамбар будани Яҳё имон дорад». 27Оқибат, онҳо ба Исо «намедонем» гуфта ҷавоб доданд.
Ӯ низ ба онҳо гуфт: «Пас, Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам.
Масал дар бораи ду писар
28Дар бораи ин ҳикоя чӣ фикр доред? Марде ду писар дошт. Рӯзе вай пеши писари калонӣ омада мегӯяд: „Писарам, имрӯз ба токзор рафта кор кун“. 29Писараш бошад, „намеравам“ мегӯяд. Лекин баъдтар аз фикраш гашта ба токзор меравад. 30Падар рафта, аз писари дуюмаш хоҳиш мекунад. Писари дуюмаш „хуб шудааст“ гуфта ҷавоб медиҳад, лекин намеравад». 31Исо аз коҳинони калон ва пирони қавм пурсид: «Инак, кадоме аз писарон хости падарашро иҷро кард?»
«Писари калониаш», – ҷавоб доданд онҳо.
Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки андозгирон ва фоҳишагон пеш аз шумо ба Подшоҳии Худо медароянд. 32Зеро Яҳёи Таъмиддиҳанда ба назди шумо барои роҳи ростро нишон додан омад, аммо шумо ба ӯ бовар накардед, андозгирон ва фоҳишагон бошанд, бовар карданд. Ҳатто баъд аз дидани ҳамаи ин шумо аз фикратон нагаштед ва бовар накардед.
Масал дар бораи иҷоракорон
33Ба масали дигаре гӯш андозед. Марде токзоре бунёд карда, дар гирдаш девор сохт. Сипас, ҳавзчае барои фишурдани ангур тайёр кард ва дидбонгоҳ сохт. Баъд токзорашро ба чанд нафар иҷора дода, ба кишвари дигар сафар кард.
34Бо фаро расидани мавсими ҳосилғундорӣ соҳиби токзор барои гирифтани ҳаққи ҳосил хизматгоронашро назди токпарварон фиристод. 35Аммо онҳо хизматгорони ӯро дастгир карда, якеро зада, дигареро кушта, сеюмиро сангсор карданд. 36Соҳиби токзор аз дафъаи аввал дида бештар хизматгоронашро фиристод. Аммо токпарварон бо онҳо низ чунин рафтор карданд. 37Оқибат соҳиби токзор „писарамро ҳатман иззату эҳтиром мекунанд“ гуфта, писарашро назди онҳо фиристод. 38Лекин токпарварон писарро дида, ба якдигар гуфтанд: „Вай меросхӯр аст! Биёед, ӯро кушта, соҳиби мерос мешавем!“ 39Бо ин қарор онҳо писарро дошта, вайро аз токзор берун бароварда куштанд».
40Баъд Исо савол дод: «Вақте ки худи соҳиби токзор баргардад, бо ин токпарварон чӣ гуна рафтор мекунад?» 41Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ҳатман он бадкоронро бераҳмона хоҳад кушт. Токзорро бошад, ба токпарварони дигар месупорад, ки ҳаққи ҳосилро саривақт диҳанд».
42Исо ба онҳо гуфт: «Магар шумо дар навиштаҷот чунин гуфтаҳоро боре ҳам нахондаед:
„Он сангеро, ки бинокорон нодаркор ҳисоб карда, як сӯ партофтанд,
санги асосии таҳкурсии бино гардид.
Ин кори Худованд аст
ва ба назарамон аҷиб менамояд“.#21:42 Забур 117:22-23
43Бинобар ин, ба шумо мегӯям, ки Подшоҳии Худо аз шумо гирифта мешавад ва ба халқе дода мешавад, ки онҳо ба Худо итоат карда, самаре мебиёранд, ки сазовори Подшоҳии Худо аст. 44Ҳар касе, ки ба болои он санг меғалтад, майда-майда мешавад ва агар ин санг ба болои касе афтад, вайро маҷақ мекунад».
45Коҳинони калон ва фарисиён масалҳои Исоро шунида, фаҳмиданд, ки Вай дар бораи онҳо сухан меронад. 46Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир намоянд, аммо аз мардуми ҷамъомада тарсиданд, чунки онҳо Исоро пайғамбар меҳисобиданд.
Currently Selected:
Матто* 21: KMO
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад