Матто* 20
20
Масал дар бораи мардикорони токзор
1Исо суханашро давом дода гуфт: «Подшоҳии Худоро чунин тасвир кардан мумкин аст: як заминдор барои ба токзораш киро кардани мардикорон саҳарии барвақт берун рафт. 2Ӯ якчанд мардикорро ёфта, онҳоро якдинорӣ ба рӯзи кориашон киро карду ба токзораш фиристод. 3Соати қариби нуҳ вай дар бозор мардикорони дигарро дида, 4ба онҳо гуфт: „Шумо ҳам ба токзори ман рафта кор кунед, баъд ман музди коратонро медиҳам“. 5Онҳо рафтанд. Заминдор соатҳои қариб дувоздаҳ ва се низ рафта мардикоронро киро кард. 6Қариби соати панҷ буд, ки вай боз якчанд мардикорро дида пурсид: „Чаро шумо тамоми рӯзатонро бекор гузаронда истодаед?“ 7Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: „Касе моро киро накард“. Сипас, соҳиби токзор гуфт: „Шумо ҳам ба токзори ман рафта кор кунед“.
8Чун шом расид, соҳиби токзор ба назоратчиаш гуфт: „Рафта мардикоронро даъват карда, музди корашонро деҳ. Аз онҳое, ки охирин киро кардам, сар кунед“. 9Мардикороне, ки соати панҷ киро шуда буданд, ҳар кадоме якдинорӣ музд гирифтанд. 10Вақте ки аввалин кирошудагон омаданд, фикр карданд, ки бештар музд мегиранд, аммо ҳар кадоме аз онҳо низ якдинорӣ гирифтанд. 11Онҳо пулашонро гирифта, аз соҳиби токзор шикоят карданд: 12„Онҳое, ки охирин киро шуда буданд, фақат як соат кор карданд. Мо бошем, дар офтоби сӯзон рӯзи дароз кор кардему шумо ба онҳо баробари мо музд додед!“ 13Лекин соҳиби токзор ба яке аз онҳо ҷавоб дода гуфт: „Эй рафиқ! Ман ҳаққатро нахӯрдаам. Магар худат розӣ нашудӣ, ки барои як рӯзи кориат як динор диҳам? 14Пулатро гиру рав. Ба ин марде, ки охирин киро кардам, хостам баробари ту музд диҳам. 15Магар ман ҳақ надорам, ки бо пулам ҳар чи хоҳам кунам? Ё ба саховатмандии ман ҳасад мебарӣ?“»
16Дар хотима Исо гуфт: «Пас охиронҳо аввалин мешаванд ва аввалинҳо охирин».
Пешгӯйии сеюмини Исо дар бораи марги Худ
17Исо ба сӯйи Уршалим роҳравон шогирдонашро ба як тарафе бурда танҳо ба онҳо гуфт: 18«Мо ба Уршалим рафта истодаем. Дар он ҷо Писари Одамизод ба дасти коҳинони калон ва устодони шариат супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда, 19ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд. Ғайрияҳудиён Ӯро масхараву қамчинкорӣ карда, оқибат ба салиб мехкӯб менамоянд. Лекин Вай дар рӯзи сеюм зинда мешавад».
Хоҳиши як модар
20Дар ин миён зани Забдой бо ду писараш назди Исо омада, ба Ӯ таъзим карда чизе хоҳиш карданӣ шуд.
21Исо пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ?» Зан ҷавоб дод: «Мехоҳам, ҳангоми подшоҳӣ карданат амр кунӣ, ки ин ду писари ман аз тарафи росту чапи Ту бишинанд».
22Исо ба писарони зан гуфт: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косаи азобе, ки Ман менӯшам, шумо нӯшида метавонед?»
«Метавонем», – ҷавоб доданд онҳо.
23Ӯ гуфт: «Бале, шумо дар ҳақиқат аз косаи Ман хоҳед нӯшид. Аммо ба интихоб кардани он касоне, ки аз дасти росту чапи Ман мешинанд, ҳақ надорам. Ин ҷойҳо насиби онҳое мешаванд, ки Падарам барояшон тайёр кардааст».
24Даҳ шогирди дигар инро шунида, аз ин ду бародар сахт ба ғазаб омаданд. 25Он гоҳ Исо ҳамаи онҳоро ба наздаш даъват карда гуфт: «Шумо медонед, ки подшоҳон ва ҳокимон ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро бар онҳо мегузаронанд. 26Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс, ҳар касе ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори дигарон бошад 27ва ҳар касе ки мехоҳад дар пеш истад, бояд ғуломи дигарон бошад. 28Ҳамчунин Ман, Писари Одамизод наомадаам, ки ба Ман хизмат кунанд. Ман омадаам, ки ба дигарон хизмат кунам ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонамро фидо кунам».
Шифо ёфтани ду марди нобино
29Ҳангоме ки Исо бо шогирдонаш аз шаҳри Ариҳо ба роҳ баромад, мардуми зиёде аз пайи Ӯ рафтанд. 30Ду нобиное дар канори роҳ менишастанд. Онҳо гузаштани Исоро шунида, зуд фарёд заданд: «Эй Хоҷа, эй насли Довуд! Ба мо раҳм кун!»
31Мардум бошанд, онҳоро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Аммо онҳо боз баландтар дод зада мегуфтанд: «Эй насли Довуд! Эй Хоҷа, ба мо раҳм кун!»
32Исо аз роҳаш бозистода онҳоро ба наздаш хонд ва пурсид: «Шумо чӣ мехоҳед? Бароятон чӣ кор кунам?» 33Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Эй Хоҷа, мехоҳем, ки чашмонамонро бино кунӣ».
34Дили Исо ба ҳоли онҳо сӯхту ба чашмонашон даст гузошт. Худи ҳамон лаҳза чашмони он ду мард бино шуданд ва онҳо аз паси Исо рафтанд.
Currently Selected:
Матто* 20: KMO
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад