Матто* 19
19
Дар бораи талоқ
1Исо суханонашро ба охир расонда, аз вилояти Ҷалил сӯйи сарзамини Яҳудия, ки дар тарафи дигари Урдун ҷойгир буд, раҳсипор шуд. 2Мардуми бисёре аз паси Ӯ рафтанд ва Ӯ онҳоро шифо дод.
3Фарисиён Исоро санҷиданӣ шуда пурсиданд: «Оё аз рӯйи шариат мумкин аст, ки мард бо ҳар сабаб аз занаш ҷудо шавад?» 4Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки Офарандаи одамизод аз ибтидо „онҳоро мард ва зан офарид“?#19:4 Ҳастӣ 1:27 5Боз дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Аз ҳамин сабаб мард падару модари худро гузошта, ба зани худ мепайвандад ва онҳо як тан мешаванд“.#19:5 Ҳастӣ 2:24 6Акнун онҳо на ду тан, балки як тан мебошанд. Пас бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст».
7Фарисиён боз пурсиданд: «Пас чаро Мусо фармудааст, ки барои ҷудо шудан мард ба занаш талоқномае дода, аз ӯ ҷудо шавад?»#19:7 Такрори Шариат 24:1, 3 8Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Ба сабаби кундфаҳмию саркашиатон Мусо иҷозати ҷудо шуданро додааст, аммо аз аввал ин тавр набуд. 9Ман ба шумо мегӯям, ки агар марде бо ҳар сабабе, ғайр аз зино аз занаш ҷудо шуда, зани дигар гирад, зинокор аст».
10Шогирдони Исо гуфтанд: «Устод, агар вазифаи шавҳар нисбат ба зан ин хел бошад, он гоҳ ба мард беҳтар аст, ки тамоман зан нагирад». 11«На ҳама ин гуфтаҳоро қабул карда метавонанд, – ҷавоб дод Ӯ, – фақат касоне, ки Худо ба онҳо чунин қобилият додааст, онро қабул мекунанд. 12Зеро баъзеҳо мисли ахташуда таваллуд мешаванду зан намегиранд, баъзеҳоро одамон ахта мекунанд ва баъзеҳо бо нияти ба Худо хизмат кардан зан намегиранд. Бигзор касе, ки ин гуфтаҳоро қабул карда метавонад, қабул кунад».
Исо ва кӯдакон
13Ҳамон вақт ба назди Исо кӯдаконро оварданд, то ки Ӯ ба сари онҳо даст гузошта барояшон дуо кунад. Шогирдон инро дида, падару модаронро сарзаниш намуданд. 14Аммо Исо гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Подшоҳии Худо насиби онҳоест, ки мисли кӯдак ҳастанд». 15Баъд ба сари кӯдакон даст гузошта, барояшон дуо карда аз он ҷо рафт.
Марди сарватманд
16Боре як мард пеши Исо омада, аз Ӯ пурсид: «Устод, барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ некие бояд кунам?» 17Ба вай гуфт: «Чаро дар бораи некӯӣ аз Ман мепурсӣ? Танҳо Худо нек аст. Агар хоҳӣ, ки ҳаёти абадӣ насибат гардад, фармудаҳоро риоя намо». 18«Кадом фармудаҳоро?» – пурсид мард.
Исо қонунҳои асосиро номбар кард: «Қатл накун, зино накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, 19падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо ва дигаронро мисли худат дӯст бидор».#19:19 Хуруҷ 20:12-16; Такрори Шариат 5:16-20; Ибодат 19:18 20Ҷавонмард ҷавоб дод: «То ба имрӯз ҳамаи ин фармоишҳоро риоя кардаам. Ғайр аз ин боз чӣ кор карданам лозим аст?» 21Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ, ки комил бошӣ, рафта, тамоми молу мулкатро фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кун. Он гоҳ сарват дар осмон пайдо мекунӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
22Ҷавонмард хеле сарватманд буд, бинобар ин аз шунидани ин суханон андӯҳгин гашта, аз он ҷо рафт.
23Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба Подшоҳии Худо даромадани шахси сарватманд бениҳоят душвор аст. 24Боз мегӯям, ки аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он ки шахси сарватманд ба Подшоҳии Худо дарояд».
25Шунидани ин суханон шогирдонро ба ҳайрат оварду онҳо пурсиданд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» 26Исо ба шогирдонаш бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Барои одамизод ин кор ғайриимкон аст, вале барои Худо ҳама чиз имконпазир аст».
27Он гоҳ Петрус гуфт: «Мо аз баҳри ҳама чиз гузашта, Туро пайравӣ кардем. Бо мо чӣ мешавад?» 28Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, вақте ки дунё нав мешаваду Писари Одамизод бар тахти пуршукӯҳи Худ мешинад, дувоздаҳ нафари шумо низ ки Маро пайравӣ кардаед, бар тахтҳо нишаста ба дувоздаҳ қабилаи Исроил ҳукмронӣ мекунед. 29Инчунин, ҳар касе ки барои Ман шуда аз баҳри хонаҳо, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, ҳамаи инро сад маротиба зиёдтар пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣ низ насибаш мегардад. 30Лекин бисёр аввалинҳо охирон мешаванд ва охиринҳо аввалин».
Currently Selected:
Матто* 19: KMO
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад