YouVersion Logo
Search Icon

Матто* 11

11
Омадани шогирдони Яҳё
1Исо ба дувоздаҳ шогирдаш вазифа дода, аз он ҷо ба шаҳрҳои гирду атроф барои таълим додан ва эълон кардани хушхабар равона шуд.
2Вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда дар зиндон менишаст, хабари корҳои Масеҳ ба гӯшаш расид. Он гоҳ ӯ чанд нафар шогирдашро назди Исо фиристод. 3Онҳо омада аз Исо пурсиданд: «Оё Ту ҳамон шахсе ҳастӣ, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»
4Исо ба онҳо дар ҷавоб гуфт: «Он чи мешунаведу мебинед, рафта ба Яҳё нақл кунед. 5Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаваду лангон роҳ мегарданд, нафароне, ки гирифтори бемории пӯстанд, пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдагон зинда мешаванд ва ба бечорагон хушхабар эълон карда мешавад. 6Пас хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».
7Ҳангоме ки шогирдони Яҳё ба роҳ даромаданд, Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад? 8Бигӯед, чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси қимат мепӯшад? Охир, онҳое ки либоси қимат мепӯшанд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд. 9Барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед. 10Яҳё ҳамон шахсест, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфтааст:
„Ман пешопеши Ту хабаррасони Худро мефиристам,
то барои омаданат роҳ тайёр кунад“.#11:10 Малокӣ 3:1
11Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳёи Таъмиддиҳанда касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар Подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст. 12Аз замони Яҳёи Таъмиддиҳанда то имрӯз Подшоҳии Худо ба зӯроварӣ дучор шудааст ва одамони боқудрат онро зӯран ба даст меоранд. 13Дар навиштаҷоти пайғамбарон ва шариати Мусо то замони Яҳё пешгӯйиҳо омадаанд. 14Агар шумо ба гуфтаҳои онҳо бовар кардан хоҳед, Яҳё ҳамон Илёс пайғамбар аст, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд. 15Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!
16Лекин ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд: 17„Мо бароятон най навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, нагиристед“. 18Ҳамчунин Яҳё омада, рӯза медошт ва май наменӯшид, аммо ҳама мегуфтанд, ки ӯ ҷин дорад. 19Баъд Писари Одамизод омад, ки ҳам мехӯраду ҳам менӯшад, лекин ҳама мегӯянд: „Ӯ марди пурхӯру бадмаст ва дӯсти андозгирону гунаҳкорон аст!“ Лекин дуруст будани ҳикмати Худо аз натиҷаҳояш маълум мегардад».
Шаҳрҳое, ки тавба накарданд
20Аҳолии шаҳрҳое, ки дар он Исо мӯъҷизоти зиёд нишон дода буд, тавба накарданд ва аз гуноҳҳояшон даст накашиданд. Бино бар ин, Исо онҳоро таъна зада гуфт: 21«Эй аҳли Кӯразину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои пургуноҳи Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси мотам пӯшида, мӯйканон нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд. 22Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми Сур ва Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд! 23Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум! Гумон мекунед, ки сари шумо то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. Зеро, агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳри Садум рӯй медод, ин шаҳр то ҳол аз рӯйи замин нест намешуд. 24Лекин Ман ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми Садум аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд!»
Ваъдаи оромӣ
25Сипас, Исо гуфт: «Эй Падар, эй Худованди замину осмон, ба Ту шукр мегӯям, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пинҳон кардию ба одамони одӣ ошкор сохтӣ. 26Бале, эй Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд.
27Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро намешиносад. Инчунин, ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар мехоҳад Падарро барояшон зоҳир созад.
28Эй ҳамаи касоне, ки аз бори вазнин монда шудаед, ба назди Ман биёед ва Ман ба шумо оромӣ мебахшам. 29Чуноне ки барзагов юғро бар гардан гирифта, бор мекашонад, шумо низ юғи Маро бар гардани худ монед. Ман нармдилу хоксор ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт. 30Зеро юғи Ман осон ва бори Ман сабук аст».

Currently Selected:

Матто* 11: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in