Луқо* 6:27-49
Луқо* 6:27-49 KMO
Ман ба шумо, ки суханамро мешунавед, мегӯям: душманонатонро дӯст доред ва ба онҳое, ки аз шумо нафрат доранд, некӣ кунед, барои онҳое, ки шуморо лаънат мекунанд, баракат талабед ва барои онҳое, ки ба шумо бадӣ мекунанд, дуои хайр гӯед. Агар касе ба як тарафи рӯятон занад, тарафи дигари рӯятонро ба ӯ гардонед ва агар касе ҷомаатонро кашида гирад, монед, ки куртаатонро ҳам бигирад. Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, онро ба ӯ диҳед ва ҳар кӣ чизи шуморо бигирад, баргардондани онро талаб накунед. Пас, ҳар рафтореро, ки аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати дигарон рафтор кунед. Агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ ҷойи таъриф? Зеро гунаҳкорон ҳам дӯстдорони худро дӯст медоранд. Агар фақат ба касоне, ки ба шумо некӣ мекунанд, некӣ кунед, шумо чӣ ифтихоре доред? Зеро гунаҳкорон низ ҳамин тавр рафтор мекунанд. Агар ба касе қарз диҳеду умеди пас гирифтани онро дошта бошед, чӣ фоида дорад? Зеро гунаҳкорон низ ба гунаҳкорон қарз дода, интизори пас гирифтани он ҳастанд. Вале шумо душманонатонро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳеду интизори гирифтани он нашавед. Он гоҳ мукофоти бузурге насибатон гашта, фарзандони Худои Таоло хоҳед буд. Зеро Худо ба одамони бад ва кӯрнамак ҳам меҳрубонӣ мекунад. Пас, ҳамон тавре ки Падари шумо раҳмдил аст, шумо низ раҳмдил бошед. Дигаронро айбдор накунед ва шумо низ айбдор карда намешавед. Ҳукм накунед ва ба ҳукм дучор намешавед. Ҳамаро бубахшед ва шумо низ бахшида мешавед. Бидиҳед ва ба шумо низ дода мешавад: то ба андозаи зиёди ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрезшуда ба шумо дода мешавад, зеро бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг барои шумо бармекашанд». Ҳамчунин Ӯ масалеро ба онҳо гуфт: «Оё як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон дода метавонад? Магар ҳар дуяшон ба чоҳ намеафтанд? Шогирд аз устодаш баландтар нест. Аммо вақте ки пурра таълим мегирад, монанди устодаш мешавад. Чаро шумо хасро дар чашми бародари худ мебинеду кундаро, ки дар чашми худатон ҳаст, намебинед? Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон мегӯед: „Эй бародар, иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, вақте ки кундаро дар чашми худ намебинед? Эй дурӯяҳо! Аввал кундаро аз чашми худатон бароред, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред. Ҳаргиз дарахти хуб меваи бад ва ё дарахти бад меваи хуб намедиҳад. Чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад. Аз буттаи хор анҷир намечинанд ва ё ҳосили ангур намегиранд. Шахси нек аз хазинаи неки дилаш некиро ва шахси бад аз хазинаи бади дилаш бадиро мебарорад, зеро он чизе ки дар дилатон ҳаст, лабрез шуда, аз забонатон берун меояд. Чаро Маро „Хоҷа! Хоҷа!“ меномеду гуфтаҳоямро иҷро намекунед? Ҳоло ба шумо ба кӣ монанд будани касеро мефаҳмонам, ки пеши Ман омада, гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад. Ӯ ба одаме монанд аст, ки барои сохтани хонааш заминро чуқур канда, пойдеворашро болои санге мегузорад. Ҳангоме ки обхезӣ мешаваду оби дарё хонаро зер мекунад, ба он ҳеҷ осебе намерасад, чунки пойдевораш мустаҳкам сохта шудааст. Аммо касе, ки гуфтаҳои Маро мешунавад, вале иҷро намекунад, ба одаме монанд аст, ки хонаашро бе пойдевор дар рӯйи хок сохтааст. Пас, вақте оби дарё хонаро зер мекунад, он ба зудӣ фурӯ рафта несту нобуд мешавад».